Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » А. Князев: Пандемия ноуҳдабароии СММ ва дигар ташкилоти байналмилалиро нишон дод

А. Князев: Пандемия ноуҳдабароии СММ ва дигар ташкилоти байналмилалиро нишон дод

30-04-2020, 11:08
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
А. Князев: Пандемия ноуҳдабароии СММ ва дигар ташкилоти байналмилалиро нишон дод
Чи гуна равандҳоро пандемияи коронавирус метавонад дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон тавлид кунад? Оид ба ин дар мусоҳибаи хеш ба нашрияи «Украина.ру» олими шарқшинос, доктори илмҳои таърих, рӯзноманигор Александр Князев ибрози андеша намуд:
-Александр Алексеевич, ҷаҳон ба давраи буҳрони амиқ, ки пандемияи вируси нав сабабгори он гардид, ворид шудааст. Ба андешаи Шумо, чаро ин пандемия чунин таконҳои таъсироварро рӯйи кор овардааст?
-Ин ҷо бояд қайд намуд, ки худи мафҳуми «пандемия» ба он вазъияте, ки ҳоло дар кишварҳои ҷаҳон рӯйи кор омадааст, дуруст намеояд. Ин мафҳум ҳамон вақт аз ҷониби кормандони тиб истифода мегардад, вақте шумораи гирифторони беморӣ миёни аҳолӣ аз 10% зиёд бошад. Чунин ҳолатро мо на дар кишварҳои Аврупо, на дар Амрико, на дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ мебинем.
Аз назари ман, дар тамоми кишварҳо вокуниш ба ин ҳолат, ба таҳдидҳои ин беморӣ аз ҳад зиёд «воҳиманок» аст. Дар ҷаҳони муосир, вақте иқтисодиётҳо дар алоқамандии ҳамдигаранд, зиён аз чораҳои маҳдудкунанда ногузир аст. Дар ҳолати хубтар, ҳоло ба таври назариявӣ, алоқаҳои минтақавӣ ҳастанд, ки метавонанд зудтар барқарор шаванд.
Тамоми системаи муносиботи байналмилалӣ кайҳо дар бунбаст қарор дорад. Созмони Милали Муттаҳид, метавон гуфт, ба тамом мавҷудияти худро гум кард. Ба ҳар ҳол, дар он самте, ки ҳолатҳои низоъангез миёни кишварҳоро дар бар мегирад. Тамоми системаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва СММ ҳамчун абзори он имкониятҳои худро баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз даст дод, чун он барои вуҷуд доштани системаи дуқутбӣ баъд аз соли 1945 равона шуда буд. Бо нест шудани яке аз қутбҳои таъсир ин система самаранокии худро аз даст дод. Ҳамин ки Русия аз оѓози солҳои 2000-ум ба барқарор кардани мавқеи худ оѓоз намуд, ин система боз хароб шудан гирифт. Тавъам ба ин, рушди Чин сурат мегирифт ва боз ҳам ин система норасоии худро нишон дод.
Ҳамаи ин қиссаи пандемия, аз нигоҳи ман, ноуҳдабароии системаи ҳуқуқӣ дар умум ва ташкилотҳои байналмилалиро дар алоҳидагӣ нишон дод.
-Метавон аз ҳоло гуфт, ақаллан тақрибан, тартиботи ҷаҳонии оянда чӣ гуна шакл хоҳад гирифт?
-Оид ба ин дар шакли нақшаҳои дақиқан тарҳрезишуда ва ё сохторҳои «пирамидалӣ» ҳоло гуфтан душвор аст. Ман ба чизе гуфтан оид ба таѓйироти бунёдӣ саросема нахоҳам шуд. Фикр мекунам, ҳолати бавуқуъомада як қатор равандҳоро тавлид мекунад, ки метавонанд такя ба нақшаҳои гуногун давомнок бошанд.
Масалан, раванде рӯйи кор меояд, ки дар бораи он қариб ҳеҷ кас намегӯяд. Дар тамоми дунё чунин зуҳурот, ба монанди «сепаратизм»-марказгурезӣ вуҷуд дорад. Дар бисёр кишварҳои олам чунин зуҳурот ҳаст. Вақте ин ё он ҳудуд мехоҳад аз давлат ҷудо шавад, мумкин, худаш инро карданӣ нест, аммо дар қисме аз одамон ҳиссиёти «махсусият»-и худ, худкифоягии иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва монанд ба ин мавҷуд аст.
Мо чунин зуҳуротро дар Испания (муборизаи баскҳо, - А.Д.) дидем, ҳоло нахоҳем гуфт оид ба кишварҳои на он қадар рушдёфта. Мо вазъияти Украинаро чанд сол пеш дидем, ба ёд оваред мубоҳисаҳои тезу тунд атрофи вазъияти Донбасс ва ҳамроҳшавии нимҷазираи Қримро ба Русия. Мубоҳисаҳо оид ба заифияти ҳудудии сарзамине, ки Украина ном дошт ва минтақаҳои он, ки ба Руминия ва Маҷористон (Венгрия) майл доранд.
Аз нигоҳи илмӣ бигирем, ҳудуди ҳар давлат он заминест, ки ин давлат ҳамчун институт тавонист дар марҳилаи муайян дар худ ҷамъ оварад ва баъд онро бо созишномаҳо бо ҳамсоягон ба расмият дарораду қонунӣ кунад.
Ман ҳоло хавф аз он дорам, ки ҳангоме бисёр кишварҳо дар самти интиқоли одамон ва маҳсулот саддҳои маҳдудкунанда бунёд мекунанд, қувваҳои марказгурез дар бисёр давлатҳо фаъол хоҳанд шуд. Ва мо метавонем дар сайёра шоҳиди «тавлиди» даҳҳо давлатҳои нав гардем. Ҳамаи онҳоро зуд эътироф нахоҳанд кард, мутаассифона, такя бар ин, ҷанг ва низоъҳои нав сар хоҳанд зад.
-Шумо метавонед ҳоло чунин нуқтаҳои заифи сайёраро номбар кунед?
-Чунин хавфҳо дар Испания, Италия вуҷуд доранд, гуфта метавон, Югославияи собиқ то ба охир тақсимнашудааст, нимҷазираи Балкан.
-Ховари Наздик чӣ?
-Бисёр кишварҳои Ховари Наздик дар давраи баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар ҳудуди собиқ мустамликаҳои кишварҳои аврупоӣ ҳастӣ намуданд. Он Шарқи Наздик, ки мо онро зери ин мафҳум мефаҳмем, хеле шартист. Тӯли ним қарни охир, албатта, ин ҷо алоқаҳои дохилимиллӣ рӯйи кор омаданд, такя бар ин моделҳои иқтисодӣ сохта шудаанд. Вале ҳамаи ин ба таназзул рӯ ба рӯ шуда, метавонад аз нав дида шавад.
Солҳои 30-и қарни гузашта дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ минтақаҳои том аз як ҷумҳурӣ ба дигар ҷумҳурӣ аз лиҳози «зарурияти иқтисодӣ» аз нигоҳи Москва дода мешуданд. Имрӯз ин масъалаҳо аз нав дида мешаванд.
Ин як чизи нозук аст. Масалан, дар як қисми кишвар нафт ба даст оварда мешавад ва миёни аҳолӣ чунин афкор ба миён меояд: «Барои чӣ мо бояд қисми дигари кишварро хӯронем? Мо метавонистем аз ин сарват худамон истифода барем ва зиндагии хубтаре дошта бошем».
-Аммо нигоҳ накарда ба ин, коронавирус намояндагони ҳукумат ва толибонро сари мизи музокирот дар Афѓонистон шинонд.
-Ман чунин тасдиқ нахоҳам кард, ки маҳз ҳамин ҳолати нав онҳоро сари мизи музокирот ба ҳам овард. Чизе, ки ҳоло рух медиҳад, ин, чӣ ақидае мо нисбати ИМА надошта бошем, маҳсули заҳмати чандинсолаи дипломатияи амрикоист. Нақши худро ин ҷо тавъам омадани нақшаҳои дипломатияи амрикоӣ дар қисмати раванди гуфтушунид миёни ҳаракати Толибон ва қисми қонунии элитаи Афѓонистон бо манфиатҳои Русия ва Чин бозидааст. Фикр намекунам, ки ба ин коронавирус таъсир расонидааст. Афѓонистон, дар омади сухан, яке аз кишварҳоест, ки «изолятсия», яъне ҳолати карантинии минтақаҳояш барои устувории кишвар имтиҳони ҷиддӣ гардид.
Аммо агар барои Русия субот дар Афѓонистон ин масъалаи бехатарии иттифоқчиёнаш ва минтақаи манфиатҳои ҳаётӣ бошад, барои амрикоиён ин объекти геополитикаи бузург аст. Ва такя ба манфиатҳои геополитики худ ИМА метавонанд вазъиятро ҳамин хел партофта, фардо аз ин ҷо бираванд. Вазъияти Афѓонистон бошад, чунин аст, ки агар таъсироти хориҷӣ ҷиддии ба элитаҳои сиёсии дохилӣ набошад, бозигарони дохилиафѓонӣ ҳеҷ гоҳ ба мувофиқа нахоҳанд расид.
-Хавфи ифротишавии ислом дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар фазои вазъияти номусоиди эпидемиологӣ дар ҷаҳон ҳаст?
-Чунин хавф ҳамеша ҳаст, равандҳо дар ин самт сурат мегиранд. Ин ҷо баъзе ҷузъиёт дида мешавад, масалан, пӯшида будани кишваре, чун Туркманистон. Ин қазия ба таври ҷиддӣ рӯ ба рӯи Қирѓизистон истодааст. Аввалин ҳолатҳои гирифтор шудан ба коронавирус дар Қирѓизистон дар онҳое ошкор шуда буданд, ки аз ҳаҷҷи умра аз Арабистони Саудӣ баргаштанд. Дар бораи ин кам мегӯянд, қисми зиёди гирифторшудагон аз Покистон, Ҳиндустон ва Бангладеш низ омаданд. Ин пайравони ҳаракати динии «Таблиѓи Ҷамоат» ҳастанд. Ин ташкилоти таблиѓист, мақсади он «прозелитизм»-кӯшиши ҷалб кардан ба оини худ аст. Пайравони он ба хонаву муассисаҳо мераванд, идеологияи худ ва ба замми ин, «раҳораҳ» инфексияро паҳн мекунанд.
Чанд сол пеш ҳамтоёни қирѓизи ман таҳлили маъвизаҳои ин ташкилотро гузаронданд ва ба ақидае омаданд, ки онҳо ба идеологияи «Ҳизб-ут-таҳрир», ки дар кишварҳои ѓолиби олам ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардидааст, тавъам ҳастанд.
Вақте ошкор гардид, ки ин гирифторони вирус ба муҳити динӣ тааллуқ доранд, миёни тарафдорони самти рушди дунявӣ ва афроди диндор ҷудоии амиқтар ба вуҷуд омад, ки ин зуҳуроти хатарзо аст.
Дар ин ҳолат, вазъияти «изолятсионӣ», маҳдуд шудани иқтисодиётҳо ва кумак аз Русия метавонад ба боло рафтани ақидаҳои ифротӣ сабаб гардад. Мутаассифона, ифротгароии динӣ дар бисёр минтақаҳои Осиёи Марказӣ-ин ливои ҳар гуна эътирозҳо шуда метавонад.
Тарҷумаи Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: