Вохӯрӣ11-02-2019, 09:25
Хабарро хонданд: 676 нафар
Назарҳо: 21
![]() Спитамен:- Дар асоси нақшаи кории ТЖЖ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен бо хонандагони синфҳои болоӣ МТМУ №1 таҳти шиори «Ҷавонон бар зидди терроризм» вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилоотӣ кумитаи иҷроия Муҳитдинова У., мутахассиси омори кумитаи иҷроия Шукурова А., директори МТМУ №1 Абдуллоева Н. ва зиёда аз 60 – нафар ҷавонон иштирок намуданд. Сипас Муҳитдинова У., оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстармистию террористӣ, пешгирии ҳурофотпарастӣ дар байни ҷавонон баромад намуд. Дар охир байни иштирокчиёни вохӯрӣ ва намояндагониТҶҶ «Созандагони Ватан» мусоҳибаи судманд сурат гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.