Таъиноти кадрӣ 21.02.2022 14:00, шаҳри Душанбе22-02-2022, 07:18
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар як қатор мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин шуданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Саидзода Раҳим Ҳамро - вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед - муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия - муовинони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин, Икромӣ Хуршед аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Ҷаъфарзода Сабзаалӣ - директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ таъин гардид. Муовини директор ва сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ Раҳимзода Шабнам-муовини якум, Чоршанбезода Сураҷ ва Собирзода Парвиз -муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардиданд. Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти мамлакат дар бораи таъин намудани Мирзозода Абдуқаҳҳор ва Маҳмадализода Маҳмурод ба вазифаҳои Сараудиторони Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони як қатор Раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон иваз карда шуданд. Зимни мулоқот таваҷҷӯҳи асосии Сарвари давлат ба ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳаҳои илму маориф, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи илмомузӣ ва бедор кардани завқи толибилмони зинаҳои гуногуни таҳсилот ба омӯзиши дақиқу сареҳи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва забоншиносӣ, ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон ва таъмини шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи махсус равона гардид. Бо натиҷагирӣ аз дастуру супоришҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ фаъолияти бонизоми тамоми зинаҳои таҳсилот бояд аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор риоя ва назорат карда шавад ва камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар муҳлатҳои муайян бартараф гарданд. «Он таваҷҷӯҳ ва ғамхорие, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф зоҳир намудаанд, гувоҳи он аст, ки ин соҳа дар сиёсати пешгирифтаи мо дар мадди аввал меистад ва минбаъд низ ба ин соҳа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад,»- иброз доштанд Пешвои миллат. Президенти мамлакат ба кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ таъингардида дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои дар оянда бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат фаъолият намудан барору муваффаққият хостанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.