Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Муҳоҷират

23-09-2021, 12:56
Хабарро хонданд: 126 нафар
Назарҳо: 0
Муҳоҷират
Аз рўзгори тоҷикони Сибир
Ҳаммиллатони мо дар минтақаи Сибири Федератсияи Русия ҳудуди 20 соли ахир ба туфайли заҳмату корҳои шоистаашон ҷойгоҳ ва эътибори махсус пайдо кардаанд. Ба ин сабаб аст, ки таваҷҷуҳ ба ҷамъияти тоҷикҳо нафақат дар миёни аҳолӣ, балки дар байни донишмандон, муҳаққиқону ҷомеашиносон низ зиёд аст. Аз ҷумла сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-таърихии "Бойгонии Сибир", доктори илмҳои таърих Владислав Кокулин дар бораи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ин мардум ахиран дар мақолае навишт, ки ҳоло дар Сибир тоҷикон хеле зиёданд, аммо таърихи пайдоиш ва сукунати онҳо дар ин минтақа фаротар аз даврони пас аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ буда, ба рўйдодҳои асрҳои гузашта бармегардад.
Ба навиштаи сомонаи Тайга.инфо, имрўз дар Русия 1% -и тоҷикони тамоми ҷаҳон ё каме бештар аз 200 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Аммо ин омор ба шахсоне дахл дорад, ки дар муддати иқомати доимии худ мақоми шаҳрвандии Русияродарёфт намудаанд. Ин манбаъ ишора ба он мекунад, ки тақрибан як миллион тоҷикистониён айни ҳол ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар саросари Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудаанд.Дар ҷойи дигари ин мақола таъкид шудааст, ки тоҷикон аз қадимтарин мардуми бумии Осиёи Марказӣбуда, бино ба фаҳмиши донишмандони муосир, ин қавм дар давлати Сомониён дар асрҳои 9-10 ташаккул ёфта буданд. Дар бораи омадани тоҷикон ба Сибир аз катибаҳои сангии ҳафоришуда аз сўи бостоншиносони рус дар ҳудуди Туваи муосир, ки мутааллиқ ба асри 12 ва бо хати арабӣ- форсӣ ҳастанд, маълумот ба даст омадааст. Ин катибаҳо бозгўйи он аст, ки ҳанўз аз ҳамон давра робитаҳои тиҷоратии халқҳои туркии Сибир на танҳо ба аҳолии туркзабони Осиёи Миёна, балки бо форсизабонҳо низ ба таври густурда будааст.
Ба гуфтаи ин донишманди рус, дар Сибир тоҷикон дар охирҳои асрҳои 14, ибтидои асри 15 дар ҳайати гурўҳе бо номи "бухороиён" маскан гирифта будаанд. Албатта, дар байни ин гурўҳи бухороиҳо ўзбекҳо, туркманҳо ва уйғурҳо бартарӣ доштанд, аз ин рў онҳо бо туркӣ суҳбат мекарданд, аммо ба ин далел, ки осори забони форсӣ дар забони тоторҳои Сибир фаровон дида мешавад, ин далолат бар он мекунад, ки ба ҳар ҳол, тоҷикон (аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро) барои тиҷорат ба Сибир омадаанд ва ҳатто дар ин ҷо маскан гирифтаанд.
Солҳои тавсеи Шўравӣ ва ба иҷро расидани сохтмонҳои зарбдори комсомолӣ, давраи нави ба Сибир омадани ҷавонон аз ҷумҳуриҳои гуногун аз ҷумла аз Осиёи Миёна буда, ва чанд нафар тоҷикон низ барои иштирок дар ин барномаҳои зарбдор ба Сибир омадаанд.
Аммо қисми асосии тоҷикони муқими Сибир пас аз фурўпошии СССР, вақте ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, ба ин гўшаи афсонавии Русия кўч баста, барои раҳоии буҳрони иқтисодии хонаводаҳои худ ва ба ин восита барои рафъи ниёзмандиҳои моливу иҷтимоии ватани азизамон - Тоҷикистон саҳм мегиранд. Гуфтугўи мо бо Сияршо Абдуҷабборов - раиси Ҷамъияти минтақавии тоҷикон «Дружба»- «Дўстӣ»- и вилояти Новосибирски Русия, ки яке аз марказҳои аз нигоҳи иқтисодиву тиҷоратӣ рушдёфтаи Сибир ба шумор меравад, дар хусуси кору бори ҳамин қисмати сершумори ҳамватанонамон аст, ки дар солҳои 90 -ум ба Сибир омаданд.
Русҳо мардуми қадршиносанд
- Мо барои беҳтару сабуктар кардани рафтуомад то маҳали зистамон, ки дар ноҳияи Октябри шаҳри Новосибирск аст, 3-4 километр роҳро чанд сол пеш мумфарш кардем, - ба ёд овард Сияршо. – Дар ин маҳалла қариб сад оилаи тоҷик паҳлу ба паҳлуи намояндагони миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Ин иқдоми мо боиси он шуд, ки дар фасли гармо чангу хок кам ва дар рўзҳои боронӣ мардум аз азоби гилу оби лойолуди кўлчаҳо халос шуданд. Мардуми маҳаллӣ ба мо арзи сипос карданд. Боин ҳам қаноатманд нашуда, ба мақомоти иҷроияи ноҳия муроҷиат карда, талаб намуданд, ки ташаббускорони ин амали хайр қадрдонӣ шаванд. Бачаҳои мо тоза мегарданд ва ин ҳам як сабаби дигари соҳибобрў шудан дар ҷомеа ва бобаракат будани корҳояшон аст.
Ин бахше аз суҳбатест, ки мо Сияршо дар идораи нашрия доштем.
Ў ёдовар шуд, ки Ҷамъияти «Дружба»-ро соли 2012 пас аз 4-5 соли ба Русия кўчидан бо мақсади алоқаи бештари ҳамватанон бо ҳамдигар таъсис дод. Аллакай 20 сол боз дар шаҳри Новосибирск он амал мекунад.
Тавре маълум шуд, Сияршо дастпарвари Институти педагогии шаҳри Бохтар ( Қурғонтеппаи собиқ) буда, то соли 1997 дар мақомоти ВКД Тоҷикистон кор мекард. Соли 1998 ба Русия рафта, аввал ба кори савдо машғул шуд ва чуноне ки худаш мегўяд, ҳамаи тоҷиконе, ки ба Сибир омадаанд, таҷрибаи кор дар бозори «Барахолка»-и Новосибирскро доранд ва худи ў низ яке аз онҳост. Баъдтар, соли 1981 Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷандро ҳам (ғоибона) хатм карда, дар ин муддат ширкати мусофиркашонӣ таъсис дод ва барои бурдану овардани муҳоҷирон ба Ўзбекистону Тоҷикистон машғул шуд. Фирмаи ў аввалҳо бо автобус мусофиронро аз Новосибирск ба Хуҷанд меовард ва чун талабгорон зиёд буданд, ба ширкат ронандагони ўзбекистонӣ низ ҳамроҳ гардида, ба Тошканд ҳам як хати сафар кушоданд.
Ў нақл кард, ки дар ҳамон давра онҳо бо дарназардошти шароити вазнини муҳоҷирон дар ҳар автобус чанд нафарӣ шахсони камбизоатро бепул савор мекарданд. Инҳо асосан нафароне буданд, ки аз сўйи корфармоёнашон фиреб хўрда, пас аз солҳо кор ҳаққи худро гирифта наметавонистанд. Баъдтар назорати бахше аз ширкатҳои таксирониро, ки ба муҳоҷирон хизмат мерасониданду фиреб мехўрданд, ҳам ба роҳ монданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, фаъолияти ин соҳа низ то ҳаде ба танзим дароварда шуд. Хатар ба муҳоҷирон камтар гардид.
Тавре ки раиси ҷамъияти «Дружба» нақл кард, Новосибирск як шаҳри транзитӣ барои мусофироне аст, ки ба дигар минтақаҳои Сибир мераванд ё азшаҳрҳои Омску Томск ва ё Иркутск омада, ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекунанд. Бо дарназардошти ин мавзеи ҷойгиршавӣ иқдоми дигаре, ки онҳо барои мадад расонидан ба муҳоҷирон карданд, ин буд, ки 5-6 хона хариданд ва бо ҷиҳози барои зиндагӣ зарурӣ таъмин намуда, муҳоҷирони меҳнатиеро,ки барои чанд рўз вориди шаҳр мешуданд, дар ин хонаҳо ҷойи хоб доданд. Аз ин иқдом ҳар мусофири нав ба Русияомада ё онҳое, ки пасандози дуруст надоштанду ба Тоҷикистон бармегаштанд, миқдоре аз маблағҳояшонро сарфа мекарданд. Рўзҳое буд,ки то 70 нафар дар ин хонаҳо сукунат доштанд ва тавре Сияршо гуфт, агар ҳар кадоме 1 ҳазор рубл сарфа карда бошад, пас аз ин миқдор маблағ барои ҳар яке фоидаи калон ва сарфаҷўйӣ шудааст. Бо мурури вақт вазъият беҳбуд ёфт, парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд, вале сарпарастӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ кам нашуд. Онҳоро барои сафар бо ҳавопаймо роҳнамоӣ мекарданд. Ў бо боварӣ зикр кард, ки ба рўзгори ҳар муҳоҷир ошно буданд, агар масъале пеш меомад,роҳи ҳаллашро меҷустанд. Барои сарҷамъ будани муҳоҷирон қўшиш мекарданд ва имрўзҳо низ ба кори худ идома медиҳанд. Дар пастию баландиҳо бо муҳоҷирон ҳамроҳ ва дар ҳалли мушкилиҳояшон дар канорашон ҳастанд.
Ҷамъияти «Дружба» ба гуфтаи раиси он, дар давраи авҷи бемории коронавирус ҳам аз муҳоҷирони меҳнатӣ дур набуд, балки бо иқдомҳои хайрхоҳонааш ба онҳо мадад мерасонид.
Ба итминони ў, пандемияи инбеморӣ ҳамаробедор ва ҳушёр кард. Бепулӣ, бекорӣ, бехонагӣ ва дурӣ аз хешу табор аз як сў ва азтарафи дигар хатари худ мубтало шудан ба инбеморӣ омилҳоебуданд,ки муҳоҷирони тоҷикро сарфи назар аз маҳалу миллияташон ба ҳам овард. Дар ҳамин давра аъзои ин ҷамъият дар радифи дигар созмону ҷамъиятҳои ҳамкор бо муҳоҷирон нагузоштанд, ки як оилаи ниёзманд ҳам эҳсоси танҳоӣ кунад. Аъзои ҷамъият ситоди махсус таъсис дода, барои ба беморхона бурдани беморон ва таъмини онҳо бо дору кор мекард. Як бахши фаъолияти ситод аз Новосибирску Москва ба Тоҷикистон интиқол додани ҷасадҳои фавтидагон ба воситаи мошинҳои яхдондор буд.
Нусратулло Раҳматуллоев, узви ин ситод маҳз ба ин кор машғул шуда, бино ба омори пешниҳодгардида, 55 ҷасад аз Москва ва 65 ҷасад аз минтақаҳои дигари Сибир ба Тоҷикистон фиристодаанд. Ҷамъияти тоҷикон махсусан дар ин муддат ба духтурҳои тоҷикистонӣ Фирўз, Меъроҷиддин, Сунатулло, Неъматҷон, Ҷовидон, ки дар Сибир кор ва зиндагӣ доранд, такя мекард.
Ҷамъият дар ин давра дастгрии шахсони саховатмандро зиёд эҳсос мекард. Раиси ҷамъият ҳоло бо сипосгузорӣ аз тоҷиконе, ки худ бо меҳнати ҳалол дар Сибир эътибор пайдо кардаанд, ёдовар шуда, аз мададу ёрмандиҳои соҳибкорони шинохтаи тоҷик дар минтақаи Сибир- Шоевҳо, аз ҷумла Раҳимҷон Бобоҷонов, соҳибкорон Мирзомиддин, Асомиддин, Сироҷиддин, акаи Ризвоншоҳ ёдовар шуд.
Чуноне бисёриҳо огоҳанд, ин шахсиятҳои шинохта бар иловаи корҳое, ки дар он ҷо анҷом медиҳанд, ҳар яке дар ободнии зодгоҳу маҳали зисташон низ иқдомҳои саховатмандона карда, дар сохту таъмири муассисаҳои таълимӣ, иншооти маишию иҷтимоӣ саҳм гирифтаанд.
Ҷамъияти «Дружба» дар раёсати худ шахсиятҳои шинохтаеро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъоварда ва бо маслиҳату дастгирии онҳо кор мекунад. Бо иштироки фаъолона дар ҷашнҳои расмии кишвари иқомат ва инчунин ҳамасола бо баргузории ҷашнҳои Наврўз, «Сайри лола», мусобиқаҳои варзишӣ ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни Истиқлол дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Тоҷикистон – консулгарӣ ва хадамоти муҳоҷират дар ваҳдату ҳамбастагии муҳоҷирон, ба ин восита шиносонидану наздик будан бо намояндагони қавму миллиятҳои гуногуни Сибир саҳм мегиранд.
Ба қавли мусоҳиби мо, имрўзҳо намояндагони Тоҷикистон бар иловаи савдо дар соҳаҳои гуногун фаъолият дошта, фарзандонашон дар муассисаҳои оливу миёна таҳсил мекунанд.
Ҳар яке аз онҳо,ҳамзамон,бо дўст доштани маърифату фарҳанги тоҷикӣ, ки аз оила ва наздиконашон меомўзанд, ҳамқадами ҷомеа буда, ба зиндагии оянда омода мешаванд.
Солеҳ ЮСУФОВ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: