Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд

26-10-2021, 08:11
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Шавкат Миромоновичи гиромӣ!

Мояи хушнудии ман аст, ки ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек фиристам.

Ба Шумо саломатии бардавому рифоҳ ва фаъолияти самарабахши минбаъдаи давлатӣ ба манфиати рушди устувор ва пешрафти Узбекистони дӯст, ба халқи бародари узбек сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.

Пирӯзии эътимодбахши Шумо дар интихоботи президентӣ боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии Шумост, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Итминон дорам, ки дар давраи ояндаи роҳбарии Шумо дар кишвар Узбекистони бародар дар ин роҳ ба қуллаҳои нав хоҳад расид.

Ман саъю кӯшиши пайвастаи Шуморо ҷиҳати рушду густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Узбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ баланд арзёбӣ мекунам.

Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо минбаъд ҳам ба манфиатҳои халқҳои кишварҳоямон ва тамоми минтақа ҳамкории самарабахши байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбекистонро пеш хоҳем бурд.

Бо истифода аз фурсат, омодагии худро барои амалҳои муштараки минбаъда ҷиҳати ғанӣ гардонидани мундариҷаи муносибатҳои ду кишвар бо иқдомҳои амалан нав изҳор медорам»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: