Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ФАРҲАНГИ МИЛЛИРО ПОС ДОРЕД!

ФАРҲАНГИ МИЛЛИРО ПОС ДОРЕД!

22-04-2022, 15:00
Хабарро хонданд: 114 нафар
Назарҳо: 0
 ФАРҲАНГИ МИЛЛИРО ПОС ДОРЕД!

Либос муаррифгари миллату давлат буда, ҳангоми зебо дўхта шудан, ҳусну ҷамолро зоҳирану ботинан назаррабо мекунад. Дуруст пўшида тавонистани либос низ нишондиҳандаи рафтору ахлоќи неки инсонист. Аз ин рў, мардуми тоҷик аз замонҳои ќадим ба тозагии либос диќќати ҷиддӣ дода, то ҳол нисбат ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Мутаассифона, имрўзҳо дар кўчаву хиёбон, маконҳои дилхушию фароғатӣ, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ќисме аз занону духтарони тоҷик вохӯрдан мумкин аст, ки бо либосҳои ғайримиллии нозеб, ки хоси мардуми бегона аст, худро аз фарҳанги миллии хеш канор мегиранд. Яке аз сабабҳои талаботи либоси миллиро риоя накардан, аз як ҷониб надоштани саводи кофӣ, тафаккури танг ва худнамоӣ бошад, аз ҷониби дигар, таъсири омилҳои беруна, рў овардан ба хурофотпарастӣ буда метавонад.
Метавон гуфт, ки дур будан аз асолати хеш ва таќлиди кўркўронаи фарҳанги ғайр хоси мардуми тоҷик нест ва ин мавзўи ҳалталаб имрўз боиси нигаронии Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Президенти кишвар ва аҳли сокинон гардида, ба баҳси рўз табдил ёфтааст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба такрор зимни суханрониҳояшон таъкид доштаанд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».
Ҷиҳати ин масоили рўз ва роҳҳои пешгирии он коршиносон бар ин ақидаанд, ки аз суҳбат бо падару модарон дар маҳаллаҳо ҷиҳати ба бар кардани либоси мардуми бегона маълум мегардад, ки фарзандони онҳо дар хусуси пўшиши либос бештар ба филмҳои хориҷӣ таќлид мекардаанд. Аз ин бармеояд, ки ваќти зиёди онҳо бештар ба тамошои филмҳои туркӣ гузашта, табиист, ки чунин омилҳо инсонро бетаъсир гузошта наметавонанд. Ин падида танҳо мушкилоти оилавӣ набуда, дар асос гузоштани он соҳибкорон низ даст доранд.
Боз ҳам лозим ба ёдоварист, ки ҳар як миллатро бо либос, забон, фарҳанг ва муќаддасоти миллиаш мешиносанд. Мутаассифона, шаҳрвандоне ҳастанд, ки зери таъсири хурофотпарастон либоси кишварҳои дигарро муаррифӣ мекунанд. Онҳо ҳатто аз сиёҳие, ки мафкураашонро фаро гирифтааст, намедонанд либоси бабаркардаашон чи маъноро ифода мекунад. Дар мисол, бонувони ҳиҷобпўшеро мушоҳида намудаам, ки бо рафтору ҳарфҳои дурушташон ҳатто ба ќоидаҳои ҳиҷоби дар тан доштаашон лакнат ворид мекарданд. Духтарону бонувони тоҷикро зарур аст, либосеро интихоб кунанд, ки мувофиќ ба анъанаҳои мардумиамон бошанд ва хулќу рафторашон ба либоси пўшидаашон мувофиќат кунад.
Пайравӣ ба фарҳангу тамаддуни гузаштагон маънои тарки фарҳанги даврони муосирро надорад. Мо зид нестам, ки писарон ва гулдухтарони тоҷик дар баробари ғаниматҳои даврони муосир ќадам зананд, аммо бояд донем, ки ҳама гуна озодӣ сарҳад дорад ва оќибати ғайриќонунӣ убур намудани омилҳои номатлубро дар пай доранд.
Ќайд кардан ба маврид аст, ки либоси аслии миллии мо ҳеҷ зиддияте ба таълимоти динӣ надорад. Зеро либосест, ки модаркалонҳои мо аз ќадим ба бар кардаанд, васеъ асту тозаву озода. Дар мисоли чакан, атлас, адрас, гардӣ ва ғайра, ки беҳтарин либосҳои миллии тоҷикӣ буда, бабаркунандаи он диќќати ҳамагонро ба худ ҷалб менамояд. Ҳатто бо пўшидани либосҳои сирф миллӣ ҳар як сайёҳе, ки вориди кишвари мо мегардад, дарк месозад, ки халќи тоҷик либосҳои миллии ба худ зебандаро соҳиб аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: