Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

29-11-2021, 10:38
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Ноябрь 29, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук , рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориш ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борон борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: