Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ва ифтитоҳи Варзишгоҳи марказӣ

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ва ифтитоҳи Варзишгоҳи марказӣ

28-10-2021, 10:43
Хабарро хонданд: 79 нафар
Назарҳо: 0

28.10.2021 08:45, ноҳияи Дӯстӣ
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ нахуст варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии варзишгоҳ 8,64 гектарро ташкил дода, ин ҷо дар масоҳати зиёда аз шаш ҳазор метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шудааст.

Дар варзишгоҳ 4 сутунпояи калон ва дар атрофи он 30 сутунпояи чароғ насб гардида, ба намои варзишгоҳ аз лиҳози равшанӣ ҳусни бештар мебахшад.

Ҳамзамон, дар атрофи варзишгоҳ ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки сокинон метавонанд аз ин зебоӣ ҳангоми сайру гашт баҳра бардоранд.

Варзишгоҳ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, мавзеи болопӯшида барои меҳмонон ва дар қисмати зери нишастгоҳҳо ҳуҷраҳои корӣ, аз ҷумла, ҳуҷраи нозир, доварон, ҳуҷраи техникӣ, либосивазкунӣ ва мураббиён бо тамоми шароити мусоид бунёд гардидааст.

Баъди ба истифода додани иншооти мазкур сокинони ноҳияи Дӯстӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллӣ имконият пайдо мекунанд, ки дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланди худро дар ин варзишгоҳи навбунёд доир намоянд.

Инчунин дар варзишгоҳ шароити мусоид барои ҷавонону варзишгарони ноҳия дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ имконоти васеъ фароҳам аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: