Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭҲТИЁТ БОШЕД! 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Тоҷикистон фаромадани туман дар назар аст

ЭҲТИЁТ БОШЕД! 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Тоҷикистон фаромадани туман дар назар аст

16-12-2021, 07:27
Хабарро хонданд: 101 нафар
Назарҳо: 0
ЭҲТИЁТ БОШЕД! 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Тоҷикистон фаромадани туман дар назар аст
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба сокинон ва меҳмонон якчанд тавсияҳоро пешниҳод менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

КҲФ тавсия медиҳад, ки туман боиси чунин хатарҳо, аз қабили нонамоён будан, монеъ шудан ба ҳаракат дар роҳу нақлиёт ва афзоиши эҳтимолии садамаҳои нақлиётӣ шуда метавонад.

Барои он ки одамон худро ҳангоми туман то ҳадди имкон муҳофизат намоянд, пеш аз ҳама:

— шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва нафастангӣ аз берун баромадан худдорӣ намоянд;

— пиёдагардон ҳангоми аз кӯчаю роҳҳо гузаштан бояд ниҳоят эхтиёткор бошанд;

— ронандагони воситаҳои наклиёт суръати ҳаракатро кам карда, қоидаҳои ҳаракатро катъиян риоя кунанд;

-эҳтиёт бошанд, суръати ҳаракати аз меъёр зиёдеро, ки обу ҳаво ва шароити роҳ имкон намедиҳад, баланд накунанд;

-Дар чорроҳаҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард зиракӣ зоҳир намоянд;

— суръати харакатро бо назардошти шиддат, хусусият ва ҳолати воситаҳои нақлиёт ва бор, роҳ ва шароити табиӣ, аз ҷумла, намоён будани самти ҳаракат риоя кунанд.

КҲФ хотиррасон мекунад: набояд фаромӯш кард, ки туман барои ҳамаи истифодабарандагони роҳ хатар дорад.

Бодиққат ва эҳтиёт бошед! Рақами ягона барои ёрӣ ва наҷотдиҳӣ: 112, шуъбаи изтирории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: