Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳар куҷо бошем, бо ёди ватан бошем!

Ҳар куҷо бошем, бо ёди ватан бошем!

28-05-2021, 09:19
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар куҷо бошем, бо ёди ватан бошем!
Муҳоҷират


Ҷаҳон ҳанӯз дар ибтидои солҳои навдуми асри 20, ҳамзамон бо фурӯпошии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ бо падидаи саросарии муҳоҷирати меҳнатии иҷборӣ рӯ ба рӯ шуд. Тоҷикистон ҳам, ки як пораи ин низоми 70 - солаи фарогир буд, аз ин раванд дар канор намонд. Раванди муҳоҷирати сокинони кишвари моро ҷанги шаҳрвандӣ суръати бештар дод ва зиёдтар фарогир кард. Онҳое, ки ҳатто дар ин маврид андешае ҳам ба сар надоштанд, маҷбур тарки кишвар каданд. Инҷо аз низому тартиб дида, умедворӣ, изтирору интизориҳо бештар буд. Агар дар кишварҳои Аврупо бо такя ба таҳлилу таҳқиқи вазъияти пас аз шикасти Шӯравӣ пурра омода буданд, дар худи ҷумҳуриҳои дар гузашта аъзои як давлату як низом ҳар коре, ки мешуд, бо истифода аз таҷрибаи даврони ҳамзистӣ ба иҷро мерасид. Замоне, ки ғарб то он замон таҷрибаи сесадсолаи қабули муҳоҷирон дошт ва боз аз таҷрибаи се даври муҳоҷирати меҳнатӣ ба Амрико сабақбардошта буданд, ҷумҳуриҳои собиқ узви Иттиҳоди Шӯравӣ чизеро дар ин бора надоштанд. Махсусан барои Тоҷикистон нав эълони истиқлолнамуда, дар баробари зарурати муҳоҷирати меҳнатӣ бар асари даргириҳо, фалокатҳои табиӣ ташвиш ва мушкили муҳоҷирати иҷбории қариб ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро пешовард.Аврупоро ба ташвиш оварда буд. Дар он давра ва бо гузашти ҳамакнун қариб 30 сол барои тоҷикиону Тоҷикистон Федератсияи Россия ба кишвари бунёдии қабули муҳоҷирон табдил ёфт. Ба ин сабаб буд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия барои танзими муҳоҷирати қонунии меҳнатӣ тадбирҳои оммавӣ пардохт. Дар ин раванд, баробари ниҳодҳои давлатии Русия ва Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) созмону иттиҳодияҳои таъсисшуда бо ибтикор ва кӯшиши худи тоҷикистониҳои ба муҳоҷиратрафта дар сарҷамъ овардану ба қадри тавон коҳиш додани мушкилиҳои муҳоҷирон нақш мегузоранд. Ба ин васила буд, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкории АвруОсиё ба андозаи назаррас ба танзим даромадааст. Табиист, ки ба ин мавзӯъ дар Тоҷикистон аз хонандаи мактаб сар карда, то калонсолон ҳама таваҷҷуҳи хоса доранд.
Суҳбати мо бо Муриват Раҳматович Маликшоев – раиси Ташкилоти "Ҷамъияти миллии фарҳангии тоҷикон” дар вилояти Иркутски Русия, ки ба Ватан омадаву дар Тоҷикистон қарор дорад, дар идораи ҳафтаномаи “МХ” рӯи масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирон, мушкилот ва дурнамои кор ва зиндагии онҳо доир шуд. Ташкилоти номбурда аз соли 2000 дар ин минтақаи ФР ба фаъолият оғоз карда, то ба имрӯз ба сатҳи яке аз созмонҳои фаъоли кор бо ҳамватанони мо дар ин кишвари паҳновар табдил ёфтааст.
Аз ҳолномаи мусоҳибам-Маликшоев Муриват Раҳматович: 15 феврали соли 1958 дар деҳаи Хек, ноҳияи Қалъаихум, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1981-1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар шаҳри Кишинёв (Молдавия) хидмат кардааст. Солҳои 1982-1985 - муаллими мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Файзобод, солҳои 1985-1987 - мудири шуъбаи методии Қасри ҷумҳуриявии пионерон ва мактаббачагони Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1991 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе (ҳоло хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм кардааст. Солҳои 1987–1995 инструктор, сипас, муовини мудири шуъбаи мактабҳои дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995–1999 - директори генералии ширкати “MMP” дар Душанбе буд. Соли 1999 ба мақоми намояндаи тиҷоратии байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Иркутск таъйин шуда,то соли 2005 дар ин вазифа кор кард. Ҳамзамон, соли 2000 ташкилоти Ҷамъияти миллии фарҳангии тоҷикони Иркутскро бо номи “Сомониён” таъсис дода, то соли 2002 директори иҷроияи ин ташкилот буд. Дар солҳои баъдӣ, ин ташкилот се бор номи худро иваз карда, ниҳоят аз соли 2010 "Ҳамватан" номида шуда бошад ҳам, М. Маликшоев пайваста раёсати онро ба уҳда доштааст. Аз соли 2014 - узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва аз соли 2016 - узви Шӯро оид ба масъалаҳои қавмӣ дар назди губернатори вилояти Иркутск мебошад. Оиладор ва падари 4 фарзанд аст.
Дар оғоз аз ӯ дар бораи ҳадафу вазифаҳои ташкилоти “Ҳамватан" пурсидам.
- Аз оғоз то ба имрӯз ҳадафу вазифаҳои мо кам тағйир ёфта, балки такмил шудааст, ки умдатан мусоидат дар татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандии тоҷикони муҳоҷир ва муқими вилоят, фароҳам кардани заминаи иттиҳоду ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандонамон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон, ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои миллӣ мебошад.
Бо ин мақсад, дар давоми мавҷудияти худ бо ташаббуси ташкилот ва иштироки фаъолонаи аъзои он чорабиниҳои доир шуд, ки мақсад аз онҳо таъмини сарҷамъии тоҷикон, ба дигарон шиносонидани анъанаҳои дорои хусусиятҳои миллидошта, аз қабилиҷашни "Наврӯз", Рӯзи ваҳдат ва оштии миллӣ, Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон, идҳои Рамазон ва Қурбон аст. Дар баробари ин, мо дар мавзӯъҳои барои дигар миллатҳои сокини шаҳр чандин мизҳои мудаввар доир ба суннатҳо ва расму оинҳои тоҷикон баргузор намудем.
Баргузории ҷашновораи "Пули дӯстии Тоҷикистон - Иркутск" бо номи “Аз Помир то Байкал”яке аз чорабиниҳое аст, ки иҷрояро ба нақша гирифтаем ва бо беҳтар шудани вазъияти эпидемологӣ ва фароҳам шудани шароити мусоид ба иҷрояш иқдом хоҳем кард. Барномаи ин ҷашнвора чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад: ярмаркаи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон, намоишгоҳи ғизоҳои миллӣ ва шириниҳои тоҷикӣ (шарқӣ), барномаи консертӣ бо иштироки санъаткорони тоҷик, намоиши либосҳои миллӣ ва намоишгоҳи аксҳо аз Тоҷикистон. Дар барнома, инчунин, намоиши китоб, баргузории мусобиқаи «Гуштигирӣ», иҷрои саҳнаи тӯйи миллӣ ҳам хоҳад буд.
Бахши дигари фаъолиятҳои мо ба расонидани ёриҳои босалоҳияти ҳуқуқӣ ва тиббӣба аъзои ҷамъият тавассути ҷалби мутахассисон вобаста аст. Барои иҷрои ин кор,созмон дар баробари мутахассисони рус аз кадрҳои ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон ва табибон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва онҳое, ки бо кишвари мо пайвандӣ доранд ва ҳоло дар вилояти Иркутск зиндагӣ мекунанд, истифода мекунад. Ташкилот,инчунин,бо мутахассисони соҳаҳои гуногун, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ барои рушд ва татбиқи пурраи қобилияти касбии муҳоҷирони тоҷик ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Иркутск зиндагӣ мекунанд, робита барқарор менамояд. Дар оянда ташкилот ният дорад, ки дар бахши муттаҳид кардани варзишгарон - шаҳрвандони тоҷик ва соҳибкорон низ бештар иқдом кунад.
Шумо ҳам хабар доред, ки Сомон Маҳмадбеков- варзишгари дар Русия ва Тоҷикистон номӣ, аз дастпарварони мактаби варзишии Иркутск мебошад.
- Дар бораи миқдори шаҳрвандони тоҷикистонии сокини вилоят оморе дар даст доред?
- Мо нафақат омори имрӯзаро ҷамъовардаем, балки таърихи мухтасари ҳамватанонамон дар қаламрави вилояти Иркутск, омори муқоисавӣ нисбат ба дигар миллатҳои сокини вилоятро ҳам дорем. Дар ҳудуди вилояти Иркутск дар ҳоли ҳозир ҳазорҳо нафар ҳамватанонамон умр ба сар мебаранд. Шумораи бештари онҳо дар шаҳрҳои Иркутск, Ангарск, Братск, Шелехово, Усолье-Сибирское, Черемхово, Тайшет, Зима, инчунин, дар ноҳияҳои атрофи Иркутск зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 75 дарсад дар сохтмонҳо, тақрибан 10% дар системаи тиҷорати хурд ва тиҷорат машғули кор ҳастанд. Бар асоси динамикаи рушди аҳолӣ, шумораи тоҷикон дар вилояттибқи барӯйхатгирии аҳолӣаз соли 1939 сабт шуда, дар ҳамон сол тоҷикон ҳамагӣ 56 нафар будаанд. Омори ҳамватанони мо дарин минтақаи Русия аз солҳои 90 – ум рӯ ба афзоиш оварда, бино ба саршумории аҳолӣ дар соли 2010 ба 4169 нафар буд. Ҳоло ин нишондод хеле бештар аз ин аст, вале чун омори имрӯзаи мо расмӣ нест, ман аз гуфтанаш худдорӣ мекунам. Танҳо инро гуфта метавонам, ки танҳо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таълимии ин вилоят мехонанд 550-600 нафаранд.
- Мақсади боздид аз Тоҷикистон чист, дидор бо пайвандон ё мулоқоту баҳси масъалаҳои корӣ бо мақомоти давлатӣ?
- Ҳам ину ҳам он. То имрӯз бо мақомот чандин вохӯриҳои судманди корӣ доштем. Дирӯз бо таклиф ва хоҳиши мо бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонАмонзода Ширин Шодӣмулоқот баргузор гардид.
Дар ин вохӯрии самимии мо, ки зиёда аз як соат давом дошт, дар баробари масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳамон, ман ба вазири муҳтарам аз фаъолияти кори ҷамъияти тоҷикон дар бахши кумаку дастгирии амалӣ ва роҳҳои ҳали мушкилоти ҷойдошта барои муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кори зиёда аз 20 соли фаъолиятам, дар ин бахш маълумоти комил додам. Боиси қаноатмандист, ки Ширин Шодӣ дар ҷараёни вохӯрӣ барои самаранок ташкил намудани фаъолияти кори ҷамъият, махсусан ҷиҳати ёриву дастгирии муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон маслиҳатҳои судманд доданд. То ин дам, инчунин,имрӯз пеш азон ки барои суҳбат оям, дар Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ муовини Раиси хизбХайринисо Юсуфӣ мулоқоти хубу самимӣ доштем.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муддати зиёда аз 10 сол мешавад, ки ҳамкорӣ дорад. Ин ҳамкориҳо асосан дар бахши кумаку мадад ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба тавсеа мебошанд.
Дар вохӯрии имрӯза, дар қатори дигар масъалаҳо тартибу воситаҳои вусъат додани робитаҳои дуҷониба дида баромада шуда, тарҳи пешакии чанде азчорабиниҳои муштарак мавриди баҳс қарор гирифт.
Сафари ман ба рӯзҳое рост омад, ки дар марз бо Қирғизистон бесуботиҳо шуд ва он ба муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт, ки боиси таассуф ва ташвишамон гардид. Ин бесабаб нест, зеро шумораи зиёде аз сокинони Исфара ва махсусан аз аҳолии Ворух дар Иркутск ҳастанд ва ба ҳар фоҷеаву фалокате, ки ба сари ин мардум омад, мо фоҷеаихуд медонем. Яке аз дӯстон ва бародарони азизу қадрдони исфарагии мо, Гелмон Холович,ҳамзамон, аъзои раёсати Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск мебошанд. Ин фарзанди фарзона ва баору номуси миллат, дар ҷамоати деҳоти овозадори Ворух, ки имрӯзҳо вирди забони хурду калони кулли тоҷикони чаҳон гаштааст, таваллуд шуда, ҳарчанд дар Русия кору фаъолият мекунад, аммо ҳамеша дарфикри пайвандонаш аст ва то ҷое, ки метавонад барои ободии ин маҳал ёрӣ мерасонад. Саховатмандиву дастгирии ин марди шариф ба ҳар тоҷики Иркутск ҳам баръало равшан аст.
Дар омади гап, бояд хотирнишон кунам, ки дар робита бо ҳодисаҳои марзи Қирғизистон раёсати Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии мо муроҷиатнома нашр карда,
Аз рӯйдодҳои охир дар қитъаҳои марзии Ворух ва Чоркӯҳи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори ташвиш намуда, таъкид бар он доштем, ки дар вилояти Иркутск тайи чанд сол мешавад, ки ҳамватанони мо бо дигар халқияту миллатҳо (ки дар маҷмӯъ, шумораашон зиёда аз 150 аст), аз он ҷумла бародарону хоҳарони қирғиз дар фазои равобити дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ кору зиндагонӣ доранд. Дар давоми солҳои гунонун, мо бо бародарони қирғиз борҳо якҷоя чорабиниҳои миллӣ-фарҳангиро ташкил карда, гузаронидем. Бо бародарони қирғизи сокини Иркутск муносибатҳои хешу табориро низ ташкил ва ривоҷ дода, дӯстонаю боиттифоқӣ ҳам зиндагонӣ дорем.
Ба фикри мо, он нооромиҳое, ки дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон чи дар гузашта ва чи даряк моҳи ахир шуд, натиҷаи амалҳои барқасдонаи душманони ҳар ду миллат буда, дар сар задани задухӯрдҳои ахир ҳам ҳузур ав даст доштани қувваи сеюм эҳсос мешавад. Ин қувва намехоҳад, ки байни тоҷику қирғиз сулҳу салоҳ бошад.
Ҳамватанони мо дар саросари вилояти Иркутск, аз сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра дастгирӣ мекунем ва комилан боварӣ дорем, ки ташаббус ва иқдомоти созандаашон барои дар ояндаи наздик ба пуррагӣ ҳал шудани ҳамаи баҳсу мушкилоти марзӣ мусоидат мекунанд.

- Мо ҳам ба ин бовару андешаи шумо ҳамфикрем. Аммо ҳоло мехоҳам донам, ки тоҷикон лар Иркутск бар иловаи сохтмон боздар чӣ бахшҳо фаъолияти назаррас доранд?

Савдо аз бахшҳои анъанавии машғулияти ҳамватанонамон аст. Савдои сарулибос,пойафзол, таъсиси чойхонаву ошхонаҳо бо тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ маъмул аст. Бародарон Маҳмадбековҳо чойхонаи машҳуре доранд ва дар баробари ин, дар тамоми вилоят ягона коргоҳи истеҳсоли ҳасиби ҳалол низ аз сӯи онҳо роҳандозӣ шудааст, кибо истифода аз маҳсулоти тайёршуда дар фермаи чорводории хусусии Шоин Маҳмадбеков фаъолият менамояд. Бародарони ҳисорӣ аз дараи Алмосии Ҳисор Сатторовҳо ҳам дар фаъолияти соҳибкориашон ва кишоварзиву чорводорӣ муваффақиятҳо ба даст овардаанд. Ба кори бародарон Сатторов Даврон роаҳбарӣ мекунад.
Соҳибкорон Баҳруло, Ҷунайдуло ҳам дар кори худ муваффақ ҳастанд. Бародарон Мирзоевҳои файзободӣ ҳам барои аксар ҳамватанон дар вилояти Иркутск ошноянд.
- Дар муддати беш аз 20 соли кору зиндагӣ дар вилоят кадом мушилиҳоро дар зиндагии муҳоҷирон зиёдтар мушоҳида кардаед? Ҳамин раванди муҳоҷират ба назари шумо чӣ рӯйдоде аст?
- Муҳоҷирон аз Тоҷикистон барои кор асосан ба Русия мераванд. Ин ба назари ман ҷиҳати мусбат ҳам дорад. Дар фаъолияти чандинсола ба ин хулоса расидем, ки муҳоҷирати гурӯҳӣ ба минтақаҳои алоҳидаи ин кишвар, сукунатидастҷамъонаионҳо барои ҳифзи ҳувияту фарҳанги ҳамватанонамон мусоидат мекунад, то ҳаде ин шароитро фароҳам мекунад, ки муҳоҷирон ва агар бо оилаҳои худ бошанд барои фарзандонашон як муҳити тоҷикона эҷод менамояд. Раванди муҳоҷират дар ирмӯз як падидаи ҷаҳонӣ буда, дар сурати танзими дурусту роҳнамоии оқилона аз он манфиати зиёд гирифтан мумкин аст. Бо назардошти вазъи иқтисодии кишварамон бояд бароямон тааҷҷубовар набошад, ки ин раванд ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил мешавад. Бо вуҷуди рушди ба назар зоҳиран баланди иқтисодӣ, Тоҷикистон боз ҳам аз кишварҳоест ки хонаводаҳо ба даромади иқтисодии аз меҳанти муҳоҷиронба дастомада ниёздоранд.
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногунро дар амал меомӯзанд. Тибқи маълумоти Росста, даряке аз солҳои гузашта, вуруди умумии муҳоҷират ба Русия аз дигар кишварҳо 124,9 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ва дар байни кишварҳое, ки муҳоҷиронаш ба Русия мераванд, Тоҷикистон ҳам пешсаф аст. Маълумоти ҳарсолаи Бонки марказии Русия ва БМТ низ ҳамасола иштироки фаъолонаи сокинони Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди кишварамонтасдиқ мекунад.
Ҳамин тариқ, дар яке аз солҳои пеш аз пандемия аз Русия ба кишварҳои ИДМ 13,3 миллиард доллар ворид шуд, ки ӯзбекистон дар гирифтани маблағ аз Русия миёни кишварҳои ИДМ ҷойгоҳи аввалро гирифт, ки шаҳрвандонаш 4 миллиард доллар, Тоҷикистон бошад бо 2,6 доллар миллиард дар ҷойи дуввум буд. Дар давраи пандемия ин нишондод ба қадри мулоҳиза коҳиш ёфта бошад, ҳам дар семоҳаи аввали имсол боз рӯ ба афзоиш овардааст.
Тибқи маълумоти Бонки Русия, миқдори миёнаи маблағҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишварашон фиристодаанд, 128 долларро ташкил додааст.
Дар ин раванди ҳассос, албатта мушкилоте ҳам пеш меоянд, ки ба назари мо, асосан ба сатҳи тайёрӣ ё умуман беомодагӣ ба муҳочират рафтани ҷавонону дигар ҳамватанони мо вобаста аст. Мутаассифона аксар бетайёрӣ мераванд. Бисёриҳо ҳатто ҳавсалаи пеш аз сафар якбор ба диққат аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳояшонро надоранд.
Ҳол он ки дар сурати як ҳарф хато будан, боиси пеш омадани мушкили дар таҳияи санадҳои кору муҳоҷират дар Русия мешавад. Дар вохӯриҳо бо мақомот хоҳиш кардам, ки дар ин маврид вақти кор бо онҳое, ки мехоҳанд ба муҳочҷират раванд, диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дигар чизе, ки муҳоҷиронро азоб медиҳад, надонистани забон, ҳуқуқу уҳдадориҳои давраи муҳоҷират аст.
Таваккал карда, рафтан ҳам як сабаби пеш омадану ба ҳолати ногувор афтидани муҳоҷирон мешавад. Як нафар шинос ё хеш даъват мекунад, вале пас аз харҷи вақти зиёд ин ҳамватани бетаҷрибаи мо ба Русия расида, кор пайдо намекунад ва сарсон мешавад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки баъди кор пайдо кардан пас аз ваъдаи даҳон, бе имзои қарордод инҷову онҷо кор мекунад, вале дар гирифтани маош фиреб мехӯрад. Бисёр вақт аз ноогоҳии ҳуқуқии муҳоҷирон миёнравҳои манфиатҷӯй истифода мекунанд, ки дар байнашон аз худи ҳамватанонамон ҳам кам нестанд. Бар ин ҳолат, соҳибкорони баору номуси ҳамватанамон дасти ёрӣ дароз мекунанд, аммо бояд мо корҳое кунем, ки чунин ҳолатҳо камтар пеш оянд.
- Дар бораи душаҳрвандӣ мехоҳам чанд сухан гӯед,чунки ин раванд ҳоло хеле маъмул шудааст, ва баъзеҳо бо нигаронӣ азон сухан мегӯянд…
- Ман худам душаҳрвандӣ дорам ва аз ин чизи баде надидаам. Аз ҳаққи баробар бо дигар шаҳрвандони Русия бархӯрдорам. Фарзандонам дар муассисаҳои миёнаву олии он кишвар таълим мегиранд.
Ҳануз соли 1996 Президентҳои Тоҷикистону Русия Созишномаеро ба имзо расонида буданд, ки имкон дод, тоҷикон бо даст накашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ҳаққи шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд. Ин яке аз иқдомҳои оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти кишварҳоямон буд. Ин иқдом, пеш аз ҳама таъсири мусбати равонӣ ба муҳоҷирон дошт. Шаҳрванд пас аз дарёфти душаҳрвандӣ азбисёр мушкилиҳо раҳо мешавад. Дигар патент гирифтан лозим нест, чизе, ки харҷи зиёде барои муҳоҷир дорад. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, дар давраи режими сахти маҳдудияти роҳҳо онҳое, ки душаҳрвандӣ доштанд, имкони рафтуомад доштанд, Русия ҳатто барои онҳое, ки шиносномаи ин кишварро дошт, рейсҳои алоҳида ташкил кард. Дар таваллудхонаҳо, боғчаҳои бачагона, мактабҳои миёна, махсус ва олӣ барои фарзандони афроди душаҳрвандӣ мушкиле пеш намеояд. Аммо шарт фақат ҳамин аст, ки ин нафар дар яке аз ду кишвар бояд қайди доимӣ дошта бошад. Дар ин маврид, мо аз ӯзбекистон ва ҳатто Қирғизистон ҳаққи бештар дорем.
Ман инро дар мисоли оилаи худ мегӯям. Яке аз фарзандонам бе душворӣ Донишкадаи ҳуқуқро хонда тамом кард ва ҳоло ӯ дар ташкилоти мо кор мекунад. Бовар дорам, ки дар давоми 10 -15 соли оянда ҷойгоҳи намояндагони Тоҷикистон хеле қавитар мешвад. Мо ҳоло дар соҳаи варзиш ҷавонони зиёдеро дорем, ки дар Мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дохилӣ ба намояндагӣ аз Русия баромад мекунанд, аммо дар дил меҳри Точикистонро доранд.
Боитминон мегӯям, ки аз Тоҷикистон дур бошем, бо меҳри Ватан ҳастем. Фарзандони худродарҳамин рӯҳия тарбият мекунем. Ҳамин ҷашнвораи дӯстии "Аз Помир то Байкал" –ро ҳам ба ҳадафи тақвияти эҳсоси дӯстӣ, сулҳ ва афзоиши робитаҳо байни Русия ва Тоҷикистон баргузор хоҳем кард.
Ба шарофати ин ҷашнвора фарҳанги миллати тоҷик, сиёсатҳои хирадмандонаи Сарвари кишварамонро дар қаламрави вилояти Иркутск таблиғ мекунем. Байни сокинони минтақаи Байкал мубодилаи арзишҳои фарҳангиро ривоҷ медиҳем. Дар минтақаи Иркутск ҷавонони тоҷики зиёдидонишҷӯҳастанд, ки мо онҳоро низ бо арзишҳои фарҳангиамон ошно карда, ба онҳо кумак мерасонем, ки анъанаҳоимиллиро фаромӯш накунанд. Конференсияи байналмилалии "Тоҷикону сибириҳо ҳамватанони собиқ нестанд" –ро ҳам ба нақша гирифтаем, ки ба рушди муносибатҳои байни миллатҳо дар байни категорияҳои донишҷӯён ва ҳам дар байни категорияҳои гурӯҳҳои синну соли гуногун, барои табодули минбаъдаи фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ дар муколамаи намояндагони аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ва Русия, ки дарқаламрави Сибир мебошанд, сурат мегирад.Нақшаҳои зиёд дорем ва он вохӯриву суҳбатҳое, ки дар Душанбе анҷом додем, албатта таконбахши иҷрои босамари нақшаҳоямон хоҳанд буд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: