Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони варзиширо дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд Октябрь 21, 2021 16:24

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони варзиширо дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд Октябрь 21, 2021 16:24

22-10-2021, 09:26
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони варзиширо дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд Октябрь 21, 2021 16:24

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара майдони варзиширо, ки барои 2500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони умумии варзишгоҳ ду гектарро ташкил намуда, иншоот дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Миралӣ Мирзоев мутобиқ ба меъëрҳои муосири сохтмонӣ бунëд карда шудааст.

Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаи 102 метр бар 70 метр буда, пурра майсазор карда шудааст.

Ҳамчунин дар атрофи майдон имкони мусоид баҳри ба варзиши сабук машғул гаштани сокинон фароҳам мебошад.

Дар ошëнаи якуми иншоот ҳуҷра барои кормандон, варзишгарон, мураббиëн, назорати допингӣ, таҷҳизоти варзишӣ, техникӣ, либосивазкунӣ, ошхона ва ғайра ҷойгир аст.

Дар ошëнаи дуюм ҳуҷра барои меҳмонон, истироҳат, ҳуҷраҳои санитарӣ, толори сақобозӣ ва варзишӣ сохта шудааст.

Варзишгоҳ аз ду минбари нишастгоҳ ва макони махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.

Атрофи бино ободу зебо гардонида шуда, ҳамзамон гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар шафати майдони варзишӣ қаҳвахона бунëд намудааст.

Дар заминаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ пас аз ифтитоҳи иншооти навбунëд беш аз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: