Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қазоқистон. Гардиши рўйдодҳо

Қазоқистон. Гардиши рўйдодҳо

18-01-2022, 10:52
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Қазоқистон. Гардиши рўйдодҳо
Дар Тоҷикистон нишаста, чашму гўш, ҳушу ёдамон ба сўйи Қазоқистон аст. Мо ҳангомаҷў нестем. Хоҳиши онро ҳам надорем, ки дар ин кишвари бо Тоҷикистон дўсту наздик ин ҳодисаҳои даҳшатбор идома ёбад. Зеро Қазоқистонро мо хуб мешиносем. Ин ҳамон кишварест, ки дар сахттарин рўзҳои ба сари мардуми тоҷик омада, дар оғози солҳои навадум як баталион низомиёни худро барои ҳифзи сарҳад ба Тоҷикистон фиристода буд ва чанде аз низомиёнашро дар ҷараёни иҷрои вазифҳои хидматӣ талаф ҳам дод. Ногуфта намонад, пас аз поёни муқовиматҳо дар Тоҷикистон ва имзои санади сулҳ, ба хотири сарбозони қурбонишудаи қазоқ дар Тоҷикистон дар ҳошияи боғи Дўстии шаҳри Душанбе ёдгорие гузошта шуд, ки он нишонаи арҷ ба саҳмгузории ин кишвар дар барқарории суботу оромӣ буд.
Дар солҳои пас аз эълони истиқололи Тоҷикистону Қазоқистон муносибатҳои ду кишвар беш аз беш тавсеа ёфт. Қазоқистон, ки нуҳумин кишвари дунё аз рўйи масоҳат аст ва сарзаминаш захираҳои фаровони фоиданоки табии зиёд дорад, имрўз аз шарикони боэътимоди тиҷоратии мост. Бино ба омори расмӣ, 13 дарсади робитаҳои тиҷоратии хориҷии мо бо ин кишвар рост меояд. Мо аз қазоқҳо чиҳо мегирему ба онҳо чиҳо медиҳем, қариб барои ҳар як сокини кишвар маълум аст.
Бесабаб набуд, вақте дар ин кишвар бетартибиҳо оғоз ёфт, роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин давлатҳое буд, ки ба ҳимоят аз кишари дўст - Қазоқистон овоз баланд кард. 5 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дода, бо ҷонибдорӣ аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон изҳори умедворӣ карданд, ки субот ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар ба зудӣ барқарор хоҳад шуд. Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон омодагии кишварашро барои ширкат дар иқдомҳои сулҳҷўёнаи СПАД тибқи уҳдадориҳои ҳампаймонии аъзои ин созмон худ эълон намуданд.
Ин дар ҳоле буд, ки дар оғози ҳодисаҳо ҳамлаи иттилоотии манбаъҳои вобаста ба хориҷ низ сар шуда, дар хабару гузоришҳо вазъият дар шаҳрҳои Қазоқистон ба гунае тасвир мегардид, ки ҳамин лаҳза ё соате пас ҳукумат ба дасти шўришгарон мегузарад. Дар баробари ин баъзе коршиносон, дар изҳори назарҳояшон давлатҳоро ором карданӣ мешуданд, ки «барои ворид кардани неруҳои Созмони амнияти дастаҷамъӣ ягон асос вуҷуд надорад». Дигаре бо тамасхур мегуфт: «КазВласть» (яъне ҳукуматдорони Қазоқистон) дар мавриди зарурати ворид кардани қувваҳои СПАД гапҳои бемаънӣ мегўянд», ё нафари дигаре воҳима меандохт: «Оташ дар Осиёи Миёна аланга мезанад, тамоми минтақаро ба коми худ мекашад» (мазмун, дигар роҳи наҷот нест ва ба ҳар чӣ мо мегўем, бовар кунед!).
Ҳамзамон, хабарҳое низ мерасиданд, ки моҳияти амалҳои ғофилгиронаи коргардонҳо ва мақсади ҳамон эътирозҳои ба ном «сулҳомез» дар Қазоқистонро равшан бозгў мекарданд: «Авбошон дар Алмаато фонди тиллоии кинои Қазоқистонро нобуд карданд», «Дар Қазоқистон неруҳҳои амниятӣ ба тарафи мардум гузаштанд», «Шӯришгарон сари ду пулиси асирро дар Алмаато буриданд»… Ин шумори ками унвони хабарҳое буд, ки ВАО-и хориҷӣ дар бораи вазъият дар рўзҳои аввал навиштанду нашр карданд.
Аммо воқеият ин буд, ки иқдомҳои давлат барои таъсиси Комиссияи ҳукуматӣ ва омодагӣ барои кам кардани нархи маводи сўхт, аз ҷумла газ (ки сабаби ба майдон баромадани эътирозгарон шуд), дигар барои созмондиҳандагони намоишҳо аҳамият надошт. Балки хабарҳо аз он мерасид, ки мавҷи эътирозҳо ба суръат дар шаҳрҳои дигар паҳн мешуд. Ба зудӣ эътирозгарон аз роҳи намоиши осоишта берун рафта, ба бетартибӣ ва ба ғорату ҳамла ба марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои давлативу шахсӣ гузаштанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъият дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ шуд.
Президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳукуматро ба истеъфо фиристода, сарварии Шурои амниятро бар уҳда гирифту раҳбари аввали давлат Нурсултон Назарбоевро канор гузошт. Бо хоҳиши президент ба кишвар неруҳои СПАД ворид шуданд ва аз он пас чархаи рўйдодҳо ба самти дигар тоб хўрд.
Бар асоси гузориши ниҳодҳои вобаста ба давлат, дарҷараёни чанд рўзи аввали эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта, зарари ба иқтисоди Қазоқистон воридшуда, аз 200 миллион доллар гузаштааст. Дар ҷараёни бархўрдҳои мусаллаҳона, ки аз нимаи дуюми 5 январ оғоз ёфт, яъне бо гузашти се рўз аз саршавии эътирозҳо 13 низомии мақомоти қудратӣ кушта шуданд, ки ҳамон ду нафари ваҳшиёна ва намоишкорона ба қатл расида низ аз ҷумлаи қурбоншудаҳоянд.
Ба гузории нави Вазорати тандурустии Қазоқистон дар нооромиҳои ин кишвар 164 нафар ҳалок шудааст.
Ба қавли вазорат, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кўдак, дар вилояти Қизилорда 21 нафар, дар Ҷамбул 10 нафар ва дар вилояти Алмато 8 нафар кушта шудаанд.
Нозирони ин ҳодисаҳо ва фаъол шудани дастаҳои ғоратгар, ки аз миёнаҳои 5 январ худро нишон доданд, дар суҳбат ба расонаҳо гуфтаанд, ки инҳо дигар ҳамон нафароне набуданд, ки дар соатҳои аввали эътироз ба майдонҳо баромаданд, ки шумораашон фақат ба 250 нафар мерасид, балки акнун дар хатти пеши эътирозгарон як нерўи хуби созмонёфта, мусаллаҳ ва аз ҷониби касе ҳидоятшаванда меистоданд. Ин фаразия ҳам баён шуд, ки онҳоро баъзе маъмурони собиқи амниятии Қазоқистон, ки дар ин охирҳо барканор шудаанд, роҳнамоӣ мекарданд, зеро Тоқаев дар поёни соли гузашта, баъзе аз мақомоти дар даврони роҳбарии президенти собиқ Назарбоев бонуфуз ва ҳоло ҳам дар қудрат қарордоштаро аз вазифаҳояшон озод карда буд.
Ин ҳоло маълум шудааст, ки мақомоти амниятии Қазоқистон вазъи воқеии кишварро аз роҳбарият пинҳон медоштаанд ва давлат ҳам қаноату оромии шаҳрвандонро аз он чӣ буд, зиёдтар мепиндошт.

СПАД нақшаи дастандаркорони эътирозҳоро вайрон кард
Чун Шўрои амнияти СПАД тасмим барои фиристодани нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ ба Қазоқистонро эълон кард, дар нашри хабарҳо ҳам ҳолати дигаре пеш омад. Зеро бори аввал буд, ин созмон бо ҳайати Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон чунин як қарори фаврӣ гирифт ва ҳамаи кишварҳои аъзо ( ба истиснои Қирғизистон, ки бо баҳонаи дарёфти ризоияти парламенти кишвар фурсатталабӣ мекард ва дар интизори ба кадом сўй майл кардани ақрабаки ҳодисаҳо вуруди нерўҳояшро бо таъхир анҷом дод), якдилона барои фиристодани низомиёни худ иқдом карданд.
Асоси қонунии ин тасмим он буд, ки раиси созмон дар соли 2022 – сарвазири Арманистон Пашинян гуфт: «Бинобар муроҷиати Президенти Қазоқистон ва бо дарназардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ба сабаби дахолати беруна, Шўрои амнияти дастаҷамъии СПАД тибқи моддаи 4-и Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифта шуд, ки Қувваҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД барои як муддати маҳдуд бо мақсади таъмини суботу оромӣ ба ин кишвар фиристода шаванд».
Чуноне медонем, СПАД 15 майи соли 1992 бо ҳадафҳои таҳкими сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи дастаҷамъонаи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв таъсис ёфтааст. Аммо роҳбарияти Қазоқистон фақат пас аз тасдиқ шудани дахолати хориҷӣ ба эътирозҳо ва ваҳшиёна кушта шудани кормандони амниятиву полис чунин тасмим гирифт.
Дар ин миён Президенти Қазоқистон ду бор ба шаҳрвандон муроҷиат карда, ҳамзамон бо эълони ҳолати фавқулода, ваъда дод, ки муборизаро бо авбошон ва террористон, ки бо дасти хориҷиҳо идора мешаванд, шадидтар хоҳад кард. Дар муроҷиати дуюми Тоқаев, ки шаби 7 январ шабакаҳои хабарӣ паҳн карданд, қотеъона талаб кард, афроди авбош ва террористро дар сурати итоат накардан ба нерўҳои интизомӣ бе огоҳӣ безарар гардонанд.
Бесуботиҳо, вале ҳоло чаро?
Ба андешаи коршиносон, дар солҳои охир норозигӣ аз тарзи кори мақомот дар Казоқистон бештар шуд, зеро «шиори Назарбоев - аввал иқтисод, баъд сиёсат» аз кор монда ва иҷрои ҳамон уҳдадориҳое, ки давлат дар бахши иҷтимоӣ дошт, барҳам хўрд. Дар чанд соли гузашта мардум нафақат беҳбудиеро надидаанд, балки тағйиротеро барои беҳтар шудани вазъияти зиндагии худ дар ояндаҳои наздик намебинанд ва дурнамои рўзгори худ ва фарзандонашон ҳам норавшан аст. Ин ҳолат ба гуфтаи онҳо, шароити пандемия, ки Қазоқистон ба сахтӣ аз сар мегузаронад, ин эҳсосотро боз ҳам шадидтар кардааст.
Сабаби дигар, кишварҳои ғарбӣ барои ноором кардани вазъ дар марзҳои Русия бо ҳар баҳона талош мекунанд ва аз андак фурсат истифода мебаранд, то вазъият дар ин кишвар ва минтақаи давлатҳои ҳампаймонашро ноором созад.
Аммо ин назар ҳам вуҷуд дорад, ки мақомоти қазоқ ба рўйдодҳо дер посух доданд. Вақте вокуниш нишон дода, ба қарори лозим омаданд, ки субот ва оромӣ фурў рафт.
Масалан, Даря Асламова, журналист ва таҳлилгари масъалаҳои ҳарбӣ бар ин андеша аст, ки мақомоти Қазоқистон бояд хеле пештар фикр мекарданд то пойдевори тартибу низом пош намехўрд, миллатгароён ва зери ниқоби онҳо қувваҳои тахрибкор дар ҷомеа ҷойгоҳи устувор намеёфт ва вориди майдонҳо низ намешуд.
Кўшише барои инқилоби «ранга»
Сиёсатшиносон инчунин ошўбҳои Қазоқистонро бо фирори Америка аз Афғонистон низ рабт медиҳанд. Ба андешаи онҳо хурўҷи неруҳои америкоӣ боиси ҷон гирифтани гурўҳҳои тахрибкор, густариши ақидаҳо ва равияҳои ифротгароӣ дар минтақа шудааст. Дар ниҳоят заминаи барои он гардид, ки Қазоқистон мавриди ҳамлаи радикалҳо, онҳое, ки амалкарди ғайриқонунӣ пешаашон аст, қарор гирифт. Зидди мардуми осоишта силоҳ истифода бурдан ва ба моликияти давлатӣ ва хусусӣ зарар расонидан низ аз амалҳои маъмулии пайравони ин ҷараён аст, ки онро мо бараъло мушоҳида кардем.
Дар воқеъ, ҳар кадоме аз ҷонибдорони ин андешаҳо ба таври худ ҳақ ҳастанд.
Солеҳ ЮСУФОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: