Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд Декабрь 24, 2021 12:0024-12-2021, 15:01
Хабарро хонданд: 109 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Пешвои миллат Сарвари давлати Озарбойҷонро ба муносибати рӯйдоди хотирмон – 60-солагии зодрӯзашон гарму ҷӯшон муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои навро ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзу карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайваставу созандаи муҳтарам Илҳом Алиевро дар ҷодаи рушди тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон махсусан таъкид намуданд. Дар ин зимн роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима ва ҷараёни мусбати инкишофи онҳоро тайи солҳои ахир зикр карданд. Ҳамчунин, алоқамандии тарафайн ба пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити байни ду кишвар, аз ҷумла бо роҳи татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти қаблан бадастомада таъкид гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.