Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИМРӮЗ — РӮЗИ АВВАЛИ ЗИМИСТОН. Сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст? Декабрь 1, 2021 08:09

ИМРӮЗ — РӮЗИ АВВАЛИ ЗИМИСТОН. Сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст? Декабрь 1, 2021 08:09

1-12-2021, 08:33
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВВАЛИ ЗИМИСТОН. Сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст? Декабрь 1, 2021 08:09
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 декабр рӯзи нахустини фасли зимистон аст. Тибқи баъзе пешгӯиҳо, имсол дар ҷумҳурӣ зимистон сарду тӯлонӣ мешавад. Барои фаҳмидани он ки сокинони Тоҷикистонро зимистони дар пешистода чӣ гуна ҳаво интизор аст, хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила БАЙДУЛЛОЕВА ҳамсуҳбат гардид.

-Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони солҳои 2021-2022 дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ нисбатан гармтар — 1 дараҷа аз меъёр зиёд гарм ва миқдори бориш аз меъёр кам пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳона моҳи декабр дар Тоҷикистон аз меъёр як дараҷа гармтар мебошад. Дар вилояти Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи ҳаво моҳи декабр 6-8 дараҷа гарм, вилояти Суғд 3-4 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо аз се дараҷа сард то 2 дараҷа гарм, дар Бадахшон 11-16 дараҷа сард пешгӯӣ карда мешавад. Инчунин тибқи таҳлилҳои ҳавошиносон, моҳи декабр дар ҷумҳурӣ фаромадани туман ва вазидани шамолҳои бошиддат дар назар дошта шудааст,-гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Дар моҳи январ, ки яке аз моҳҳои сарди зимистон ба шумор меравад, ҳарорат ва бориш дар ҷумҳурӣ дар ҳудуди меъёр мебошад. Дар моҳи январ ҳарорати миёнаи моҳона дар вилояти Хатлон +1+3 дараҷа гарм, Суғд аз 0 то 2 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо -2-7 дараҷа сард ва дар баландкӯҳҳои қисмати Бадахшон -16-18 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мегардад.

Тибқи иттилои ҳавошиносони кишвар, имрӯз, 1 декабр ҳаво дар ҷумҳурӣ гарму бебориш буда, дар вилояти Хатлон шабона +3+5, рӯзона +16+18, дар Суғд шабона +3+5, рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар рӯзи аввали фасли зимистон дар Бадахшон шабона -4-2 дараҷа сард ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе шабона +2+4 ва рӯзона +15+17 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: