Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ян Гуанбин-«Ҷаҳон пешорўи тағйироти бунёдӣ истодааст»

Ян Гуанбин-«Ҷаҳон пешорўи тағйироти бунёдӣ истодааст»

23-05-2022, 08:30
Хабарро хонданд: 126 нафар
Назарҳо: 0
Ян Гуанбин-«Ҷаҳон пешорўи тағйироти бунёдӣ истодааст»

Садсолаи ахир русҳо бо тартиботи ҷаҳоние, ки дар он Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пештоз буданд, мубориза мебурданд. Ба ақидаи Ян Гуанбин, ректори Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи мардумии Чин, ин маротиба онҳо «амалиёти махсус»-ро барои он сар карданд, то амнияти миллии худро дар қиболи тамоми олами Ғарб ҳимоят кунанд.
Аз оғози буҳрони Русияву Украина, Ғарб як қатор таҳримҳои зиёд алайҳи Русия ҷорӣ намуд. Аммо, тибқи ақидаи президент Владимир Путин, ин чораҳо анҷоми давронро ифода мекунад ва баъд аз ин олами Ғарб ҳукмронии ҷаҳонии худро, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ, аз даст хоҳад дод. Ташаббуси Русия бошад, ҳамчунин мубориза алайҳи тартиботи ҷаҳонӣ ба қалам дода мешавад:
-Ба ақидаи ман,-мегўяд коршиноси чинӣ,-муборизаи Русия на аз буҳрони украинӣ оғоз гардидааст, балки як қарни том идома дорад. Ва ин маротиба кишварҳои аврупоӣ ва Амрико нархи гаронро пардохт хоҳанд кард.
Русия-шоҳигариест, ки тўли қарнҳои мубориза ба империяи дорои ҳудуди бузургтарини олам табдил шудааст. Оғози қарни 20 кишваркушои (забткорӣ)-ҳои он ба буҳрон мувоҷеҳ гардид: англосаксҳо системаи ҷаҳониеро рўйи кор оварданд, ки мавқеи русҳо тағйир дода шуд-акнун онҳо аз кишваркушоён ба «ошўбгарон» табдил ёфтанд.
Тамоми садсолаи гузашта русҳо бо системаи ҷаҳонии капитализм, ки англосаксонҳои сафедпўсти насронӣ бунёд кардаанд, мубориза мебурданд. Ин таърихи сиёсии ҷаҳон пешакӣ ба нақша гирифта нашуда буд ва натиҷаи тағйирёбӣ дар тартиботи ҷаҳонӣ таърихи бисёрасраи мубориза миёни славянҳо-русҳо ва англосаксҳо аст.
Буҳрони русӣ-украинӣ, албатта, ҳанўз анҷоми ин муборизаҳо нест.

Тартиботи нави ҷаҳонӣ ва мубориза барои ҳукмронӣ
Наздики соли 1875 системаи ҷаҳонии иқтисодии капиталистӣ бо сарварии Британияи Кабир дар умум шакли пурра гирифт. Яъне, ба англисҳо 200 сол лозим шуд, ки тартиботи ҳукмронии худро ҷорӣ кунанд. Баъд аз анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ парчами сарварият ба амрикоиҳо супурда шуд. Инак, тўли 300 сол англосаксҳо тартиботи ҷаҳониро идора мекунанд.
Хусусияти ин система, пеш аз ҳама, дар бераҳмии ўст. Тибқи гуфтаҳои Уилям Макнил, асосгузори назарияи макротаърихи ҷаҳонӣ, миёни миллатҳои кишваркушо англосаксҳо аз ҳама ҷангҷў, хунхор ва бераҳм буданд.
Дуввум хусусияти ин система-набудани баробарҳуқуқист. Капитализм-иқтисодиётест, ки дар тақсимоти нобаробари сармоя асос ёфтааст. Хусусияти саввум-бунёди ҳарбист. Сохтори сиёсӣ ва иқтисодие, ки замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ рўйи кор омад-онро амрикоиҳо комплекси ҳарбӣ-саноатӣ меноманд. Асоси мавҷудияти чунин сохтор ҷанг мебошад.
Хусусияти чорум-таснифоти овардашуда исбот мекунанд, ки васеъшавӣ, ё забткорӣ табиати ин система ва ҷанг-асоси тарзи ҳаёт аст.
На ҳама аз ҳукмронии англосаксҳо дар дунё «хушбахту» розӣ буданд. Аввалан, дар дохили тамаддуни ғарбӣ ҳам норозиҳо вуҷуд доштанд. Оғози қарни XIX императори фаронсавӣ Бонапарт Наполен барои авлавият (гегемония) мубориза мебурд. Олмониҳо, ки «сад соли сулҳ»-ро паси сар карданд, бо англисҳо дар ду ҷанги ҷаҳонӣ рақиб буданд. Ба мубориза барои сарварият ҷопониҳо низ дар Шарқ ҳамроҳ шуданд. Аммо пас аз мағлубият ҳамаи онҳо маҷбур шуданд ба системаи ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии англосаксҳо мутеъ ва розӣ шаванд. Аммо бояд гуфт, фаронсавиҳо, олмониҳо ва ҷопониҳо на барои сарнагун кардани иқтисодиёти ҷаҳонии капиталистӣ (чун худ аъзои муқтадири он буданд), балки барои мавқеи сарварияти худ мубориза мебурданд.
Пеш зиёд ҳарф мезаданд, ки муборизаи «абарқудрати дуввум»-Иттиҳоди Шўравӣ ба нокомӣ анҷом ёфт, аммо ин назар масъалаи ояндабинии таърихист. Аз нуқтаи назари системаи сиёсии ҷаҳонӣ пайдоиши Иттиҳоди Шўравӣ, бо миллати рус, ҳамчун қувваи асосии таҳрикдиҳанда, бешубҳа, комёбии бузургест, ки системаи сиёсии ҷаҳониро, ки англосаксҳо ҳукмрони он буданд, ба таккон овард.

Пайдоиши Иттиҳоди Шўравӣ ва азнавсозии тартиботи ҷаҳонӣ
Режими шўравӣ, ки давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ рўйи кор омад, нахустин сохтор пас аз Коммунаи Париж гардид, ки алайҳи системаи ҷаҳонии капитализм муқовимат мекард. Барои ҳамин, аз оғоз (солҳои 1917-20) режими нав муҳосира ва аз ҷониби артиши сафед, ки аз ҷониби Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон дастгирӣ меёфт, пахш гардид, аммо мубориза дар натиҷа бо ғалабаи Артиши сурх анҷом ёфт.

Аммо сангинии таҳримҳои иқтисодӣ, ки алайҳи давлати нав ҷорӣ шуда буд, аз таҳримҳое, ки имрўз нисбати Русия вобаста ба буҳрони имрўзаи русӣ-украинӣ аз ҷониби Ғарб роҳандозӣ шудаанд, камӣ надошт. Дар шароити чунин муҳити вахими байналмилалӣ русҳо шак доштанд, ки оё метавонанд сотсиализмро бунёд кунанд? Баъд аз ба анҷом расонидани «азнавсозии иқтисодии коммунизми ҳарбӣ» ғалабаи Иттиҳоди Шўравӣ алайҳи фашизм исбот намуд, ки баъд аз даҳсолаҳо муборизаи дар танҳоӣ, ИҶШС аз кишвари қафомондаи кишоварзӣ ба қудрати рушдёфтаи саноатӣ (аз рўи миқёс ва ҳаҷми корхонаҳои саноатӣ) табдил ёфт, ки танҳо Амрико аз он пурқувваттар буд. Аммо, иштибоҳот ҳам домангираш буд. Аз сабаби муҳосира ва муҳити сахт душманонаи ҷаҳони капиталистӣ Иттиҳоди Шўравӣ ба як қатор иштибоҳ роҳ дод, ки ин «террори калон» ва фоҷиаи гуруснагии бузург дар Украина, Поволжйе ва Дашти Қазоқ буд.
Иттиҳоди Шўравӣ барои муқовимат бо системаи ҷаҳонии капитализм нархи бузургро пардохт, аммо мавҷудияти худро ҳифз кард, «зинда монд». Зиёда аз ин, «Инқилоби Октябр таҳти садои тўпҳо ба Чин марксизм-ленинизмро овард» ва дар Чин, ки дар гўшаи дурдасттарини олами сармоядории ғарбӣ буд, режими нав рўйи кор омад, ки алайҳи «истилогарӣ» буд. Боз як нуктаи муҳим он аст, ки ба шарофати ҳаракат «барои худмуайянкунии миллӣ», ки Владимир Ленин ин ҳаққи мардумонро ҳифз ва Иттиҳоди Шўравӣ роҳандозӣ мекард, баъд аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ миёни мардумони Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ҳаракатҳои демократии озодихоҳӣ авҷ гирифтанд, ки ба тавлиди давлатҳои нави рў ба рушд оварда расонд.
Ҳамин тариқ, ин дар давраи аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ то Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ на танҳо системаи ҷаҳонии капиталистиро бардарид, балки системаи ҷаҳонии сотсиализмро рўйи кор овард, ки муқобили олами сармоя қарор гирифт. Ба ин минвол, он вазъеро тағйир дод, ки дар он англосаксҳо аз солҳои 1700 то 1900-ум дар ҷаҳон ҳукмрон буданд. Иттиҳоди Шўравӣ тартиботи ҷаҳониро тағйир дод, пас кӣ метавонад гўяд, ки сохтори шўравӣ, идеологияи он ноком буд?
Русҳо, ҳамчун қувваи асосии таҳрикдиҳандаи Иттиҳоди Шўравӣ, нархи бузургро пардохт карданд-онҳо на танҳо аз «Террори калон» ва гуруснагии бузург гузаштанд, балки, дар натиҷа, соли 1991 пошхўрии давлатро аз сар гузарониданд. Аммо, ҳамаи ин муҳимияти «муқовимат»-ро инкор намекунад ва ҳанўз анҷоми кор нест. Таҳти роҳбарии Иттиҳоди Шўравӣ ячейкаи Интернатсионали Саввум-Ҳизби Коммунистии Чин инқилобро содир кард дар даврони «сиёсати ислоҳот ва ошкорбаёнӣ» дар сохтмон ва идоракунии Чин ба дастовардҳои бузург расид. Миқёс ва комёбиҳои Чин басанда аст, ки номутавозинӣ дар бартарияти капитализм дар тартиботи ҷаҳониро бартараф кунад ва аз ҳама муҳим, сотсиализм метавонад эҳёи бузурги миллати Чинро таъмин созад.
Чунин аст хулосабарориҳои тадқиқоти сиёсии муқоисашаванда. Баъд аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ бисёре аз кишварҳои рў ба рушд, калон ва хурд, ба системаи ҷаҳонии капиталистӣ пайвастанд, аммо мамлакатҳои рў ба рушди дорои аҳолии зиёда аз 100 миллион нафар, чун Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон ва Индонезия дар Осиё, Нигерия ва Эфиопия дар Африқо, Мексика ва Бразилия дар Амрикои Лотинӣ-кадоме аз инҳо то ба сатҳи кишварҳои аврупоӣ рушд карданд? Кадоме аз кишварҳои қафомондаи рў ба рушд намехоҳад ба кишвари мутараққӣ табдил ёбад?
Намунаи равшан Мексика, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамҷавор аст. Вақте соли 1994 Созишнома оид ба минтақаи озоди тиҷоратии Амрикои Шимолӣ ба ҳукми қонун даромад, аҳли зиёи мексикоӣ табли шодӣ заданд, ки «Мексика ба зудӣ мисли Амрико сарватманд хоҳад шуд». Дар натиҷа рушди сиёсӣ-иқтисодӣ бо роҳи Амрико рафт: замин хусусӣ гардонида шуд, фермер (деҳқон)-ҳое, ки заминро аз даст доданд, ё дар минтақаҳои кўҳӣ ба парвариши маводи мухаддир пардохтанд, ё ба таври оммавӣ ба Амрико, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Иқтисодиёти маводи мухаддир буҳрони сиёсати мексикоиро ба бор овард, сиёсатмадорони маҳаллӣ аз нашъаҷаллобӣ «маст» шуданд, таҷовуз дар кишвар авҷ гирифт. Бо чунин ҳамсояи калон, ки хоб рафтаву худро «мурда» вонамуд кардаааст, табиист, ки амрикоиҳо акнун худро озод ҳис мекарданд, «хобашон ором мебурд».
Вале, ин (масъалаи суҳбати дигар бошад), бо муборизаи русҳо алоқамандии зич дорад. Магар бе Инқилоби Октябр сотсиализм дар Чин вуҷуд медошт? Бе сотсиализм чунин фарқият миёни Чин ва мамолики дигари рў ба рушд вуҷуд медошт? Бидуни чунин ҳаводис, дар сурати беҳтарини вазъ Чин танҳо давлати бузургтари рў ба рушд мешуд, мумкин, ҳатто бадтар аз ин, барои он ки демократияи усули амрикоӣ дар умум демократияи ҳизбист, ки аҳзоб миёни худ мубориза бо ҳар роҳу усул мебаранд, демократияи ҳизбӣ механизми институтсионалӣ барои хароб кардани кишварҳо аст-ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки Иттиҳоди Шўравӣ ба 15 давлати мустақил тақсим шуд. Барои қисми ғолиби давлатҳои рў ба рушд демократияи ҳизбӣ дар дохили модели идоракунӣ хатарзо аст ва Амрикоро ҳатто зарур нест «рақобати кишварҳои бузург бо мамолики рў ба рушд»-ро пиёда созанд.

Нокомӣ ва муборизаи такрорӣ барои «интегратсия» ба системаи ҷаҳонӣ
«Интегратсияи» Иттиҳоди Шўравӣ ба системаи ҷаҳонии капиталистӣ на пас аз пошхўрии он, балки замони раҳбарии Михаил Горбачев оғоз гардид. Ду маротиба он ба нокомӣ дучор гардид, дар натиҷа ба русҳо зарур омад, ки бо ИМА тавассути Украина мубориза баранд.

Аввал кўшиши интегратсияи институтсионалӣ буд. Соли 1986 дар иқтисодиёт пайдо шудани «ислоҳотгарони ҷавон» дар симои Анатолий Чубайс раҳбарияти олии ҲКИШ (Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шўравӣ)-ро водор ба боварӣ намуд, ки танҳо иқтисодиёти неолибералӣ метавонад вазъи иқтисодии шўравиро наҷот диҳад. Дар самти сиёсӣ китоби нашргардидаи Горбачев дар соли 1987-«Перестройка и новое мышление» («Бозсозӣ ва тафаккури нав») роҳҳои демократияи намояндагиро муайян сохт. Ин лоиҳа барои интегратсия бо Ғарб равона гардида буд, аммо ба зудӣ сари империяи шўравиро хўрд. Русия, ки захираҳои бузурги Иттиҳоди Шўравиро ба мерос гирифт, хусусигардонии васеъро пиёда сохт, дар натиҷа талафоти иқтисодӣ аз Депрессияи бузург (буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки аз буҳрони биржаҳои Амрико сар зада, тамоми солҳои 30-и қарни 20 идома дошт) ба маротиб ҷиддитар буд. Ин мағлубияти бузурги кишвар буд, ки аз нокомии институтсионалӣ сар зад. Дигар чорае наёфта, бо тани дардманду руҳияи шикаста ва майзадагӣ, соли 1999 президенти аввалини Русия Борис Елтсин Владимир Путин-сарвари сиёсиеро ёфт, ки бояд кишварро наҷот медод. Аммо Русияи елтсинӣ-путинӣ то ҳол дар муҳосира қарор дошт.
Баъдан, бо ибтикори Владимир Путин, боз кўшиши ба НАТО ворид шудан пеш гирифта шуд. Баъд аз пошхўрии Иттиҳои Шўравӣ Русия як замон мехост ба лагери Ғарб бипайвандад, бо тамоми қалб мехост рушд кунад. Амрико ба Русия ваъда дод, ки Созмони Атлантикаи Шимолӣ ба самти шарқ васеъ нахоҳад шуд, ҳар ду тараф осоишта ба сар хоҳанд бурд. Дар натиҷа, ба Русия на танҳо иҷозат надоданд узви НАТО шавад, балки Созмон то ба сарҳади Украина вусъат пайдо кард. Украиниҳо ягон вақт давлати мустақил надоштанд, миллати «хом ва пухтанарасида» ҳастанд, сарварони сиёсии онҳо зуд гапгир мешаванд ва омодаанд ҳамчун сарбози қаторӣ ба ҳуҷум ба Русия хидмат кунанд. Онҳо бевосита ба амнияти миллӣ ва ҳудудии Русия таҳдид мекарданд, ки дар натиҷа худи украиниҳоро қурбонӣ карданд.
Ин муқовимати дуюми бузург аз замони лагери сотсиалистӣ, ки дар натиҷаи Инқилоби Октябр ба вуҷуд омад, аст. Буҳрони русӣ-украинӣ. Ин мубориза дар ҳақиқати ҳол интитутсионалӣ нест-Русия, ба ҳар ҳол, кишвари демократияи интихобист-аммо аз назари Ғарб Русия дар тамаддуне асос ёфтааст, ки дин, менталитет ва хусусиятҳои миллии аз ғарбиён фарқкунандаро дорост.
Англосаксҳо ҳамеша чунин ҳисоб мекарданд, ки русҳо-ин тоторҳои православӣ бо пўсти сафед ҳастанд. Яъне, «бегонаанд». Аз ин метавонем натиҷагирӣ кард, ки мавҷудияти давлати бузурги ғайрианглосаксӣ, новобаста аз он, ки сохти давлатдориаш чи гуна аст, то он вақте он рушд мекунад, таҳдидовар аст-таҳдид ба тартиботи ҷаҳоние, ки 300 соли ахир рўйи кор омадааст, ки дар он англосаксҳо дар қуллаи баландтарини занҷираи ғизоӣ (олами зинда), садрнишин ҳастанд.
Ҳатто президенти нахустини сиёҳпўсти ИМА Барак Обама иброз дошта буд, «агар 1,4 миллиард чиниҳо ба сатҳи зиндагонии амрикоиҳо бирасанд, ба амрикоиҳо лозим меояд танҳо алаф бихоянд». Барои ҳамин ҳам, Амрико тамоми воситаҳоро барои фишороварӣ ба Чин истифода мекунад, ҳатто аз одамрабоӣ даст намекашад (масалан, қазияи Мэн Ванчжоу). Дар тартиботи имрўзаи ҷаҳонӣ танҳо амрикоиҳо ҳақ дорад гўшт хўранд, чиниҳо ва дигар миллатҳои рў ба рушд-танҳо алаф истеъмол кунанд. Чунин аст дидгоҳи Ғарб, ки қарнҳо идома дорад.

Бозсозии тартиботи ҷаҳонӣ баъд аз буҳрони Русияву Украина

Сад сол русҳо мубориза бурданд ва як бор аллакай ба ҷаҳон «зарбаи сахт заданд»-тартиботи ҷаҳониеро, ки дар он Британияи Кабир ва Амрико пештоз буданд, тағйир доданд, нисфи сайёраро ба худ мойил сохтанд. Ин маротиба, онҳо «амалиёти махсус»-ро роҳандозӣ намуданд, то ин ки амнияти миллии худро ҳифз намоянд, муқобили тамоми олами ғарб баромаданд. Русия, бешак, бо хароҷоти ҳарбӣ ва таҳримҳои бераҳмонаи иқтисодӣ хеле суст хоҳад шуд. Муборизаи бисёрсола дар замири русҳо характери қавии миллӣ (онҳоро шўхиомез «миллати ҷангҷў» меноманд) парварид, захираҳои ғании онҳо кифоя ҳастанд, ки пурра таъминашон кунанд, ҳудуди бузургтарин дар олам майли онҳоро ба «ҷаҳонишавӣ» хеле коста мекунад. Ин омилҳо қисми ҷудонашавандаи фаҳмишоти вазъи Русия баъд аз анҷоми ин буҳрон ҳастанд. Ба шарти набурдани зиддият то ҳадди муқомимати ядроӣ ва муборизаҳои дохилии сиёсӣ, ҳатто Русияи ба маротиб зайифшуда метавонад барои олами Ғарб «дарди сар» бошад.
Аз нуқтаи назари чинӣ ба муқовимати Русия назар андозем, марҳилаи аввали муборизаи русҳо ба Чин марксизм-ленинизм овард, пайдо шудани Чини сотсиалистӣ ба таври бунёдӣ тартиботи ҷаҳониро тағйир дод. Ҳарчанд буҳрони русӣ-украинӣ Русияро хеле зайиф хоҳад кард, Амрико ва дигар мамолики Ғарб модели амниятии умуман бо Русия номувофиқро рўйи кор оварданд, ки ин «корд задан» ба қалби олами ғарбиро мемонад.
Ҳамин тариқ, таъсири ин буҳрон ба муносибатҳои чинӣ-амрикоӣ дар он ифода меёбад, ки ҳарчанд ИМА, чун пешина, Чинро ҳамчун рақиби асосии стратегӣ қабул мекунад, Русияи дорои захираҳои ҳастаии бузургтарин дар ҷаҳон ва берун аз тартиботе, ки дар он Ғарб пештоз аст, барои онҳо хатарноктар хоҳад буд, магар ин ки Русияи «дохили система» ҷойдошта. Ва Русия барои Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ «дарди сар»-и асосӣ хоҳад шуд, ки ин ногузир шароитро тағйир дода, шиддати энержии Иёлоти Муттаҳидаро барои мубориза бо Чин дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором камтар хоҳад кард.
Таъсири ин буҳрон ба муносиботи Чин бо Иттиҳоди Аврупо дар он аст, ки Аврупои дар муқовимати бевосита бо Русия қарордошта, акнун маҷбур аст ба муносибат бо Чин андешамандтарона мавқеъгирӣ кунад. Иттиҳои Аврупо, ки бо Чин муқовимати бевосита надорад, метавонад бо кишвари мо ҳамкориҳои боз ҳам самаранок дар самти иқтисодиёт ва тиҷорат дошта бошад. Зиёда аз ҳазор сол таърихи Аврупо пур аз саҳифаҳои хунини набардҳои давлатҳову миллӣ буд, ва аврупоиҳо беш аз амрикоиҳои «ҷавону хунгарм» сулҳро мехоҳанд. Аммо мо бояд ҳамчунин ба «феномени литовӣ» дар сиёсати аврупоӣ аҳамият диҳем-ин ғояи беақлонаи санҷидани сабру тоқати Чин аст.
«Мувозинати фоида ва зарари» Амрико дар чӣ вазъ аст? Буҳрони русӣ-украинӣ, ба назар мерасад, ба Иёлоти Муттаҳида имкон дод дар самти «қувваи сахт»-соҳаҳои ҳарбиву иқтисодӣ ғалаба ба даст оварад ва маблағи бузургро соҳиб гардад, аммо баҳои ин, футурравии консепсияи «қувваи нарм» гардид. Кишвари қудратманду пештоз таъсири худро наметавонад танҳо бо роҳандозии «қувваи сахт» таъмин созад, чун ин баҳои баланд дорад, таъсиргузориву пештозӣ бояд ҳамчунин бо дастгирии «қувваи нарм» бошад.
Баъд аз ин буҳрон «қувваи нарми» Амрико ба асли пешинаи худ хоҳад баргашт. Чи гуна волоияти қонун, чи гуна ҳуқуқҳои инсон ва дахлнопазирии «муқаддаси» моликияти хусусӣ-ҳамаи ин қабати чодири тунукест, ки Амрико бо он тўли рушди худ панаҳ мекард. Раванди пурқувватшавии ў пур аз куштор, ғорат ва ҷиноятҳои дигар аст. Куҷо буданд волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсон ҳангоми генотсид (кушторҳои оммавӣ)-и аҳолии маҳаллии қитъа-ҳиндувони амрикоӣ? Вақте Паймони ҳашт абарқудрат (паймони ҳарбие, ки ба Чин зада даромад ва онро миёни худ тақсим кард, дар ҳайати Русия, ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Ҷопон, империяи Австро-Венгрия, Италия) Юанминъюан («Боғҳои равшании воло», комплекси қасру боғӣ дар Пекин)-ро ғорат кард, чаро касе оид ба ҳифзи моликияти шахсӣ ва ё ҳатто «ҳуқуқи миллӣ»-и бунёдии истиқлолияти кишвар ҳарфе ба забон наёвард? Ҳамаи ин бераҳмона поймол карда шуд. Аз замони раҳбарии маъмурияти Доналд Трамп ва то буҳрони русӣ-украинӣ, ИМА ва дигар мамолики ғарбӣ ба худ иҷозат додаанд одамонро бирабоянд ва бо хоҳиши худ моликияти шаҳрвандони Русияро мусодира кунанд. Ҳатто доллар асъори хавфнок гардид. «Қувваи нарм»-и Амрико чи қадар мондааст?
Амрико бартарияти маънавии худро дар ҷаҳон аз даст дод. Вақте устура хароб мегардад, консепсияҳое, ки дар асоси тартиботи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, низ аз байн мераванд-ҷаҳон ба самти нави ҳаракат ниёз дорад. Амрико, ки такя бар «қувваи сахт» фоида ба даст овард, «қувваи нарм»-ро аз даст дод ва то ба ҳол аз авантюризми ҳарбӣ даст кашиданӣ нест.
Дар охир, ман бояд қайд кунам, ки буҳрони русӣ-украинӣ, ҳамчунин, сохтори муносибатҳои чинӣ-русиро низ тағйир хоҳад дод. Русия, ки зери таҳримҳои Ғарб қарор гирифтааст, чорае надорад ба ҷуз тиҷорат бо асъори миллии мо-юан. Иқтисодиёти берунаи Русия пештар ба Ғарб равона шуда буд, акнун маҷбур аст ба сўи Шарқ гардад. Чин мабдаи арзишманди захираву зарфият барои барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёти Русия хоҳад шуд.

Ҳамаи ин, бешубҳа, имконияти аълои стратегиро барои рушд ба Чин фароҳам меорад. Ҷумҳурии Мардумии Чин бояд аз ин вазъ барои рушди худ манфиат ба даст оварад ва дар ҷараёни бозсозии тартиботи ҷаҳонӣ бошад. Миқёс ва имкониятҳои Чин хеле бузург ҳастанд ва дар раванди рушди он, табиист, ки ҷаҳон низ бо он тағйиир меёбад. Вале, албатта кишварҳои «дар қуллаи занҷираи ғизоӣ» қарордошта нахоҳанд нигоҳ карда нишаст, ки Чин ба сатҳи абарқудрати ҷаҳонӣ бирасад.
Ба таърих нигаред-300 соли ахир англосаксҳо, русҳо ва чиниҳо имконият доштанд тартиботи ҷаҳониро бисозанд ва тағйир бидиҳанд. Такя ба фарқиятҳои бунёдӣ миёни тамаддунҳо, ҳамаи онҳо кўшиш мекарданд ҷаҳонро ба таври худ тағйир бидиҳанд. Пешорўи симои хунини сиёсати ҷаҳонӣ чиниҳои сулҳҷўй бояд мардонагии муқовимат ва мутавонизинии равонӣ бо таҷовузи Амрикоро дошта бошанд ва дар эҳёи кишвари худ саҳм бигузоранд.

Таҳияи Азамат Дўстов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: