Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Дӯстӣ

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Дӯстӣ

28-10-2021, 11:06
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0

28.10.2021 09:00, ноҳияи Дӯстӣ
28 октябр Қасри боҳашамати фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории соҳибкорон ва шахсони ватандӯсту саховатпеша азнавсозӣ карда шудааст, ки он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба истифода дода шуд.

Корҳои азнавсозӣ дар Қасри фарҳанг соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра зиёда аз 40 нафар мутахассисон ба кори муваққатӣ ҷалб карда шуданд.

Бинои Қасри фарҳанг бо унсурҳои хоси миллӣ азнавсозӣ гардида, ба симои ноҳия ҳусни дигар зам намудааст.

Ҳангоми азнавсозии ин иншооти фарҳангӣ мутахассисон таваҷҷуҳи асосиро ба санъати хоси миллии меъморӣ равона намудаанд, ки қисми берунию даромадгоҳ ва даҳлези он басо зебою назаррабо ва диққатҷалбкунанда аст.

Бинои Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дорои китобхона бо 8 ҳуҷра, мактаби мусиқии бачагона дорои 7 синфхона, толори консертӣ барои зиёда аз 300 ҷои нишаст, толори рақс, 10 утоқи корӣ барои кормандон ва ҷои нигоҳдории либос мебошад.

Дар фонди китобхона 24 ҳазор нусха адабиёти бадеиву соҳавӣ ва бачагона мавҷуд буда, дар он барои дӯстдорони каломи бадеъ шароити мусоид муҳайё мебошад.

Дар осорхона нигораҳои қадимаи давраҳои гуногуни таърихӣ ҳифзу нигоҳ дошта мешаванд, ки муаррифгари гузаштаи пурифтихори мардуми тамаддунофари тоҷик аст.

Маҷлисгоҳ бо зиëда аз 40 ҷои нишаст низ барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити мусоид дорад.

Саҳн ва роҳравҳои иншооти мазкур дар масоҳати 1800 метри мураббаъ азнавсозӣ гардида, инчунин ҷиҳати назаррабо нигоҳ доштани ҳудуди иншооти мазкур дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан корҳои сабзу хуррамнамоӣ анҷом дода шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити корӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ баҳои баланд доданд.

Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол бунёди иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳуввияти миллии шаҳрвандон нақши муносиб мегузорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: