Алберт Эйнштейн чун олими бузург, кашшофи як қатор қонуниятҳои оламшумули физикӣ, муаллифи якчанд асарҳои илмӣ дар таърих ном гузоштааст. Фикрҳои доно, суханҳои ҳикматомезаш ҳам машҳуранд. Бешубҳа таҷрибаҳои ҳаётӣ, тавсияҳои олими донишманди дунёдида ба мо ва шумо ҳам фоида хоҳанд бахшид.
Ҳамаи мо соҳибиқтидорем. Аммо дар масъалаи қобилияти ба дарахт часпида баромадан доштан ё надоштани моҳиро муҳокима намоед, ў худашро тамоми умр гаранг ҳис намуда мегузарад.
Ман бо ҳама баробар муомила менамоям. Хоҳ ў фаррош бошад, хоҳ ректори донишгоҳ.
Тасаввур нисбати дониш аҳамияти бештар дорад. Дониш фақат ба чизҳои ҳозир медонистагӣ ва мефаҳмидагии мо такя менамояд. Тасаввур тамоми оламро, чизҳои кайҳо мефаҳмидагӣ, дониста мегирифтагии моро ҳам дар бар мегирад.
Мантиқ ба шумо барои аз нуқтаи А ба нуқтаи В рафтанатон ёрӣ мерасонад. Тасаввур барои тамоми дунёро гаштанатон қанот мебахшад.
Вақти ҷавон будани одам ҷавонӣ-азоб, аммо баробари торафт ба камол расиданаш қувваи илҳомбахши ў зиёд мешавад.
Ақлҳои бузург ҳамеша дучори муқобилияти шиддатноки ақлҳои миёна мешаванд. Чунки соҳибони ақли миёна одамони аз фикрронии куҳан дур, аз салоҳияти худ мардонавор ва ҳалол истифодабарандаро қабул намуда наметавонанд.
Шахсони бузург на ба воситаи нутқҳои зебо, балки ба воситаи заҳматҳои худ ва натиҷаҳои онҳо ташаккул меёбанд.
Агар боақл шудани кўдаконатонро хоҳед, ба онҳо афсонаҳо хонда диҳед. Агар боз ҳам боақлтар шуданашонро хоҳед, аз он ҳам зиёдтар афсона хонда диҳед.
Нисбати қобилияти донишро аз худ намудан қобилияти тахайюлотам барои ман боқадртар аст.
Ҳамаи муваффақиятҳои ноилшудаи ман аз соҳиби ақли хоса буданам нестанд. Ман дар бораи ҳалли масъалаҳо муддати дуру дароз таслим намешавам.
На барои ба муваффақият ноил шудан, балки баҳри маъно касб намудани ҳаёт кўшед. Ҳаёти одам мувофиқи ҳаёти дигаронро то кадом дараҷа зебо ва пурмазмун намуданаш аҳамиятнок аст.
Воситаи ягонаи моро ба фикру амалҳои нек ҳидоятсоз тимсоли инсонҳои бузург ва аз ҷиҳати маънавӣ покиза аст. Роҳи ягонаи оқилонаи ба одам чизеро омўзондан ин мисол овардан аст.
Баробари торафт афзудани шўҳратам сайқал ёфта истодаям. Мутаассифона, ин ҳолати хеле васеъ паҳншуда мебошад.
Одами ҳеҷ гоҳ хато нанамуда ягон чизи навро ҳеҷ гоҳ насанҷида аст.
Агар мавзўро осон фаҳмонда натавонед, онро ба дараҷаи кифоя намедонед.
Агар одам фақат барои аз ҷазо гурехтан ё мукофот гирифтан ба тартибу қоидаҳо риоя намояд, ин ягон ҷиҳати хуб надорад.
Ҳанўз вақти таваллуд шудан оғоз гардидан ва фақат замони фавт қатъ гардидани инкишофи ақлонӣ даркор аст.
Дунёи мо барои умр ба сар бурдан ҷои хавфнок аст. На барои бадӣ намуда истодани баъзеҳо, балки барои инро хомўш назорат намуда истодани ҳамаи дигарон.
Ба табиат хуб нигаред бисёр чизҳоро жарфтар дарк менамоед.
Дар навбати аввал қоидаҳои бозиро хуб омўхтан зарур аст. Пас аз ин дар ҳоли ба дигарон монанд набуда бозиро оғоз менамоед.
Ман ҳамеша дар чунин фикр ҳастам: ҳаёти ботинӣ ва зоҳирии ман аз фикрҳо, корҳои одамони дигари аз олам гузашта ва ҳоло зиндабуда асос ёфтааст. Ба дараҷаи аз онҳо гирифта ва гирифтаистода аз худам мероси маънавӣ боқӣ гузоштани ман даркор аст.
Дониш ин чизҳои баъди аз ёд фаромўш шудани ҳама чизҳои дар мактаб омўзонда дар худатон монда мебошад. Аз савол додан бознаистодан хеле муҳим аст. Мароқ доштан ба одам беҳуда дода
нашудааст. Идроки марзҳояшро як маротиба васеънамуда ҳеҷ гоҳ ба ҷои кўҳнааш бар намегардад.
Мо бо тарзи фикр намудани муамморо офаридаамон онро ҳал намуда наметавонем.
Агар ба ҳаёти хушбахтона муваффақ шудан хоҳед, на ба одамҳо ё чизҳо, балки ба мақсадҳо робита доштанатон даркор аст.
Беҳтарин роҳи худатонро хурсанд намудан ба каси дигар хурсандӣ бахшидан аст.
Баъзан як савол маро ба фикр водор менамояд: ман аблаҳам ё ба ғайр аз ман ҳама?
Ба сулҳ бо қувва наметавон ноил шуд. Онро фақат бо муросо ба даст овардан мумкин аст.
Ба одами дар корҳои хурд аз ҳақиқат чашм мепўшидагӣ корҳои муҳимро супурда намешавад.
Одами ба омма ҳамроҳшуда аз бисёрӣ пеш гузашта наметавонад. Инсони бо шуураш саъй менамудагӣ ба манзилҳои пойи ҳеҷ кас нарасида рафта метавонад.
Гувоҳии дил неъмати илоҳӣ, ақли бомулоҳиза хизматкори содиқ аст.
Фақат ба ақлам такя менамудам, ягон кашфиёт намуда наметавонистам.
Заковат на хонишу омўзиш, балки меваи кўшишҳо дар роҳи ба он муваффақ шудан аст.
Ман ҳеҷ гоҳ дар бораи оянда фикр наменамоям. Чунки он дар ҳамин ҷо ва худи ҳозир рўй дода истодааст.
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ