Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”

Бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”

9-02-2022, 11:59
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
Бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”
09.02.2022 11:40, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” иштирок карданд.

Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хати оби полезиро, ки аз чуқурии 40 метр бароварда шуда, барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шуд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳолҳои зардолу ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.

Бунёди боғи интенсивии зардолу дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми маъмурияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” амалӣ гардид.

Дар ин қитъа ниҳоли зардолуҳои қадпасти аз Ҷумҳурии Туркия воридгардида аз рӯи меъёри 4 бар 3 шинонида шудааст.

Ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дар байни қаторҳои боғи навбунёд, инчунин кишти зироатҳои барвақтӣ, аз ҷумла картошкаи зери плёнка ва сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Тибқи стандарти бунёди боғҳои анъанавӣ, дар масоҳати 5 гектар замин мувофиқи меъёри 8 ба 8 метр дар як гектар замин, шинонидани 150 -156 бех ниҳол муқаррар карда шудааст. Аз рӯи меъёри 10 ба 10 метр бошад, дар як гектар метавон 100 бех ниҳол шинонид, ки дар шароити феълӣ ин усули бунёди боғ камдаромад мебошад.

Дар ҳамин масоҳати 5 гектар замини ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди чор ҳазор ниҳоли зардолуи қадпаст шинонида мешавад, ки ин яке аз афзалиятҳои бунёди боғҳои интенсивӣ мебошад. Зимнан ҳамин усул, инчунин ба гирифтани маҳсулнокии баланд ва сифатнокии мева мусоидат мекунад.

Ҳамин аст, ки баъди тасмими ташкили чунин боғҳо, дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар “Боғи миллии Ваҳдат” бештар аз 18 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтисивӣ бунёд карда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: