Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДИҚҚАТ, ТАҶРИБА! Дар Швейтсария ризокорон (волонтёрон) себ ҷамъоварӣ мекунанд: деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон бисёр чизҳоро бояд омӯзанд

ДИҚҚАТ, ТАҶРИБА! Дар Швейтсария ризокорон (волонтёрон) себ ҷамъоварӣ мекунанд: деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон бисёр чизҳоро бояд омӯзанд

27-10-2021, 08:13
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
ДИҚҚАТ, ТАҶРИБА! Дар Швейтсария ризокорон (волонтёрон) себ ҷамъоварӣ мекунанд: деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон бисёр чизҳоро бояд омӯзанд

Дар Швейтсария ризокорон (волонтёрон) ба соҳибони боғ дар чидани себ кумак мекунанд-ягон дона себ талаф намеёбад. Ҷамъияти SOS Fruit ба онҳо дар дарёфти ҳамдигар барои ҷамъоварии меваҳо кумак менамояд. Баъди он ҳосил миёни ризокорон, боғбонон ва иттиҳодияе, ки меваҳоро ба шарбат табдил медиҳад, тақсим мешавад. Себҳоро дар коргоҳҳои маҳаллӣ фишурда, шарбатҳоро коркард (пастеризатсия) карда, ба қуттиҳо меандозанд. Панҷ литри он тақрибан нуҳ евро арзиш дорад. Маблағи ба дастомада ба ширкати SOS Fruit кумак мекунад, то хароҷоти амалиётиро ҷуброн кунад, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба euronews.com.

Дар мавсим ширкат беш аз се тонна себи ҷамъоваришударо мавриди истифода қарор медиҳад.

«Боғдорон роҳи сарфакорона истифода бурдани дарахтон ва боғҳои кӯҳнаро ёфтаанд. Барои онҳо ин роҳи асосии муҳофизати дарахтони себ ва шинондани дарахтони нав аст. Ин ҳадафи асосии мост»,- мегӯяд Сирил Майвер, намояндаи матбуотии Pressoir D’Orbe.

Дар як рӯз ризокорон қариб 650 килограмм себ ҷамъоварӣ мекунанд ва ин меваҳо талаф намеёбанд.

Ба қавле, деҳқонон ва хоҷагиҳои мо аз ин бисёр чизҳоро омӯхта метавонанд. Гузашта аз ин, ҳоло дар саҳрову боғҳои Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили сабзавоту мева идома дорад. Инчунин таҷрибаи ризокориӣ вуҷуд дорад. Ҳанӯз соли 2013 дар ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи фаъолияти ризокорӣ» қабул шуда буд. 5 марти соли 2014 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти ризокорӣ таъйин гардид. Ва ризокорони Тоҷикистонро Ассотсиатсияи миллии ризокорони Тоҷикистон, ки 20 феврали соли 2014 бо ташаббуси Иттиҳодияи ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон (117 аъзо дорад) ва 7 ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон таъсис ёфтааст, барои сафарбар намудани ҷидду ҷаҳдашон ба инкишофи ризокорӣ муттаҳид менамояд.

Нахустин созмонҳои ризокориӣ дар Тоҷикистон соли 2000 таъсис ёфта, дар ибтидо ба ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон нигаронида шуда буданд. Ҳоло самтҳои фаъолияти онҳо хеле вусъат ёфтааст. Имрӯз ин афрод, ки аксарияташон ҷавононанд, дар ҳалли мушкилоте, ки дар давраи бемории коронавирус ба миён меоянд, ширкат мекунанд. Онҳо ба пиронсолон, маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои ниёзманд, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, кумак мерасонанд. Ба онҳо ёрии амалӣ, маънавӣ, иттилоотӣ зарур аст.

Бояд фаъолияти волонтёрони кишоварзӣ ё хоҷагидорӣ бештар амалӣ карда шавад. Ҳеҷ кас ба касе пул намедиҳад, ризокор вақти холии худро бо салоҳдиди худ мегузаронад.

Муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: «Албатта, ин таҷриба муфид аст ва онро дар кишвари мо низ амалӣ кардан саривақтист. Дар кишвари мо 190 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд ва агар роҳбарони ин хоҷагиҳо ба мо муроҷиат кунанд, мо ба онҳо дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳо, аз қабили Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳандозии чунин кор кумак хоҳем кард».

Зимнан, ҳаракати ризокорони кишоварзӣ дар Русия низ вуҷуд дорад. Ин на танҳо зиндагӣ ва меҳнат дар фермаҳо, саҳрою боғҳо, балки таҷрибаи нав андӯхтани онҳост. Ин пайвастан бо табиат ва фаҳмиши паҳлӯҳои нави зиндагии худ, манзараҳои табиати тасвирнашаванда, сурудҳои назди оташ ва тару тозатарин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Ба ҳисоби миёна ҳар волонтёр рӯзе 4-5 соат бепул кор мекунад, дар ҷавоб роҳбари хоҷагӣ ӯро бо хобгоҳ ва се вақт хӯрок таъмин менамояд.

Ризокорон дар хоҷагӣ барои ҷамъоварии меваю сабзавот, нигоҳубини чорво ва кори хоҷагӣ ёрӣ мерасонанд, дар фаъолияти хоҷагидорӣ фаъолона иштирок мекунанд. Инчунин барои ризокорон таҳти унвони «Ҳунари асили худро нигоҳ дор» дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Дар натиҷаи таҷрибаомӯзӣ ризокорон аз Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия шаҳодатнома мегиранд.

Зарангези ЛАТИФ,
Саид АЛӢ,
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: