Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷомеаи ҷаҳонӣ расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи марзу бумро аз Сарвари мо меомӯзанд

Ҷомеаи ҷаҳонӣ расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи марзу бумро аз Сарвари мо меомӯзанд

16-11-2021, 15:08
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Ҷомеаи ҷаҳонӣ расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи марзу бумро аз Сарвари мо меомӯзанд

Дилхоҳ кишвар хоҳ кӯчак бошад, хоҳ бузург, новобаста аз соҳибихтиёриву соҳибистиқлолиаш дар рафти давлатдории худ ба мушкилиҳои ҷузъӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ҷумла, кишвари биҳиштосои мо низ дар таърихи давлатдории худ ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудааст, ки дар ҳалли онҳо нақши омма хеле таъсирбахш аст. Зеро мардум ҳамеша иқдом ба сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ доранду мекӯшад, ҳамеша ҷомеаро ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун созанд.
Ҷойи пӯшида нест, ки дар дилхоҳ давлат, дар рафти идоракунии давлатӣ мушкилиҳо ҷой доранд. Дар кишвари биҳиштосои мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ як қатор мушкилиҳо ҷой доштанд, ки зарурати таҳкими Истиқлоли давлатиро ба миён овард. Аз ҳама, мушкилии асосӣ ва нангин барои миллати мо ин ҷанги дохилии шаҳрвандӣ буд.
Албатта аз таърихи давлатдории тамоми ҷаҳон бар меояд, ки дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои аёнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи сулҳ ва истиқлолият халалдор гардида, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Чунин як воқеаи нангин ва даҳшатовар солҳои 90-уми қарни гузашта аз сари кишвар ва миллати мо низ гузаштааст. Воқеаҳои фоҷиабори аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи давлатдории халқи тоҷик дохил гардиданд. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо чунин номҳо «Ҷанги бародаркуш», «Ҷанги минтақавӣ» ва ғайра баён ёфтааст. Ҷанги шаҳрвандӣ аз моҳи майи соли 1992 то июни соли 1997 фазои Тоҷикистонро ғуборолуда намуда буд. Оқибати харобиҳои ин ҷангро то имрӯз мардум дарк менамояду ҳукумати кишвар аз пайи рафъи ин мушкилиҳост. Сабабҳо ва омилҳои ин ҷанг чӣ дар матбуоти давлатӣ, чӣ дар китобҳои соҳавӣ ва чӣ дар гуфтаҳои мардум гуногун шарҳ дода шудааст. Аммо, чун табиати инсонӣ, ки ба хатои худ иқрор намешавад, ҳамеша гунаҳгорро мекобаду мушкилиро ба сари дигарон бор мекунанд. Ин албатта осонтар аз он аст, ки каме андеша намуда, камбудӣ ё гуноҳро дар худ ҷӯст.
Барои оммаи имрӯза хатое, ки гузаштагони мо дар давраи давлатдории худ солҳои 90-уми қарни гузашта намудаанд, ибрат бошад. Зеро дар он солҳо мо миллати сарбаланди тоҷик дафъае аз дасти ҷаҳолати худу фиреби дигарон гиребони ҳам гирифтему даҳсолаҳо аз дигарон ақиб мондем ва ҳамеша эҳсосаш мекунем. Набояд фаромуш намоем, ки замоне мо аз беаҳамиятии худ ё дигар сабабҳои аёну ноаён натавонистем пойдории сулҳе, ки доштем таъмин намоем. Муддате гиребони ҳамдигар гирифта, ба хотири манфиатҳои шахсиямон, якдигарамонро қурбони теғи бегонагон намудем.
Миллате, ки дар гузашта бо раҳмдилию шафқат ва дӯстӣю фарҳанги волояш таърихи қадима дошт, муддате гирифтори даҳшат гардид. Таърихшиносон бар онанд, ки “Ҷанги бародаркуш ва ё шаҳрвандӣ хоси миллати ноаҳлу ноиттифоқ ва бефарҳангу бетамаддун аст. Аз ин нуқтаи назар, ҷангӣ байни тоҷикон, миллате дорои фарҳанги кӯҳансолу ғанӣ, ки басе шоҳкориҳои илмиву бадеӣ дар доман дорад ва нобиғаҳояш дар рушди тамаддуни умумибашарӣ саҳми босазое гузоштаанд, ҳайратомез аст ва ақлро бечора месозад». Мутаассифона, ин ҳама нобасомонӣ замоне фазои ин кишвари офтобӣ ва ин миллати моил ба дӯстӣ ва сулҳро фаро гирифта буд. Пас, ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро чунин шуд? Сабаби ин ҳама низову бесарусомониҳо киҳо ва чиҳо буданд? Аз ин ҳодисаҳои даҳшатбор, киҳо фоида мегирифтанду онро хомӯш кардан намегузоштанд? Оё омма ба ин бесарусомонӣ тан дода, ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ онро қабул намуд ё бар зидди ислоҳи мушкилиҳо мубориза бурд? Чӣ гуна сулҳ ва ваҳдат барпо шуд ва дастандаркорони он киҳо буданд?
Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамаддуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Воқеаи сиёсии нисбатан муҳимтарине, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, дастёби ба Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки 9 –уми сентябри соли 1991 ба даст омад. Мутаассифона, равандҳои давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавии Тоҷикистони тозаистиқлол дере нагузашта бо сабабҳои паст будани сатҳи зиндагии мардум, омода набудани роҳбарони сиёсӣ, дахолати ғаразноки қувваҳои беруна, маҳалгароӣ ва экстремизми динӣ ва амсоли ин ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ дучор гардид. Ин омилҳо боиси сар задании ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки баҳор ва тирамоҳи соли 1992 давраи авҷи он маҳсуб меёфт.
Ҷанги ба вуқӯъомада сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Аввалан, дар рафти бозсозӣ чӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани моҳона, зиёд шудани миқдори бекорон торафт норозигиро бештар мекард. Сониян, дар ибтидои солҳои 90-ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифта, мардуми баъзе ноҳияҳо аз хӯрок, либос, пойафзол танқисӣ мекашиданд.
Сабаби дигаре, ки бавуҷудоварандаи ҷанги шаҳрвандӣ ё ҷанги бародаркӯш гардид ин раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар охири солхои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд ва ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТТЭ ҲНИТ), Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ муқобили ҳизбу ҳаракатҳои дигар ба хотири ба даст овардани ҳокимият оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт.
Агар мо ба таърихи давлатдории аҷдодони худ назар афканем мебинем, ки давлати абарқудрати Сомониён маҳз дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ, муборизаи байни гурӯҳҳо барои ҳокимият аз байн рафт. Аз ин рӯ, барои давлати навбунёди мо ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ лозим аст. Аз дигар тараф, мо бояд анъанаҳои хубу ҳазорсолаи гузаштагони хешро омӯзем ва онҳоро барои пуриқтидор намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон истифода барем.
Метавон гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ мушкилоти ҷиддие буд, дар идоракунии давлатии мо. Як қисми шаҳрвандони кишвари мо баъди соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ худро ИНОТ шумурда, аз ваъияти он замони Тоҷикистон норозигӣ баён намуда, тарки Ватан карданду дар кишвари Афғонистон умр ба сар мебурданд. Бо тарафдорони худ бар зидди Ҳукумату ҳукуматдорони давр меҷангиданд. Баъди ба сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни мухолифин ва ҳукумат гуфтушунид барои сулҳ оғоз гардида буд. Дар он солҳо аввалин шуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли қазияи вақт гом бардоштанд. Ин ҳақиқатро метавон дар мактубе, ки Пешвои миллат ба роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ соли 1996 ирсол намудааст, дарёфт, ки дар он чунин омадааст: «Қазияро тавре ҳал кунем, ки он ба таври амалӣ ба ихтилофи миёни мо нуқта гузорад, дарди халқ ва ҷароҳати кишварро табобат кунад».
«Роҳи пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дорад, вале мехостам фақат ҳаминро таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати самимонаи фарзандони баномуси халқи тоҷик ва пирӯзии хиради мардуми шарифи Тоҷикистон бар ҷаҳолат буд»,- мегӯяд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷараёни ин ҳама гуфтушунид ва ибтикорое, ки барои рафъи ҷанги шаҳрвандӣ рӯйи даст гирифта мешуд, дар навишт мухтасар метавон кард, аммо ҳар лаҳзаи он душвор, вазнин, нозук сурат мегирифт. Онҳоро навиштану хондан не, дидан лозим буд. Чуноне, ки гузаштагони мо гуфтаанд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”.
Ҳар як лаҳзаи ин музокирот диданӣ буд, зеро таърихи кишвар, ояндаи миллат онҷо баррасӣ мешуд. Танҳо сиёсатмадори таҳамулгару бофаҳм лозим буду бас. То тавонад таҳамул намояду вазъиятро бо музокирот ва бе хунрезӣ ҳал намуда рӯ ба рушди кишвараш ниҳад.
Ҳамин тавр, музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ бо гурӯҳи мухолифин аз 5-уми апрели соли 1994 шурӯъ гардида, то 27-уми июни 1997 давом кардааст. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва мухолифин (ИНОТ), 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин (ИНОТ) С. А. Нурӣ баргузор гардидааст. Дар рафти музокирот 9 асноди асосӣ, ки асоси «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро дар бар мегирифт, қабул шуданд.
Боиси ифтихору сарбаландии мо аст, ки Сарвари давлатамон тавонистанд бо сабру таҳамули худ таъриху фарҳанги қадима доштани ин миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрӯз бошад ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо таъриху фарҳанги қадимаи моро эътироф менамоянд, балки расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи марзу бумро аз мо меомӯзанд. Дар ин росто мо миллати сарбаланди тоҷикро мебояд, барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо дар канори Пешвои сулҳовари худ бошему нагузорем касе ба он осеб расонад.

Давлатзода Ҳангома Рустам -мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: