Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

16-11-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 88 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Ноябрь 16, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук , рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: