Рушди сайёҳӣ8-08-2019, 09:26
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моро ба он водор месозад, ки суннатҳои аҷдодии худро пос нигоҳ дорем ва ҷиҳати ҷалб намудани сайёҳон ба Тоҷикистони биҳишосоямон саъй намоем. Табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад. Ватани мо сарзамини афсунгару зебоест, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахш ва чашмаҳои маъданӣ бой аст. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 200 чашмаву обҳои маъданӣ мавҷуданд, ки дар пояи онҳо осоишгоҳҳои фароғатию табобатӣ қомат афрохтаанд. Аз зумраи осоишгоҳҳои имрӯз маъруф ба монандӣ «Баҳористон», «Гармчашма»,«Хоҷа Оби гарм», «Шоҳамбарӣ» ва «Зумрад» ҷойҳои хубе барои истироҳатанд ва ба ин истироҳатгоҳҳо натанҳо аз Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди ватанамон низ меҳмонон ташриф меоранд. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст. Фазои сайёҳии кишвари моро зебоии табиати нотакрор, аз қабили кӯлҳои кӯҳӣ- Искандаркӯл, Зоркӯл, Рангкӯл, Сарез, обанборҳои Норак, Қайроққум, офаридаҳои табиат- Чилдухтарон,Чилучорчашма, қуллаҳои Помир, кӯҳҳои Фон, мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, шаҳрҳои зебои қадима - Истаравшан, Кӯӯлоб, Панҷакент, Хуҷанд ва амсоли инҳо ташкил медиҳанд. Чашмаҳои маъданӣ ва обҳои зулолу шифобахши Тоҷикистон таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намуда, ба рушди туризм мусоидат мекунад. Ба чунин ҷойҳои муқаддас на танҳо мардуми диёрамон балки ихлосмандони хориҷи кишвар низ ба чашмаҳои шифобахши он таваҷҷуҳи хоса доранд. Агар дарёҳои шӯху сероби кишвари мо манбаи асосӣ барои истеҳсоли қувваи барқ ва шодобкунандаи кишварҳои Осиёи Миёна ба шумор раванд пас чашмаву обҳои маъданӣ низ барои солимии ҳар инсон муҳим арзёбӣ мегарданд. Танҳо дар соли 2017 ба ҷумҳурии мо 14 ҳазору 437 сайёҳи хориҷӣ, аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиё ва Амрико ташриф овардаанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 16 ҳазору 464 нафар сайёҳ ба кишварҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Хитой, Чин, Фаронса, Британияи Кабир, Руссия ва Қирғизистон ҳамчун тоҷир ва адои рукнҳои динӣ, сафар намудаанд. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст. Инчунин, бо мақсади рушди туризми минбаъдаи дохила ва байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоиди меъёрию ҳуқуқии қонунгузорӣ фароҳам оварда шудааст. Гарчанде солҳои охир соҳаи сайёҳӣ дар кишвари мо рӯ ба тараққӣ ниҳода бошад ҳам, аммо ба гуфтаи мутахассисони соҳа бештари кишварҳои ҷаҳон оиди зебоии табиати мамлакати мо иттилои кофӣ надоранд. Барои ин лозим аст, корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар самти туризм ҷоннок намоем. Афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳуриамон, маҳз бо шарофати сиёсати дохилӣ ва хориҷии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими сулҳу саллоҳ, Ваҳдати Миллӣ, самараи неки тадбики ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ва баргузории чандин чорабиниҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, зиёд гардид. Мо медонем, ки сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши муҳимро мебозад. Масалан: дар Миср 60 фоиз, дар Швейтсария 34 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи туризм кор мекунанд. Соҳаи марбута метавонад нафарони зиёдеро бо ҷои кор таъмин намояд. Мувофики маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ҳар як сайёҳе, ки ба дилхоҳ кишвар меояд, дар як вақт нуҳ нафарро ба ҷои кор таъмин менамояд. Аз ин рӯ, дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи ин соҳа метавонад миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро ба кори доимӣ таъмин намояд. Ҳамзамон дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми даромаднокии аз ин соҳа метавонад даҳҳо маротиба боло равад, ки ин албатта боиси баланд гаштани ҳолати некуаҳволии халқ мегардад. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.