Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро дар Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ба истифода доданд Апрель 28, 2022 11:00

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро дар Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ба истифода доданд Апрель 28, 2022 11:00

29-04-2022, 07:49
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро дар Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ба истифода доданд Апрель 28, 2022 11:00
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд.

Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” соли 2002 дар деҳоти Корези ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти “сементал”, 90 сар зоти “шведӣ”, 110 сар “сиёҳалои тоҷикӣ” ва 863 сар чорвои маҳаллӣ парвариш меёбанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагӣ дар самти васеъ намудани имконияти истеҳсолӣ ва таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ баҳои баланд дода, меҳнаткашонро ба истифодаи ҳарчи бештари имконияти табиӣ ҳидоят намуданд.

Чорвои ширдеҳ дар хоҷагии мазкур 450 сарро ташкил менамояд ва зиёд намудани саршумори он яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти хоҷагӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад имсол дар хоҷагӣ 360 сар насл гирифта шуд, ки назар ба солҳои гузашта зиёд аст.

Бо мавриди истифода қарор додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзот дар хоҷагӣ зиёда аз 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Парвариши чорвои майда самти дигари Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ба шумор рафта, бо ин мақсад ҳоло 6 ҳазор сар гӯсфанд, аз ҷумла мешҳо 4 ҳазор ва барра 3 ҳазору 680 сарро ташкил менамояд. Шумораи бузҳо 1 ҳазору 186 сарро ташкил дода, то ин ҷониб 500 сар насл гирифта шудааст. Ҳамзамон дар хоҷагӣ 60 сар асп парвариш меёбад.

Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 сар мурғ, ҳазор сар бедона ва ҳазор сар кабк парвариш карда мешавад. Аз ин танҳо дар як рӯз қариб 8 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад.

Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар заминҳои хоҷагӣ 4 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил карда шудааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.

Ғунҷоиши сардхонае, ки дар дохили хоҷагӣ мавҷуд аст, 40 тонна маҳсулот буда, ба талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти хоҷагиро ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал метавонад ба фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: