Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

15-12-2021, 14:10
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Конференсияи ҷумҳуриявии «Нақши ҲХДТ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ», ки 10 декабр дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баргузор шуд, бахше аз барномаи васеи сиёсӣ ва фарҳангие буд, ки бо ибтикори КИМ ҲХДТ бахшида ба 27 - солагии ҳизб бо иштироки мақомоти давлатӣ, ҳизбӣ ва фаъолони ҳизбӣ аз саросари ҷумҳурӣ муддати ду рўз доир гардид.
Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки раёсати ин ҳамоишро бар уҳда дошт, дар оғоз гуфт: - Мо ва шумо- аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ширкат дар конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ” ҷамъ омадаем. Ба ин муносибат Шуморо, ки барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ташриф овардаед, хайрамақдам мегўям.
Дар оғоз ва анҷоми кори конфренсияи ҷумҳуриявӣ Суруди миллӣ садо дод, ки аҳли толор арҷгузорӣ карданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар идома ёдовар шуд: “Имрўз барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо санаи муҳиму арзишманди таърихӣ мебошад. Бо арзи эҳтиром ва садоқат ҳамаи Шумо ҳамсафони азизро ба Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 27 сол қабл бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфта, саҳифаи тозаеро дар фазои сиёсӣ ва таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол боз намудааст, самимона табрик мегўям.
Пас аз ин, Раёсати кории конфренсия дар ҳайати Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сатториён Матлуба Амонзода – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин– Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Мансурӣ Дилрабо – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон ва Раҳимӣ Фарҳод – Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Рудобаи Мукаррам – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Юсуфӣ Хайринисо – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Латифзода Асрор - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қурбонова Руқия – раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, аз вазоратҳо, кумитаҳо ва муассисаҳои дигари давлатӣ иштирокчиёни сатҳи баланди конференсия дар толор буданд.
А. Азизӣ зимни суханронӣ ба ин нукта таъкид кард, ки соли равон мардуми шарафманди мамлакат бо рўҳияи баланди ифтихор аз Ватандорӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуд ва боиси ифтихору сарфарозии ҳар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватан дар тамоми корҳои бунёдкорию созандагӣ ҳизб нақши муҳим ва созанда дорад. Чун ҳамеша,мо шоҳиди падидаҳои фараҳбахши иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ мешавем, саҳми ҳизб ва аъзои онро дар ҳамаи ин рўйдодҳо бараъло эҳсос менамоем.
Зикр намудан бамаврид аст, дар давоми 27 сол ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ҷомеаи кишварро аз роҳи сарбаста ба масири сулҳу суботу шукуфоӣ ва пешрафтҳои рўзафзун раҳнамун сохта, дар ин марҳила ҳамеша барои пешрафт ва ободии Ватан талош намудааст. Ҳизби мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки бо ҳадафу нақшаҳои ҳукумати мамлакат тавъам мебошанд, ҳамеша саҳмгузор буду ҳаст.
Сипас, бо сухани табрикотӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насридинзода Эмомалӣ Сайфиддин баромад кард.
Мавсуф дар баромади худ , аз ҷумла ба ин нукта таъкид кард, ки дар тӯли 27 сол масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мамлакат бо маром рушд намуда, ба марҳилаҳои назаррас ноил гардидем.
Ў афзуд, агар ба таърихи фаъолияти ҲХДТ назар кунем, маълум мегардад, ки ин ҳизби бонуфуз таҳти роҳбарии Раиси ҳизб ҳамчун падидаи сиёсӣ дар таърихи муосири халқи мо барои расидан ба ормони миллӣ нақши муассир ва ва татбиқи ҳадафҳои олии давлату миллат нақшофар мебошад.
Бо итминони комил метавон қайд намуд, ки татбиқи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ барои расидан ба ормонҳои миллӣ минбаъд низ мусоидат намуда, ғояҳои давлатдории миллиро боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.
Ў зикр намуд, ки тайи ин муддат фаъолияти ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҳамкории кумитаҳои иҷроияи ҳизб бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ, вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва умумӣ боз ҳам тақвият ёфт.
Дар идома аҳли нишаст сухани табрикотии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбонро шуниданд.
Раиси вилояти Хатлон ба унвони мизбони ҳайати меҳмонон ва ҳамчун саҳмгузори баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба 27 –мин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар баромади худ зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» қариб се даҳсолаи ахир садоқатмандона баҳри таъмини арзишҳои умумимиллӣ, соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи ҳизб рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.
Ҳакимзода Қурбон ҳамчунин таъкид намуд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.
Ў, инчунин, зикр намуд, ки мақсаду мароми ҲХДТ бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг буда, ҳизби мазкур дар татбиқи Барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи халқ такя мекунад
Раиси вилояти Хатлон ёдовар шуд, ки «Басо рамзист, ки 27-солагии ҲХДТ тавъам бо тантанаҳои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардида истодааст». Номбурда дар бахше аз суханорониаш ба таври васеъ оид ба дастовардҳои вилояти Хатлон дар тӯли ин солҳо ибрози назар карда, дар охир аҳли толорро бо 27-солагии ҲХДТ табрик намуд.
Мутобиқ ба барномаи кории конфренсия бахши маърўзаҳо бо суханронии дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор идома ёфт.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ҳизби мо зодаи даврони истиқлолият бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифодаи умеду ормони волотарини мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуд.
Чун таърихи таъсисёбии ҳизбро варақ гардонем, ба дурустӣ мебинем, ки ҳанўз дар айёми бисёр ҳассос - замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсиси ҳизби сиёсие пеш омада буд, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Зеро дар ҳамон марҳилаи ҳасос зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як андешаи нави созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшида шавад.
Ба ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дарназардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоем, ки тавонад дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад».
Дар чунин шароит Сарвари давлат шахсан дар ҷараёни таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки он вақт ҳизб бо ҳамин ном ёд мешуд, қарор дошт. Ҳар як санади ташкилии ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он дастуру супоришҳо медоданд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ифодакунандаи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад.
Қарор дода шуд, ки дар Оиннома ва Барномаи ҳизби нав принсипҳо ва меъёрҳои демократӣ ҳамчун асос қабул карда шаванд. Ҳадафҳои мазкурро комиссияи тадорукот дар ҳамаи минтақаҳо тарғибу ташвиқ карда, паҳлуҳои муҳиму пураҳамияти онро ба мардум мефаҳмонданд.
Хиради волои Пешвои миллат буд, ки барои ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қатъияту ҷасорат иқдом намуд.
Ба қавли Президенти мамлакат: «Ҳизби Халқии Демократӣ зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».
Ҳамин тавр, 27 сол муқаддам ба фаъолияти Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинохта шуд, замина гузошта шуд.
Дар ин муддати кўтоҳи таърихӣ робитаи ҳизб бо мардум сол аз сол тақвияту густариш ёфта, сазовори боварӣ ва эътимоди кулли сокинони кишвар гардидааст.
Ҳанўз дар нахустин рўзҳои таъсисёбии ҲХДТ роҳбари муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани нерӯи созанда ва қишри солимфикри ҷомеа аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва шароити арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, талош варзад”.
Дар ин росто, ҳизби мо садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Ҷиҳати рушди устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар, пайваста саъю талош меварзад.
Нақши ҳизби мо дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Барои соҳиб шудан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши бориз, муассир ва меҳварӣ дорад.
Ҳизби мо ба ҳайси неруи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион аъзо ва ҷонибдорони зиёд дошта дар ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ басо бузург аст.
Имрўз низ ҳизби мо ҳамчун неруи асосии сиёсию ҷамъиятии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он дар ҳоли такмилёбист.
Ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун нерўи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши барҷаста дорад.
Дар Барномаи ҳизби мо зикр шудааст, ки вазифаи он дар шароити басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳо ва хатарҳое аз қабили терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар ҳоли тавсеа мебошанд, аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амният, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.
Маҳз ҳамин муқаррарот бояд маҳаки асосии фаъолиятҳои минбаъдаи моро ташкил диҳад.
А. Азизӣ афзуд: - Бо гузашти солҳо ва марҳилаҳои пурпечутоби ҳаёт ҳизби мо аз ҳама ҷиҳат обутобу такмил ёфт. Зеро дар равандҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа таҷриба андўхта, аз шаклу усулҳо ва технологияҳои муосири сиёсӣ ба таври шоиста истифода намуд.
Мувофиқи муқаррароти Оиннома, ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятӣ- сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин, рушди устувори иқтисод, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
Ҳизби мо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ ва сифатҳои наҷиби ахлоқию маънавии аъзояш такя намуда, кўшишу ғайрат ва донишу маърифати онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизб дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва инчунин, талаботи Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон афкори пешқадами ҷамъиятро дар ҳаёт татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зўроварӣ, бунёдгароию ифротгароӣ, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум менамояд, арзишҳои худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ сипас ба таҳлили фаъолияти бевоситаи ҳизб пардохта, иброз дошт, ки солҳои охир барои ташкилотҳои ҳизбӣ ва кулли аъзоёни ҳизб марҳилаи муҳиму масъулиятнок ба ҳисоб мерафт.
Фаъолияти тамоми сохторҳои ҳизб дар чанд соли охир асосан ба омодагӣ ба баргузории ҷашни пуршукўҳи 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Вобаста ба ин корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки дар пасманзари ин фаъолиятҳо тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва бо амали намудани тадбирҳо саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлол ва давлатдории миллӣ мебошад.
Баргузории ҳамаи ин чорабиниҳо дар тақвияти эҳсоси ватандўстиву ватанпарастӣ, ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ манфиатбахш буд.
Яке аз иқдомҳои ҳизби мо тавассути сохторҳои хеш дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар тайи солҳои охир, хусусан дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ ҷалб намудани сокинони кишвар буд. Хушбахтона, мо дар ин бахш ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем.
Бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии ҳизб ва бо иштироки оммаи васеи мардум баргузории ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ гардид, ки дар ҷараёни он роҳу кўчаҳо, боғу гулгаштҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо тозаву озода карда мешаванд. Ин иқдом дар саросари мамлакат хусусияти доимиву оммавӣ касб намудааст.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пайваста аксияҳои ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни он корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саросари кишвар баргузор намуда мешавад. Аз натиҷаи ҳамаи ин тадбирҳои созанда Тоҷикистони азизамон рўз то рўз ободтар мегардад.
Ҳизб вобаста ба имкону иқтидори рузафзуни худ ва аъзоёнаш имруз ба корҳои бунёдкорӣ азм намудаанд.
Соли равон дар тамоми қаламрави мамлакат даҳҳо номгуи корҳои бунёдкорӣ аз қабили сохтмони роҳу пулҳо, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба миён омадаанд.
Аз он ҷумла, мавриди истифода додани сохтмони маҷмааи варзишӣ ва фароғати дар шаҳри Душанбе, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Тоҷикобод, сохтмони се мактаб дар шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои Вахшу Данғара далели равшани ин гуфтаҳоянд.
Бо иқдоми аъзои ҳизби мо, ки соҳибкорони муваффақанд, даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳу пулҳо сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ҳамаи ин корҳоро ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ муаррифӣ намудаанд.
Ин иқдомҳо ҳамовозӣ ба фаъолиятҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат аст.
Зарур мешуморам, ки дар ин толор аз ташаббусҳои соҳибкорони муваффақи кишвар Акбар Асадулло, Рўзизода Акрам, Маҷидов Мирзоалӣ, Юсупов Рустам, Пўлодзода Эмомалӣ, Ҷўраев Даврон, Муродов Маҳмудҷон, Қодирзода Абдуҳалим, Алиматов Умар ва чандин нафарони дигар, ки фаъолиятҳои бунёдкоронаи наҷибро амалӣ намудаанд, бори дигар ёдоварӣ намуда, ба онҳо сипосу миннатдории роҳбарияти ҳизб ва Раёсати Кумитаи иҷроияи марказиро расонам.
Дар маърўза, инчунин, зикр гардид, ки тайи солҳои охир имкониятҳои молиявию иқтисодии ҳизб батадриҷ зиёд гардида, шароити мусоиди фаъолият барои онҳо фароҳам оварда шудааст. Аксарияти кумитаҳои иҷроия биноҳои муосири маъмурии худро бунёд намуда истодаанд, ки бештари онҳо зимни сафарҳои кории Пешвои миллат ифтитоҳ меёбанд.
Се сол муқаддам дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буданд, ки дар самти тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кории кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои дахлдор андешида шавад.
Дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардида буданд, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои маъмурии ҳизбиро то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳал намоянд.
Барои иҷрои ин супориш дар ин муддат як силсила тадбирҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Носири Хусрав, Қубодиён, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Вахш, Дӯстӣ, Ёвон, Восеъ, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бӯстон, Зафаробод ва Истиқлоли вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Турсунзода, Шаҳринав ва Роғун биноҳои маъмурии ҳизб бо тарзу услуби муосир мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сохтмони бинои ҳизб дар ноҳияҳои Ҷалолиддин Балхӣ, Данғара ва Панҷи вилояти Хатлон, шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, Исфара, Гулистон, ва Истаравшани вилояти Суғд, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзобу Рудакӣ бо маром ҷараён дошта, дар назар аст, ки бинои маъмурии ин шаҳру ноҳияҳо дар наздиктарин фурсат мавриди истифода қарор мегиранд.
Биноҳои мазкур бо дастгирии бевоситаи аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳо тариқи ҳашар бунёд гардида, бори дигар ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамдилии ҳизбиёнро собит намуд.
Бо дастуру роҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб аксарияти кумитаҳо иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо биноҳои маъмурии ҳизбии ду-се ошёна ва бо тамоми шароитҳои муосири корӣ таъмин шудаанд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо ишора ба он ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ дастгирии қишри ниёзманди ҷомеаро ҳадафи меҳварӣ қарор дода, дар партави ҳидоятҳои пайвастаи Раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба ин қишри ҷомеа, гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахўрону собиқадорони меҳнат дасти ёрӣ дароз мекунад, гуфт: -
Бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 31.03.2020 таҳти №30 «Оид ба ҳамкорӣ дар корҳои хайриявӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани ёрӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба имзо расониданд.
Дар асоси қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ, ки аз дастгириҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҳизб бармеояд ба 170 нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон “нафақаи ҳизбӣ” муқаррар шуда, ин тадбир дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Дар идома маъруза зикр гардид, ки ҳизби мо зери сарварии Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардум маҳбубият ва обрўю эътибори калон дорад ва дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок карда, пайваста ба пирўзӣ мерасад.
Имрўз ҳизб аксарияти курсиҳои парлумониро соҳиб гаштааст. Намояндагони ҳизб дар парлумон фраксияи қавие созмон додаанд, ки аксарияти лоиҳаҳои қонунҳо дар таҳия ва таҳрири аъзои он ба тасвиб мерасанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва сабки фаъолияти хосро доро буда, Барнома ва Стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти он ба ҳисоб меравад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштан, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳандозии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории муосир нақши муҳим гузорад.
Ҳизби мо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва иттиҳоди тамоми қувваҳои солими ҷомеа кўшиш ба харҷ медиҳад.
Маърузакунанда доир ба вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан карда, яке аз ин вазифаҳоро дар партави сиёсати ватанпарастонаи Пешвои миллат муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа донист ва афзуд: - Имрўз мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар гўшаҳои мухталифи сайёра ва минтақаҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулотҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд.
Раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ки имрўз сарҳади давлатҳоро убур намуда, ба сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанги миллӣ таъсири бевосита мегузорад, ба коҳиши ахлоқу арзишҳои миллӣ роҳ мекушояд.
Мо имрўз шоҳиди онем, ки сармояи корпоратсияҳои бузург рўз то рўз ба равандҳои сиёсии ҷаҳон ва сиёсати миллии баъзе кишварҳои ҷаҳон таъсир мерасонад. Бояд ба хубӣ дарк кунем, ки Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун аз ин ҷараёни фарогир берун буда наметавонад.
Бинобар ин, аъзои ҳизбро зарур аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххасу муайян намоем, зеро Стратегияи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусоидат дар таъмини рушди низоми демократӣ ва дунявии мамлакат дар асоси эътироф ва эҳтироми меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аст.
Вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз Барномаҳои қабулшуда, қарорҳои Анҷумани 13 ва 14- уми ҳизб ва маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ бармеоянд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахолатнопазирии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи кишвар, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ва меҳнати озод, рушди демократия, ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои мутараққии олам, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, таъмини муносибати сазовор ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа ва ғайра мебошанд.
Тавассути фаъолияти босамари ташкилотҳои ибтидоӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати муқаддаси мо дар марҳилаи кунунист.
Мо вазифадор ҳастем, ки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон моҳияти рўйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба вуқуъ мепайвандад баҳои воқеӣ диҳем. Мо имрўз дар шароити мураккаби бархўрди манфиатҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дорем. Зарур аст, ки аз ин мубоҳисаҳои сиёсӣ хулосаҳои дуруст бароварда, мардумро ба самти риоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳидоят намоем.
Бовар дорам, ки ҳар як шаҳрванди ватандўсти ин сарзамин, бахусус ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ин ормонҳо пешсаф хоҳанд буд.
Дар идома муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо дар мавзуи “ҲХДТ – роҳнамои халқ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон” баромад кард.
Ў аз ҷумла гуфт: - Барои ҳар кадоме аз мо мояи ифтихор аст, ки дар ин рўзи муборак, дар ин толори зебову боҳашамат, дар фазои шодиву нишот, солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамагӣ дар фазои сулҳу субот, оромӣ, дар шароити Истиқлоли комили Ватан, замони устувории ваҳдати миллӣ, яъне бо якдиливу якмаромӣ, муттаҳидиву сарҷамъӣ ҷашн мегирем.
Боиси қаноатмандист, ки ин чорабинии таърихӣ бо иштироки аъзои ҳизб, фаъолон ва дар ҳузури мардуми меҳнатқарину заҳматкаши вилояти Хатлон баргузор шуда, дар он меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва пойтахти кишварамон ширкат мекунанд.
Мавсуф низ бо ёдоварӣ аз он, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол муқаддам ба саҳнаи сиёсии кишвар ворид гардид, таъкид кард: Ин ҳизб дар шароите таъсис ёфт, ки мамлакатро як фазои ҳассосу буҳронӣ фаро гирифта, миллат дар ҳолати бениҳояти парокандагӣ ва ноумедӣ буду сохторҳои давлатӣ фаъолияти худро ба барқарорсозии кори сохторҳои роҳбарӣ, ба роҳ мондани фаъолити сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ равона карда буданд.
Дар чунин як шароит Президенти мамлакат зарурати таъсис додани як ниҳоди бонуфузи сиёсиро, ки ҳадафи барномавиаш танҳо ва танҳо хизмат ба халқ ва рушди кишвар бошад, дарк намуда ва ин ҳадафро пеш гузоштанд.
“Пешвои миллат ва ҳизби бунёдкору ояндасоз” мавзуи суханронии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ буд, ки низ аҳли нишаст бодиққат шуниданд.
Директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода дар конференсия дар мавзуи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон падидаи сиёсии даврони Истиқлол” маъруза карда, аз ҷумла гуфт: - Дар ҳама давру замон истиқлолу озодӣ барои инсоният волотарин арзиш ва муҳимтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик аз миёни мардум фарзанди фарзонае чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо афкори равшан ва андешаи миллӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, ҳизберо чун Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил намуданд, ки миллатро ба сулҳ ва давлатро ба субот расониданд ва дар таҳким ва устувории Истиқлоли давлатӣ саҳми хеле бузург гузоштанд.
Ба арсаи сиёсат қадам ниҳодани Пешвои муаззами миллат ва дар саҳнаи давлатдорӣ пайдо гаштани ҳизби мо худ падидае дар фазои пасошуравӣ буданд, зеро миёни ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ
Тоҷикистони мо аз камтарин давлатҳое буд, ки “тамғаҳои” собиқ ниҳодҳои сиёсиро дигаргун ва сарварони собиқро бо номи вазифаҳои дигар пешбарӣ накарда, роҳи куллан тозаеро интихоб кард: ҳам таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳам ба ҳайси Сарвари давлату Раиси ин ҳизб интихоб гаштани Пешвои миллат аз падидаҳои наве дар ҳаёти сиёсии кишварамон буданд.
Номбурда дар идома се омили калидиро зикр кард, ки дар ташаккул ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби бонуфуз ва соҳибэътибор ва падидаи нотакрори сиёсӣ нақш бозиданд:
Аввалан, Раиси ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки худ як шахсияти бузурги сиёсӣ дар таърихи муосири халқи тоҷик ва як падидаи нотакроранд. Аз ин рў, мардуми мо дар симои ҳизб Роҳбари оқилу доно ва дар симои Роҳбари он ҳизби тавоноро мебинад.
Дуюм, неруи зеҳнии ҳизб хеле бузург аст. Дар сафҳои он дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни ҷумҳурӣ ва тамоми фаъолони корҳои ҷамъиятӣ қисмати муҳимро ташкил медиҳанд. Сифатнокии таркиби ҳизб бошад, самаранокии фаъолияти ин падидаи сиёсиро таъмин мекунад.
Сеюм, Барномаҳои ҳизби мо ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди васеи ҳамаи соҳаҳои фаъолияти давлат ва миллат мебошанд. Ин хусусият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба як неруи давлатсозу
давлатдор табдил додааст, ки худ низ як падидаи беназир маҳсуб мешавад.
Ва ниҳоят, доштани дастгоҳи пурқуввати ташвиқоту тарғибот, яъне нашрияҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ ва аъзои фаъолу ҳушманд ба ҳизб боз ҳам неруи дигари тозаву таъсиргузор мебахшанд.
Иштирокчиён дар мавзуи “Нақши ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” маърузаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаро шуниданд.

Дар конфренсия Ҷўразода Ҷамшед - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Мақом ва рисолати таърихии ҲХДТ дар даврони Истиқлолият” маъруза кард.
Ҷ. Ҷўразода афзуд: - Маҳз дар чунин як давра зарурати таъсиси ин ҳизб аз он иборат буд, ки ҷомеаи парокандаро аз ҳолати мавҳумият ва ноумедиҳо ба сўйи мақсаду маромҳои мушаххас, орзуву ормонҳои воқеии амалишаванда роҳнамоӣ кунад. Ин ҳизб дар чунин як марҳалаи ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ бо қадамҳои умедворкунанда ба фаъолият оғоз кард. ҲХДТ дар даврае ба майдони сиёсӣ ворид гардид, ки кишвари мо дар оташи як ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месўхт ва мардум ташнаи сухану иқдомҳои созанда ва бозгашти сулҳу оромӣ буданд.
Саидхонова Холисамоҳ – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рўшони ВМКБ дар мавзуи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – амалисозандаи хостаҳои занон” маърузае пешниҳоди аҳли нишаст карда, иброз дошт, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.
Дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд, -ёдовар шуд ў.
Ў ба ин нукта ҳам ишора кард, ки Мутобиқи маълумотҳои оморӣ имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари худ ташаббусу ибтикороти занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба тақвияти нақш ва мақоми занон дар ҷомеа аҳаммияти бештар медиҳад.
Маърузакунанда ба аҳли толор гуфт: - Мо занони Бадахшонзамин талаботи замони ҳозира, проблема ва таҳдидҳо ба истиқлоли Ватанро ба инобат гирифта, иқдомҳои таҳкимбахш ва рушддиҳандаи давлатро зери роҳбарии Пешвои миллат ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мекунем.
“Ташаббусҳои ҲХДТ дар бахши таблиғи арзишҳои маънавии миллати тоҷик” мавзуи суханронии сардабири рўзномаи ҳизбӣ аз шаҳри Турсунзода Қосимов Абдуқаҳҳор ва анҷомбахши қисмати маърузаҳо буд.
Раисикунанда пас аз поён ёфтани маърўзаҳо ба ҳамаи иштирокдорони конференсия барои маърузаву баромадҳо, ки фаъолияти гуногунҷанбаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври лозим ба баррасӣ гирифтанд, арзи сипос кард.
С. Юсуф
НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢНАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: