Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Дар рӯзи аввали тобистон дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад Июнь 1, 2022 08:10

ОБУ ҲАВО: Дар рӯзи аввали тобистон дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад Июнь 1, 2022 08:10

1-06-2022, 09:30
Хабарро хонданд: 86 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Дар рӯзи аввали тобистон дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад Июнь 1, 2022 08:10
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар рӯзи аввали тобистон- 1 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: