Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва намоиши гулу гиёҳҳои шифобахши ноҳияи Ховалинг

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва намоиши гулу гиёҳҳои шифобахши ноҳияи Ховалинг

5-10-2021, 09:20
Хабарро хонданд: 45 нафар
Назарҳо: 0
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва намоиши гулу гиёҳҳои шифобахши ноҳияи Ховалинг
03.10.2021 10:00, ноҳияи Ховалинг

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш - фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.

Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.

Дар ноҳия номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши мазкур бо назардошти сайёҳӣ будани минтақа ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии хеш дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳаминҷо суҳбати самимии ғайричашмдошти сарироҳии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони касбу кори гуногун доир гардид, ки ҷолиби диққат буд.

Сарвари давлат зимни ин суҳбат аз ҳолу аҳволи сокинони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт пурсон шуда, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ даъват намуданд ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ҳидоят карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: