ФАЙЗОБОД, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Душанбе-Файзобод–Роғун хатсайри нави сайёҳӣ боз гардид, ки он қадами устувор дар рушди соҳаи сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ, этнографӣ ва истироҳатӣ дар мамлакат ва муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, хусусан манзараҳои нотакрору афсунгари Роғуну Файзобод мебошад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода қабл аз сафар ба ин диёр изҳори назар намуд, ки хатсайри нави сайёҳии Файзободу Роғун, ки дорои табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва имконияти бои сайёҳӣ мебошад, на танҳо дар рушди туризми дохилӣ, балки муаррифии зарфияти сайёҳии ин минтақаи кӯҳистони кишвар нақши муассир мегузорад.
Тавассути хатсайри нави сайёҳӣ имконияти қабулу хизматрасонии сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун муаррифӣ гардида, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, инчунин воситаҳои ахбори омма ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғунро тамошо намуданд.
Тафсилоти бештар дар гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд, ки ба хатсайри мазкур шомил буд.
Боздид аз Қалъаи Сангин ва мақбараи Хоҷа Ҳотами Асами ноҳияи Файзобод
Дар даромадгоҳи ноҳияи зебоманзари Файзобод сайёҳони хатсайри Душанбе-Файзобод–Роғунро раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода истиқбол намуда, хайрамақдам гуфт ва доир ба имконияти сайёҳии ноҳияи Файзобод маълумот дод. Марқади донишманди олами ислом Абдураҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ, мулаққаб ба Асам (асри 9) дар назди деҳаи Сари чашмаи ноҳия ва ёдгории Қалъаи Сангин ҷойгир мебошад. Мақбараи ин донишманди исломӣ аз ду гӯрхона иборат буда, бо хишти пухта дар асри 16 бунёд карда шудааст. Солҳои 90-уми асри 20 ин мақбара пурра таъмир гардид. Абдураҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ, мулаққаб ба Асам соли 755 дар Балх чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Номи падари ӯро донишмандон дар асарҳои худ Ҳотам ибни Унвон, Ҳотам ибни Юсуф ва ғайра зикр кардаанд. Шайх Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё», ки «Зикри Ҳотами Асам Раҳматуллоҳи алайҳ» номгузорӣ шудааст, чунин нигоштааст: «Он зоҳиди замона, он обиди ягона, он маъризи дунё, он муқбили уқбо. Он ҳокими карам Шайх Ҳотами Асам аз бузургони машоихи Балх буд ва дар Хуросон ба сар омада буд. Муриди Шақиқи Балхӣ буд. Метавон гуфт, ӯ баъд аз булуғ як нафас бе муроқабат ва бе муҳаббат ва бе муҳосибат аз вай бар наомада буд ва як қадам бе сидқ ва ихлос барнагирифта буд».
«Асам» калимаи арабӣ буда, маънояш кар, ношунаво аст, ки бо ин ном мулаққаб гаштааст. Сабаби лақаби карро гирифтанаш одоби баланд, хилватнишинӣ, парҳезкорию ҳақҷӯӣ буда, шайх аз гуфтори ботил, амали зишт ва кирдори бад доман баркашида, худашро кар нишон медодааст. Дар ин бора дар «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ хеле равшан оварда шудааст.
Гурӯҳе бар онанд зи аҳли сухан,
Ки Ҳотам Асам буд бовар макун.
Баромад танини магас бомдод,
Ки дар чанбари анкабуте фитод.
Қалъаи сангин дар масофаи 1,5 км дуртар аз самти шарқии маркази ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Сари чашма воқеъ аст. Қисми шарқии димнаро қабристони деҳаи Сари чашма ишғол кардааст. Масоҳати умумии димна 80 га мебошад. Димна харобаҳои шаҳри асримиёнагии Вашгирд мебошад. Номи дигари ин димна Тали возҷир, яъне Санги сурх мебошад. Он ба қарнҳои 4-13 мансуб аст.
Оби маъдании «Файзобод» аз умқи 1350 метр берун меояд
Бо роҳнамоии раиси ноҳияи Файзобод вобаста ба саноатикунонии ноҳия меҳмонон аз корхонаи нави истеҳсоли оби менералии Файзобод дидан намуданд. Корхонаи мазкур аз тарафи сохибкорони маҳалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шудааст. Тибқи иттилои масъулини корхона, айни замон дар он қариб 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Роҳбарияти корхонаи мазкур барои содироти ин оби маъданӣ бо соҳибкорони ҷумҳурии Узбекистон гуфтушунид доранд, то дар оянда содироти онро ба роҳ монанд. Оби маъдании «Файзобод» аз умқи 1350 метр берун меояд ва ҳарорати он 25-28 дараҷаро ташкил медиҳад, таркиби он аз элементҳои гидрокарбонат, намаки сулфат, карбон, калий, калсий ва натрий иборат мебошад. Дар асоси тавсеаи табибон оби маъдании «Файзобод» хусусияти шифобахшӣ дошта, ба бемориҳои давомноки меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, талха ва мубодилаи моддаҳо таъсири хуб мебахшад.
Боздид аз Осорхонаи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Файзобод
Сайёҳони хатсайри сайёҳии Душанбе-Файзобод-Роғун дар Осорхонаи таърихӣ- фарҳангии ноҳияи Файзобод бозёфту нигораҳои давраҳои гуногуни таърихии ҳудуди ноҳияро, ки гирд оварда шудаанд, тамошо намуданд. Бозёфту нигораҳо бозгӯи онанд, ки мардуми ноҳияи Файзобод аз қадимулайём соҳибфарҳангу соҳибҳунар, хусусан кулолгару, оҳангар ва чевару ҳунарманди чирадаст будаанд.
Дар Осорхона гӯшаи «Дастони моҳир» мавҷуд аст, ки бо сӯзаниҳои рангоранг, кӯрпачаю болиштҳои қуроқ ва гулдӯзиҳо оро дода шудааст. Хусусан дастархонҳо ва гаҳворапӯшҳо, ки дар омода намудани онҳо қуроқи «турнақатор» истифода гардидааст, инчунин ҷомаю миёнбанд, ҷелаку чагман ва гилемҳои рағзабофишуда хеле диққатҷалкунанда буда, аз ҳунари волои бонувони чирадаст башорат медиҳанд.
Дар заминаи ин сафар меҳмонон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дастони ҳунармандони ноҳияро дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳия тамошо намуда, ба он баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ меҳмонон маҳсулоти дилхоҳашонро харидорӣ намуданд.