Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кадамроҳи ватандорӣ

Кадамроҳи ватандорӣ

17-04-2022, 09:00
Хабарро хонданд: 59 нафар
Назарҳо: 0
Кадамроҳи  ватандорӣ

Ёдҳои ширини ватандорӣ, аз рӯзгори ибратбахши арбоби сиёсиву фарҳангӣ, собиқ вазири маданияти РСС Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаров.
Пас аз ман бар суроғи ман барояд,
Гул аз хоку зи шаб субҳу зи ту оҳ.
Қадамроҳи нангу номуси ватандорӣ дар ин хитаи афсонавӣ абармандони бузургеро чун Шириншоҳ Шоҳтемур, Раҳим Додхудоев, Меҳрубон Назаров, Мастибек Тошмуҳаммадов, Ғоибназар Палаев, Худоназар Маҳмадназаров, Назарамон Мулкамонов ва Ҷифон Мулкамоновро руи кор овард,ки номи поку корнамои ватандориашон ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.Корномаи ватансозии Қаҳрамони халқи тоҷик арбоби сиёси, шахсияти шинохтаи таърихӣ Шириншоҳ Шоҳтемур, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори бузургтарин фарзандони фарзонаи миллат устодон Садриддин Айни, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст, нишони барҷастаи арҷгузори миллат ва ҳукумати Тоҷикистони навини соҳибистиқлол мебошад. Зиндагӣ ва рӯзгори ибратбахши шахсияти шинохтаи фарҳангии кишвар, арбоби сиёсӣ собиқ вазири маданияти Тоҷикистони Шуравӣ бунёдгузори Донишкадаи ҳунарҳои зебо профессор Меҳрубон Назаров, ки бо маданият ва фарҳанги ватани азизи мо сахт алоқаманди дорад, яке аз саҳфаҳои пурифтихори рузгори ҳазорои мову шахсҳои ватанхоҳ мебошад. Номи поку пурифтихори ин абармарди дунёи фарҳанг беш аз ҳаштод сол боз дар қалби даҳо ҳазор фарҳангиёни кишвар ҷой гирифта, ӯро ба некӣ ба ёд меоранд. Ҳануз ҳангоми понздаҳ сол доштанаш тобистони соли 1937 қобилият ва истеъдоди баланди фитрии онро ба назар гирифта роҳбарияти вилояти Бадахшони собиқ Тоҷикистони Шуравӣ ӯро барои таҳсил ба пойтахти кишвар (шаҳри Сталинободи собиқ) Душанбеи имрӯзи мефиристонанд. Ӯ ин даргоҳи пурэътибори фарҳангӣ “Комбинати театри”-и шаҳри Сталинободро соли 1941бомуваффақият ба итмом расонида вориди дунёи фарҳанг мегардад. Яъне соли 1941 баъди хатми ин мактаби ҳунар ба шаҳри Хоруғ баргашта, театри мардумиро дар шакли нав, дар қолаби фарҳанги башарӣ дар қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ манзури мардум мегардонад.
Пайроҳаи пурифтихорӣ ҳунар ва фарҳанги Миллӣ ӯро асир ва шефтаи дурдонаҳои гаронмояи мардумӣ намуда, паи эъмори кохи бузурги маданият ва маърифати мардум мешавад. Ин муҳаббат ва самимият ба адабиёт ва фарҳангӣ мардумӣ ӯро ғарқи орзуву ормонҳои таърихи давлатдорӣ намуда, дар куи меҳрубонӣ ҳамнишинаш месозад. Фаъолияти меҳнатиашро аз коргардони театр ва ташкилотчии тантанаҳои фарҳангӣ оғоз бахшида, мақоми роҳбари театри касби буданашро бо коргардонӣ баробар медонист. Ҳамин ҳалимӣ, донишмандӣ, зарофатгӯӣ ва муррабии бисёр ғамхор буданаш номи покӣ ӯро дар қалби хурду бузурги санъат ҷо намуд. Худи ҳамон сол, яъне соли 1941 даҳаи адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар пойтахти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шаҳри Маскав мебоист баргузор гардад.
Барои иштирок дар ин маросими бузурги фарҳангӣ “Ансамбли фолклори этнографии бачагонаи тарона ва рақси Бадахшон дар қатори садҳо фарҳангиёни кишвар ба ин чорабинии муҳими давлатӣ ”аз ҷониби роҳбарияти Олии кишвар сафарбар гардида буд. Роҳбарии ансамбли номбурдаро шинохтатарин ҳунаршиноси Шуравӣ В.С.Смирнов бар уҳда дошт. Ӯ дар ҳамкори бо Меҳрубони ҷавон ин ансамблро омода намуда ба шаҳри Маскав фиристоданд. Ин ансамбли фолклори этнографии бачагона дар Маскав ҳангоми баромадҳояш он шоистаи таҳсину офаринҳои зиёди роҳбарияти Олии Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Ин аввалин муваффақияти фарҳангии мардуми тоҷик дар сурат ва суннатҳои мардуми Бадахшон буд. Ҳамакнун тамоми мардуми кишвар бо номи ӯ ошно гардиданд. Замони даҳшатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоишномаҳои театр ба мавзуи қаҳрамонҳои мардум дар набардҳои шадиди хунин бахшида шуда, рӯҳияи мағлубнашавандаи артиши Шуравиро таҷассум менамуд.
Қалби саршор аз муҳаббати Ватан Меҳрубони ҷавонро ором нагузошт. Бо хоҳиши худаш ба набарди корнамоиҳои бузург ҳароҳ гардида соли 1943 ба майдони ҳарбҳои хунин шомили фронти 2-юми Украина, дивизияи 48-ум ва баталони 201-уми тирандозӣ мешавад. Соли 1944 баъди захмӣ шудан дар госпитали ҳарбӣ табобат гирифта, табибон ба ӯ бори дуввум ба ҷабҳа рафтанашро манъ менамоянд. Баъди бозгашт аз муҳориба фаъолияти меҳнатиашро то соли 1946 дар театр идома медиҳад. Ҳамин истеъдоди баланд, ҳалимиву дидадароияшро Ҳукумати вилоят ба назар гирифта ӯро ба идораи фарҳанги вилоят ба кор даъват менамоянд. Барои роҳбарияти вилоят баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги мардуми деҳот зарурати таърихии вақт буд. Барои анҷом додани ин кори сангин роҳбаре чун Меҳрубон мебоист. Ҳамин тавр фаъолияти меҳнатиаш ба мардум пайваст гардид. Вале аз театр ҳеҷ дур буданро намехост. Дар ин мақоми роҳбарии давлатӣ низ ба театр ташриф оварда, дар таҳияи бисёре аз спектаклҳо саҳми хешро мегузошт. Соли 1947 дар баробари дар мақоми мудири шуъбаи фарҳанги вилоят буданаш ба таҳияи спектакли “Тошбек ва Гулқурбон” оғоз намуда, қисми мусиқии онро ҳунарманди шинохтаи Бадахшон Наврӯзшоҳи Қурбонҳусайн ба саҳна гузошта, намоишнома манзури тамошобинони сершумор мегардад. Ин намоишнома аз ҷониби ҳунармандони асил ва фарҳангшиносону ҳунаршиносон, адабон ва аҳли қалам сазовори баҳои баланд гардида шуҳрати театри давлатии шаҳри Хоруғ овозадор мешавад. Дар мавриди ин спектакл санъатшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои санъатшиносӣ устоди равоншод Низом Нурҷонов дар китоби хеш “Таджикский театр”-Маскав-1968 с-15”хеле баҳои баланд дода ин намоишномаро инқилоби фарҳангӣ дар театри тоҷик ном бурдааст. Намоишномаи дигари театр аз рӯи асари “Қишлоқи тилоӣ”-и шоири шинохтаи бачагон устод Мирсаид Миршакар, ки дар ҳамин шабу рӯз дар таҳияи Меҳрубони ҷавон рӯи кор омада буд, дар қатори беҳтарин намоишномаҳои театри давлатии шаҳри Хоруғ дар авроқи тиллоии театр ҳакоқӣ гардидааст. Шоири шаҳир ва шинохтаи тоҷик устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода ҳанӯз соли 1946 дар рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” перомуни намоишномаи “Қишлоқи тилоӣ”-и устод Мирсаид Миршакар чунин сатрҳоро манзури хонандагони сершумор гардонида буд: “Тамошобинони пойтахт ин намоишномаро бо шавқ ва мароми калон пешвоз гирифта, ҳунарпешагони ҷавони бомаҳорати Бадахшони Кӯҳиро, ки санъати онҳо аз замонҳои қадим гавҳари дурахшандаи тоҷи санъаткорони тоҷик будааст, сазовори таҳсин ва офарин гардонидааст”. Набояд фаромуш сохт, ки ҳамон замон Меҳрубони саршор аз меҳри санъат дар ин намоишнома нақши Муров-ро бозида сазовори баҳои баланди мардум ва унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон мегардад. Ин муҳаббат ва самимият ба театр ва ҳунари касби ӯро ором нагузошт. Ҳамин такопу ва пижуҳишҳо соли 1949 ӯро шомили Институти театрии ба номи А. Островскийи шаҳри Ленинград намуд. Ӯ ин даргоҳи пуэътибори фарҳанги Шуравиро соли 1951 бо баҳои аъло ба таври таъҷилӣ хатм намуда, ба театри дӯстдоштааш бармегардад. Дар ин коргоҳи ҳунари ӯ ҳамчун ҳунарманди касбӣ зиёда аз сӣ намоишномаи театриро манзури тамошобинон мегардонад. Ҳамин истеъдод ва муҳаббати ватандорӣ ва фарҳангдӯстиаш ӯро бо аҳли қалам ва роҳбарияти Олии кишвар хеле наздик карда буд. Устоди зиндаёд, роҳбари Олии вақти кишвар, аллома Бобоҷон Ғафуров бо Меҳрубон Назаров хеле самимият ва эҳтироми хоса дошт. Ӯ дар сурат ва сирати поки ин ҷавони соҳибистеъдод ояндаи дурахшони фарҳанги миллатро медид. Борҳо аллома Бобоҷон Ғафуров ба таъкид гуфтааст, ки “кадрҳои ҷавон ва боистеъдоди кишварро давлат ва ҳукумати кишвар дар ҳимояи хеш қарор дода, дар роҳи гулгуншукуфоии кишвар саҳми онҳоро бояд ба инобат гирад. Як зумра ҷавонони кишвар, ки имрӯз бо дониш ва истеъдоди фавқулодаашон миёни мардум ва аҳли зиёи кишвар соҳиби мақоми баланд мебошанд мебояд ба корҳои роҳбарии давлатӣ ҷалб карда шаванд”. Шояд ҳамин таъкидҳои ғамхорона ва хирадмандонаи аллома Бобоҷон Ғафуров буд, ки оғози солҳои панҷоҳуми садаи гузашта чун устод Меҳрубон Назаров даҳо ҷавонони донишманду соҳибистеъдод рӯи кор омаданд. Меҳрубони ҷавон бошад бо тавсия ва дастгирии бевоситаи роҳбари Олии Тоҷикистони Шуравӣ Турсун Улҷабоев, ба мактаби Олии роҳбарии Ҳизби Коммунистии вақт ба шаҳри Маскав фиристода мешавад.
БОЛИ ПАРВОЗ
Баъди хатми ин даргоҳ ҳамчун мутахассис ба мақоми сардори Раёсати санъати Вазорати навтаъсиси маданияти Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд. Аввалин вазири маданияти Тоҷикистон шахсияти шинохтаи сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ, доктори илми фалсафа Мусо Раҷабов, Меҳрубон Назаровро фарзандвор истиқбол намуда, дар мақоми Сардори раёсати санъат ба ӯ фотеҳа дод. Устод Меҳрубон Назаров, Мусо Раҷабовро ҳамчун устод, роҳбари ғамхор хирадманди варзида то вопасин нафас арҷу эҳтиром мегузошт. Ӯ мегуфт, ки агар дар театр ҳунар омухта бошам, дар мактабҳои Ленинград ва Маскав дарси роҳбариро ба ман омузонда бошанд, аз Мусо Раҷабов мактаби бузурги одамият ва муҳаббати ватандориро омухтаам. Шахсияти баланди ин марди накуном, ки садҳо шогирдонро тарбия намудааст, аз гулхани хирад ва заковати азалиаш ман низ хеле баҳра бурдаам. Ҳамин маърифатпарварӣ, башардӯстӣ ва мардумнавозии устод Меҳрубон Назаров на танҳо дар Тоҷикистони азиз, балки миёни тамоми мардумони фарҳангии Шуравии собиқ овозадор буд. Арбобҳои намоёни сиёсиву фарҳангии қаламрави овозадори собиқ Шуравӣ вазири маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ Е.А. Фуртсева, аъзои бюрои сиёсии КМ ҲКИШ Д.Н. Демичев, олимони шуҳратёри санъати Шуравӣ профессорон М.А. Горбунов, Г.И. Гаян, Г.И. Бояджиев, О.И. Пижова, Б.В. Бибиков, М.П. Чистяков дар Маскав, бастакорони шуҳратёри узбек Ашрафӣ, академик, вазири маданияти Ӯзбекистон Воҳид Зоҳидов, Қаро Қароеви туркман, Б. Мамедови озар бо номи пурифтихори Меҳрубон Назаров санъат ва маданияти тоҷиконро мешинохтанд. Устод ҳамеша бо таъкид мегуфтанд, ки устодони аввалинаш дар ҷодаи санъати театрӣ Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва Миркарим Саидов буданд. Дар риштаи роҳбарии фарҳангӣ ва ватандорӣ пеш аз ҳама аллома Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Мусо Раҷабов ва Масъуд Шукуровро устодони хеш медонист. Аз соли 1953 то соли 1960 ҳангми Сардори раёсати санъати Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон буданаш борҳо роҳбарии гурӯҳҳои фарҳангии кишварро дар рӯзҳои фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ дар кишварҳои хориҷ ба уҳда дошт. Ӯ борҳо ба кишварҳои Осиёву Аврупо сафар намуда ҳамчун арбоби фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ. тоҷикон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Сафарҳои ҳунармандони тоҷик ба Ҷумҳурии Эрони шоҳаншоҳӣ ва Афғонистон ин арбоби шинохтаи фарҳангиро бо шахсиятҳои шинохтаи фарҳанг ва ҳунари он кишварҳо ошнояш намуд. Шояд ҳамин эҳтиром ва арҷгузориҳои ҳунармандон ва шахсиятҳои бузурги сиёсиву фарҳангии он кишварҳо буда бошад, ки Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шуравӣ соли 1962 ӯро ба сифати Мушовири театрии сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон аз мақоми муовини Вазири маданияти Тоҷикистони Шуравӣ ба он ҷо мефиристад.
Ин арбоби шинохтаи маданияти Тоҷикистони Шуравиро аҳли ҳунари давлати Афғонистон гарму ҷушон истиқбол намуда, бо мадади бевоситаи ӯ театри “Кобул-нандорӣ” овозадор мегардад. Ӯ сароғози корашро аз ҳунармандони мардумӣ оғоз бахшида, дар ҷустуҷӯи истеъдодҳо мешавад. Дар кишвари Афғонистон то инқилоби саврӣ соли 1978 тамоми ҳунармандони маслакӣ бо номи поки устод Меҳрубон Назаров Тоҷикистони Шуравиро мешинохтанд ва дар сураташ тоҷиконро арҷ мегузоштанд. Бо ҳунармандони шинохтаи Афғонистон Муқаддаса Махфӣ, Ҳабиба Аскар, Қаюм Бесит, Рафиқ Содиқ, Одил Шифо, Балӣ Латифии Нозукбин, Солеҳа, Нуртан ва Зулайхо Нурониҳо, Ҳамиди Ҷалиё коргардонҳои шинохта Қаюм Бесит ва Рафиқ Содиқ ҳамкорӣ намуда дар таҳияи чандин спектаклҳо дар театри “Кобул нандорӣ” саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Бо мақдами пурфайзу пурбаракати устод Меҳрубон Назаров театри аз хотирҳо фаромушшуда аз нав эҳё гардид. Ҳунармандони касбӣ, ки дар вартаи фаромушӣ афтода буданд, аз нав ба театр оварда шуданд. Дар назди театр бо кӯшишу заҳматҳои устод Меҳрубон Назаров студияи К. Станиславский таъсис дода шуд. Даҳо ҳунармандони шавқӣ ба онҷо ҷалб гардида, дар як муддати кӯтоҳ соҳибтахассус ва ҳунарманди шинохта шуданд. Баъди чанд муддати фаъолият дар ҳамин театри овозадори Кобул ба истиқболи сад солагии К. Станиславский як шоми пуршукуҳи фарҳангиро устод Меҳрубон баргузор намуд. Дар ҳамин шоми фарҳангӣ спектакли якпардагӣ аз руи асари адиби шинохтаи рус А.П.Чехов “Хирс” дар таҳияи устод Меҳрубон Назаров намоиш дода шуд. Ҳунармандони афғон шогирдони устод Ҳабиба Аскар, Бесит ва Шифо нақшҳои асосиро бозиданд. Бори аввал дар таърихи театри Афғонистон роҳбарони олимақоми ин кишвар дар ин шоми фарҳанги ширкат намуда ба ҳунари волои устод Меҳрубон баҳои баланд гузоштанд.
Ҳамин тавр, шуҳрату шони устод Меҳрубон вирди ҳама аҳли ҳунари Афғонистон гардид. Ҳамин эътибори баланд ва донишу истеъдоди касбии устод буд, ки Кумитаи радиои Афғонистон дар баробари кори театр ӯро барои тайёр намудани натоқони маслакӣ ба кор даъват намуданд. Бо роҳбарии устод дар назди радиои Афғонистон курсҳои натоқӣ бо фарогирии шаст нафар кормандон радио аз ҷумла понздаҳ нафари онҳо занону духтарон буданд ба роҳ монда шуд. Миёни онҳо донишҷуёни соли сеюми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Кобул, кормандони дастгоҳи таблиғотии Вазорати дифоъ ва сухангуёни чанд Вазоратхонаҳои Афғонистон буданд. Дарсҳо ҳафтае ду маротиба сурат мегирифтанд. Миёни понздаҳ нафар занону духтарон, духтари собиқ амири Бухоро Сайид Амир Олимхон Шукрия низ сабақ меомухт. Шукрия муҳассили соли сеюми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Кобул буд. Аз тариқи расонаҳои хабарии ҷаҳон борҳо дар бораи Шукрия матолиби зиёде пахш гардида буд. Боре маҷалаи “Жвандун” аз дарсҳои устод дар радио Афғонистон матлаберо руи чоп оварда, киакси устод дар ҳалқаи шогирдон, манзури хонандагон гардида буд. Ин хабари хуш дар саросари кишварҳои порсигӯ пахш гардид, ки ин мужда эътибори мо тоҷикон миёни соири ҳамқавмҳо мебошад. Магар ин ифтихори ватандории мо нест? Бале, натанҳо ифтихор балки пули муҳаббат ва садоқат, миёни мо тоҷикон ба мардумони ҳамкеши кишварҳои ҳамсоя мебошад.
ЯК ПОРА МЕҲР
Ба ибораи таъбири мардумӣ вуҷуди устод саршори меҳр ва номи некаш меҳрномаи ватан буд. Ҳар куҷо, ки рафт бо ватан буд. Бо ҳар ки ҳамнишин мешуд меҳр ва муҳаббати тоҷикиаш саропо ӯро чироғон мекард. Ҳама ҳунармандони шинохтаи кишвари Афғонистон ӯро марҳами дардҳои бедармон ва қосиди некпай ном мебурданд.
Банда хеле бомаврид медонам, ки суҳбате, ки бо ҳофизи хеле маъруфи Афғонистон сарояндаи суруди миллии ин кишвар устод Абдулваҳоби Мададӣ соли 1989 дар идораи ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ “Сомон” доштам инҷо биёрам. Устод Абдулваҳоби Мададӣ яке аз ҳунармандон ва оҳангсозони шинохтаи Афғонистон буда, солиёни дароз дар радиои саросарии Афғонистон фаъолият доштааст. Ӯ аз устод Меҳрубон Назаров хеле зиёд ёдоварӣ намуда, саҳми ӯро дар рушди фарҳанги миллии Афғонистон шоистаи арҷу эҳтироми саросарии Афғонистон ном бурда буд. Устод Мададӣ бо таасуфи зиёд гуфт, ки як зумра ҳунармандони шинохтаи афғон бо сабабҳои номаълум зери фишори баъзе аз сардамдорони кишвар қарор гирифта аз саҳнаи ҳунар дур шуда буданд, бо ибтикори устод Меҳрубон Назаров онҳо аз нав ба саҳнаи ҳунар ворид гардиданд. Яке аз онҳо устоди варзида, устоди ману даҳо ҳунармандони маъруфи Афғонистон устод Абдураҳими Сорбон мебошад. Ин нобиғаи ҳунари овозхонӣ бо дастгирии бевоситаи устод Меҳрубон Назаров аз нав ба саҳнаи ҳунар оварда шуд. Бо дастгирии бевоситаи устод Назаров ду консерти се соатаи устод Сорбон дар театри “Кобул нандорӣ” гузаронида шуд, ки дар он консерт донишмандону шуарои зиёи Афғонистон ширкат доштанд. Устод Сорбон бори аввал дар бораи суруди Сорбон, ки моли Шайх Саъдӣ мебошад гуфта буд, ки ин оҳанг аз устод Хайлии Бадахшонӣ буда, беш аз шаст сол боз миёни мардуми шимоли Афғонистон хеле машҳур аст. Ин сурудро пештар аз ман устодон Шайдо, Баширмуҳаммад, Сароҳанг ва чанд каси дигар низ сурудаанд. Ин сурудро овозхонҳои маъруфи ирони низ хондаанд. Ин сухани худи устод Сорбон, ки тобистони соли 1972 аз саҳнаи ҳунари Кобул манзури мухлисони сершумор гардид метавонад дар роҳи ислоҳи як ғалати нобахшиданӣ, ки атрофи ин суруд ва оҳанг аз тариқи телевизион ва радиои Тоҷикистон миёни композиторону овозхонҳои шавқӣ ба миён омадааст, нуқта гузоранд. Ҳол он ки соли 1986 то соли 1990 тули чаҳор сол даҳо шаби фарҳангии ҳунармандони кишвари ҳамсояии Афғонистон дар Душанбе баргузор гардида ин суруд дар иҷрои онҳо бо оҳанги устод Сорбон бар гӯши садҳо ҳазор сомеъон расонида шуда буд. Гувоҳи дигари ба самъи ин “гаронгӯшон” расонидани ин суруд аз ҷониби ҳунарманди машҳури зиндаёд Аҳмад Зоҳир буда метавонад, ки дар сабки устод Сорбон ва сози ӯ суруда шудааст. Чун инҷо сухан аз корномаи устоди зиндаёд Меҳрубон Назаров меравад нашояд домани ин баҳсро гирифт. Устод Меҳрубон баъди бозгашт аз Афғонистон ва баъди дифои рисолаи номзади илми таърих ва унвони пурифтихори Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ба мақоми муовини Раиси кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон таъин мегардад. Дар ин мақоми баланди давлатӣ низ устод дар як муддати мадид тавонист, ки тозакориҳои зиёдеро вориди ин мақомот намояд. Баъди ин устодро Раиси кумитаи давлатии киноматографияи Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон таъин менамоянд. Устод дар ин мақоми ҳунар низ бо як қатор муваффақиятҳо ноил гардида кинои тоҷикро миёни қаламрави Иттиҳоди Шуравии собиқ соҳиби эътибори баланд намуд. Аммо роҳбарияти Олии кишвар ин бор мақомеро ки беш аз бист соли умри устод сарфи он гардида буд ба ӯ лоиқ дониста, соли 1966 ӯро ба мақоми Вазири маданияти РСС Тоҷикистон таъин намуданд. Ҳамакнун устод бо шавқу мароми зиёди ватандӯстӣ маданияти тоҷиконро мехост овозадори қаламрави Шуравӣ намояд. Ба ин мақоми баланди фарҳанги омадани устодро ҳама ҳунармандон ва аҳли қаламу каломи кишвар хеле хуб пазируфтанд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устоди зиндаёд Академик Мирзо Турсунзода ки бо устод Меҳрубон Назаров хеле дӯстии наздик доштанд яке аз аввалинҳое буд, ки устодро муборакбодӣ намуд.

ЯК МУШТ ОРЗУ
Ин орзу қалби ӯро ором нагузошт. Барои Тоҷикистони азиз, ки ҳунармандонаш шуҳраи олам буданд, доштани донишкадаи ҳунар чун обу ҳаво зарур буд. Барои ба даст овардани ин як мушт орзуи ватандорӣ ӯ дар мақоми Вазири маданияти РСС Тоҷикистон будан тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, ки то ин гавҳари мақсуди орзуҳо ба даст биёяд. Вазири маданияти Иттиҳоди Шуравӣ ва аксари аъзоҳои бюрои сиёсии Иттиҳоди Шуравӣ ки бо устод Меҳрубон Назаров аз замони муовини Вазири маданияти РСС Тоҷикистон буданаш ӯро мешинохтанду эҳтиромаш менамуданд дар роҳи амалӣ намудани ин мақсад кумакҳои хешро аз ӯ дареғ надоштанд. Ҳамин тавр оҳиста оҳиста заминаҳои моддии таъсиси ин боргоҳи ҳунар ба миён омад. Ниҳоят соли 1973 бо дастгирии бевоситаи вазири маданияти Иттиҳоди Шуравӣ ва раиси Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон шахсияти шинохтаи сиёсӣ ва фарҳангӣ Абдулаҳад Қаҳоров Институти давлатии санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин орзуи деринаи устод Меҳрубон Назаров ниҳоят ҷомаи амал пӯшид. Акнун дар роҳи тарбияи мутахассисони касбӣ мебояд тамоми қувваро сафарбар намуд. Ҷустуҷӯи истеъдодҳо дар саросари кишвар, ҷамъоварии осори гаронмояи мардумӣ расму суннатҳои фолклорӣ ӯро водор сохт, ки аз ҳисоби мутахассисони варзидаи Вазорат гуруҳи корие таъсис дода шаваду дар ҳамҷоягӣ бо институтҳои забон ва адабиёт ва таърихи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ин ҳамаро ҷамъоварӣ намоянд. Ниҳоят ин гурӯҳи босалоҳият таъсис дода шуда ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури сафар намуда, муждаҳои нави истеъдодҳоро манзури ӯ гардониданд. Ин гурӯҳи кори баъди мулоҳизаҳои зиёди мутахассисон ба хулосае омаданд, ки дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои Шурои вазирони РСС Тоҷикистон фестивали ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шавад.
Ҳамин тавр, бо ташабуси бевоситаи вазири маданият ва раиси Шурои вазирони РСС Тоҷикистон ин фестивали телевизионии дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ бо номи Бӯстон ташкил карда шуд. Ҳамин фестивал-озмуни дастаҳои ҳунарӣ ҳунармандони зиёдеро руи кор овард. Маҳз ҳамин фестивал-озмуни телевизионии Бустон-1 истеъдодҳои фавқулодаеро рӯи кор овард, ки аз ҳисоби онҳо Институти давлатии санъат дар роҳи тарбияи кадрҳои фарҳангӣ саҳми босазои хешро гузошта аксари кулли ҳунармандони шинохтаи имрӯзи кишвар меваҳои ҳамон боғи шаҳдбори устод Меҳрубон Назаров мебошанд.
Зиндагии устод дар хонааш мисли театр бо як маданияти баланд, самимият ва муҳаббати беҳадду ҳудуди инсонӣ ба роҳ монда шуда буд. Завҷаи азизу соҳиб эҳтиромаш Нодирабону на танҳо модари саропо маданӣ барои фарзандон балки мураббӣ ва устоди аввалини фарзандонаш буд. Фарзанди нахустини Нодирабону Давлат, ки яке аз симоҳои шинохтаи синамои саросари қаламрави Шуравӣ буда, ифтихори номи поки хонавода мебошад.
Хонаи устод шабеҳи қасри фарҳанг буд, ки ҳама аҳли зиё ва аҳли калому қалам ҳамеша меҳмонаш буданд. Фарзанди калонии устод, Назар аз паи касби падар рафта, устоди кафедраи маҳорати актёрии Институти санъати Тоҷикистон буда номбардори ҷадди бузургвораш мебошад. Фарзанди дувумӣ Далер Назаров бошад овозхони мумтоз ва яке аз оҳангсозони маъруфи кишвар буда сурудҳояш дар тамоми кишварҳои Осиё танинандоз мебошад. Ӯ соҳибмактаб буда, мактаби ҳунариаш беш аз чиҳил сол боз садҳо шогирдонро тарбият намуда, барандаи баландтарин ҷоизаҳо дар озмунҳои байналмилалӣ мебошанд. Далер дар таърихи овозхонӣ ва мусиқии тоҷик инқилоби бузурги фарҳангиеро ба миён овард, ки назирашро ҳанӯз касе наовардааст. Оҳанг ва таронаҳои Далер дар даҳо филмҳои Осиё руи кор омада, аксари ҷавонони кишвар ва кишварҳои ҳамсоя Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон онҳоро пайравӣ намуда миёни мардум соҳибэътибор мебошанд. Оҳангҳои Далер ҷанбаи баланди миллӣ дошта лаҳни хонишаш хеле дилчаспу дилнишин аст. Савтҳои шавқрез ва оҳангҳои нарми бадахшониро ба саҳанаи ҳунари касбӣ маҳз ӯ оварда, ин мактаб бо номи Далер Назаров дар саросари Осиё маъруф мебошад. Номи поки хонадони покмаҳзари устод Меҳрубон Назаров бо номи пурифтихори Далер сахт алоқаманд буда, ин ном дар қалбҳои садҳо ҳазор мухлисони Далер ба абадият сабт гардидааст. Духтарони устод Меҳринигор пешаи санъатшиносӣ дошта, мутахассиси санъати театрӣ ва дастпарвари Институти давлатии санъати театрии шаҳри Маскав мебошад. Нигоштаҳои Меҳринигор пиромуни театр дар маркази таваҷҷуҳи мутахассисон қарор дошта номаш ҳамеша вирди аҳли ҳунар аст. Духтари дувумии устод Азиза дастпарвари факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар риштаи таърихи санъати тасвири корҳо илмӣ-тадқиқоти намудааст.
Бонуи боиффату чароғафрӯзи хонадон Нодирабону, ки фарзандони азизашро дар ҳамҷоягӣ, бо ин хирадманди фарҳангсолор дар рӯҳияи башардӯстиву ватансозӣ, тарбият намуда буд, то вопасин нафас наздик ба сӣ сол номи поки устодро зинда нигоҳ дошт. Ва шояд дар хилвати танҳоӣ, он ҳама муҳаббат ва садоқаташро нисбат ба устод Меҳрубон чунин баён медошт:
Рафтӣ аз доғи ту ин дил ба фиғон аст ҳанӯз,
Ашкам аз дида зи доғи ту равон аст ҳанӯз.
Ба кӣ гӯям ғами дил, баъди ту эй мӯниси ҷон,
Қоматам хам зи ғамат ҳамчу камон аст ҳанӯз.
Навбаҳор асту чаман хурраму зебост вале,
Хонаи дил зи ғамат ранги хазон аст ҳанӯз.
Маҳрами роз надорам, ки бигӯям ғами дил,
Гарчи дар чеҳраи ман ғусса айён аст ҳанӯз.
Гулшани ҳусни ту дар хотири ҷону дили мост,
Суханонат ҳама ҷо вирди забон аст ҳанӯз.
Аз ғаму ҳаҷри ту, ай нури муроди дилу ҷон,
Тани мо хаста аз ин бори гарон аст ҳанӯз.
Ҳама аз дурии рӯят ба наво мегӯяд,
Ёди рӯи ту маро роҳати ҷон аст ҳанӯз.
Устоди зиндаёд Меҳрубон Назаров, ки сиришт ва сарнавишташро бо ҳунар бахшида буд дар зиндагӣ номи покашро дар равоқи эътибори миллати соҳиб тамаддуни тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ ҳаккокӣ намуда буд.
Таъсиси Институти давлатии санъати Тоҷикистон фарҳанг ва номи поки абадзиндаи шоири шаҳири миллат, Қаҳрамони кору пайкори меҳнати Шӯравӣ устод Мирзо Турсунзодаро ба он гузоштан ташаббуси бевоситаи ӯ буд. Ва шояд ҳамин покиву поктинатиаш буд, ки мақомоти олии Тоҷикистони Шуравӣ баъди аз сенздаҳ соли фаъолияташ дар мақоми Вазири маданияти Тоҷикистон ӯро ба сарварии Институти давлатии санъати Тоҷикистон овард, то он малакаву таҷрибаи бузурги беш аз сисолаашро ба шогирдон омӯзонад.
Ва сарнавишт ӯро дар мақоми ректори Институти давлатии санъати Тоҷикистон он қадар соҳиби эътибораш намуд касе аз роҳбарияти он мақом таълими то ҳанӯз ба ҳадди ӯ нарасидааст. Дар ҳамин мақом соли 1982 бо унвони илмии дотсент ва соли 1988 бо унвони олии илмии профессор сазовор мегардад. Ӯро ҳамчун вазири маданияти РСС тоҷикистон бо хирад ва дониши азалӣ дар саросари Тоҷикистони Шуравӣ мешинохтанду арҷаш мегузоштанд. Мактаби касбии ҳунараш садҳо шогирдонро фарогир буда, садҳо ҳунармандони варзида, бо шарофат ва дастгирии бевоситаи ӯ соҳиби унвонҳои баланди ҳанарӣ гардидаанд. Ва садҳо хонадони бофарҳанги кишвар номи покашро ба фарзандон ва наберагонашон гузоштаанд. Бо умеди он, ки ин ном ва руҳи поки ба ҳақ пайвастаи ин фарзанди фарзонаи миллат ба фарзанд ва набераи онҳо мадад намояду онҳо чун ӯ соҳиби арҷу эҳтироми баланд гарданд. Оре, ҳамеша номи поки фарзандони покниҳоду покнажод дар равоқи эътибори давлату миллат бо ҳарфҳои тилоӣ ба абадият сабт гардида, ба ояндагон аз рӯзгори ибратбахши онҳо қиссаҳо хоҳад намуд. Ҳамин будаву ҳаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохуриҳояш бо мардум, бо таъкид аз фарзонагони миллат ёдовари намуда, рузгори ибратбахши онҳоро мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор медиҳад. Бошад, ки аҳли ҳунар ва фарҳанги кишвар дар остонаи ҷашни садумин солгарди мавлуди мубораки устод Меҳрубон Назаров ҳамоиши илмӣ-амалиеро дар такримӣ ӯ ба миён биёранду номи некашро бори дигар ҳамнишини қалби аҳли фарҳанг намоянд.
Ҷумъахони Темурзода.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: