Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон

29-09-2021, 07:41
Хабарро хонданд: 93 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон

28.09.2021 17:32, ноҳияи Шуғнон

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Шуғнон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи си соли истиқлолият ва дастовардҳои сокинони ноҳияи Шуғнон андешаронӣ карда, ҳамаи комёбиҳоро самараи ваҳдату ҳамбастагии мардум ва пуштибонии онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар маънидод намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ нисбат ба фарзандони баруманди миллат аз саҳми арзандаи яке аз шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ, зодаи ноҳияи Шуғнон, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки барои ташкили давлатдории тоҷикон хизмати шоиста кардааст, ёдовар шуда, корномаи ӯро ифтихори мардуми ин диёр ва миллати тоҷик арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мардуми ватандӯст ва соҳибкорони ноҳияи Шуғнон дар доираи омодагӣ ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 79 иншооти иқтисодиву иҷтимоиро ба маблағи умумии зиёда аз 75 миллион сомонӣ бунёд кардаанд, ки дар онҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Шуғнон маҳз дар замони истиқлол ба як ноҳияи ободу зебо ва ҳатто ба шаҳри замонавӣ табдил дода шуд, зеро қариб тамоми ободиҳо дар ҳудуди он дар муддати 18 - 20 соли охир ба вуҷуд омаданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои корҳои сохтмони асосӣ ва рушди инфрасохтори ноҳияи Шуғнон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 530 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, роҳсозӣ, энергетика ва дигар бахшҳо ба маблағи 36 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи дигар идома дорад. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2016 - 2020-ум 63 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат доир ба рушди соҳибкории хурду миёна имрӯз дар ноҳияи Шуғон қариб 600 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба даҳ соли қабл ду баробар зиёд мебошад. Афзудани шумораи соҳибкорон ба амалисозии яке аз ҳадафҳои миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар низ бевосита мусоидат менамояд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимро таҳлил намуда, барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати кишвар, боз ҳам тараққӣ кардани бахшҳои иқтисоди миллӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ, ба аҳолии ноҳия 409 гектар ҳамчун заминҳои президентӣ ва 1267 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии сатҳи даромади аҳолӣ ва хеле беҳтар гардидани таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ мусоидат кардааст. Инчунин, дар доираи барномаҳои давлатӣ дар ноҳия 70 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, 18 гектар боғҳои нав бунёд гардидааст.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ мунтазам чораҳои мушаххас меандешад.

Бо ин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Шуғнон ба маблағи зиёда аз 33 миллион сомонӣ 41 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 6200 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон 30 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 26 муассисаи дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Барои таъмин намудани эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии ноҳия бо мутаххасисон то имрӯз 57 нафар ҷавон тибқи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз онҳо 30 нафарашон таҳсилро хатм кардаанд ва дар муассисаҳои тиббии ноҳия фаъолият доранд.

Дар баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба масъалаи тарбияи ҷавонон, нақши занону бонувон дар рушду пешрафти ҷомеа, тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат дар самти рушди фарҳанг ва варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар охир бори дигар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро бо санаи муҳими таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ноҳия минбаъд низ барои шукуфоии ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун аз номи сокинони шукргузори ноҳия баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: