Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар шаҳри Бохтар

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар шаҳри Бохтар

27-10-2021, 10:38
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар шаҳри Бохтар

27 октябр дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-ро ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи нави таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории ширкати чинии “Синохидро Тоҷикистон” бо харҷи зиёда аз 10 миллион сомонӣ бунёд карда шуда, аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияти мусоиди таълиму тарбия дар шаҳри Бохтар камназир аст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мактаби мазкур барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Диаман-К” ва “Сарҳадсоз” дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 32 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад.

Ҳамаи синфхонаҳои мактаб, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва ҳунаромӯзӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон 3 озмоишгоҳ амал мекунад, ки истифодаи онҳо дар раванди таълим аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Мактаб ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхона барои 100 нафар, маҷлисгоҳ бо 320 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.

Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар мактаб ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст, ки дар мавсими сармо тамоми синфхонаҳо бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, ки 2 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футболи хурд, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардида, барои гузаронидани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ як майдончаи замонавӣ низ сохта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: