Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Толибон дар пайи ташкили давлати падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез мебошанд. Андешаҳои профессор Ширин Исматуллозода доир ба мавзуъ

Толибон дар пайи ташкили давлати падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез мебошанд. Андешаҳои профессор Ширин Исматуллозода доир ба мавзуъ

20-09-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Толибон дар пайи ташкили давлати падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез мебошанд. Андешаҳои профессор Ширин Исматуллозода доир ба мавзуъ

ДУШАНБЕ, 19.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи дуюм аст, ки вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии Афғонистон тамоми сокинони ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Беэътиноӣ нисбати дигар миллату халқиятҳо, ташкили давлати такқавмии иборат сирф аз паштунҳо, беҳуқуқии занону духтарон ва дигар амалҳои ношоями Толибон доираи васеи равшанфикрони ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро нигарон кардааст. Махсусан, нодида гирифтани мавқеи занон дар ҷомеа, ҷорӣ кардани даҳҳо номгӯи мамнуъиятҳо барои онҳо, масъалаест, ки набояд аз мадди назари натанҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ, балки ҳар як инсони комилақл берун бимонад.

Бо назардошти мавзӯъ, дар зимн андешаҳои доктори илми филология, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ширин ИСМАТУЛЛОЗОДА пешкаши хонандагони АМИТ “Ховар” мегардад.

— Имрӯзҳо дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон зимоми ҳокимият дар дасти «Толибон» — ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви СММ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ маҳкум намуда, фаъолияташро дар ҳудуди марзҳои худ манъ кардаанд, қарор дорад. Саркардагони ин ҳаракати ифротӣ имрӯз Афғонистонро мисли солҳои 1996-2001 Аморати исломӣ уновн кардаанд.

Таъсиси Аморати исломӣ дар Афғонистон ҳам дар соли 1996, ҳам дар нимаи моҳи августи соли равон, новобаста аз хоҳиш ва майлу ихтиёри мардуми ин кишвар сурат гирифта, тасмими худсаронаи фақат як гурўҳи ифротии дар раъси ин ташкилоти террористӣ қарордошта ва хоҷагони пасипардагии онҳо мебошад. Сарварони ин ташкилот ва хоҷагони хориҷиашон афроде мебошанд, ки ба қавли Хоҷа Ҳофиз динро «доми тазвир» сохта, зери шиорҳои мардумфиребона манфиатҳо ва ғаразҳои сирфан гурўҳӣ ва шахсии сиёсию иқтисодии худ ва хоҷагонашонро дар амал татбиқ мекунанд. Барои толибон манфиатҳои миллию давлатии Афғонистон, ҳуқуқу озодиҳои мардуми Афғонистон, алалхусус, занону духтарон, ки аз нисф зиёди аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, заррае арзиш надоранд.

Толибон то рўзи дуввумбора ба сари ҳокимият омаданашон зимни гуфтушунидҳо бо намояндагони ҳукумати қонунии Афғонистон ва созмонҳою кишварҳои кафилу миёнарав пайваста таъкид мекарданд, ки хостгори таъсис додани як ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) мебошанд. Дар ҳар сурат, онҳо то рўзе, ки ба Панҷшер ҳамла накарданд, ҷомеаи ҷаҳониро ҳамвора бо ваъдаи ташкили ҳукумати фарогир умедвор менамуданд. Дар ниҳоят, ҳукумати созмондодаи худро, ки сирфан аз намояндагони ҳамин ташкилот ва як қавм иборат аст, муаррифӣ карданд.

Як далели равшани нияту мақсадҳои нопоки онҳо маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои фитрии занон ва манъи мушорикати занон дар умури иҷтимоию давлатдорӣ мебошад. Ба ақидаи толибон, вазифаи асосии зан фарзандоварӣ ва итоати шавҳар мебошад. Низоми сиёсию иҷтимоие, ки толибон дар Афғонистон ҷорӣ кардан мехоҳанд, як низоми падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез аст. Дар ин низом мақом ва нақши занону духтарон сахт маҳдуд карда шудааст. Толибон мехоҳанд занону духтаронро тибқи одатҳои асримиёнагӣ чодарпўшу хонанишин кунанд ва онҳоро аз ҳамаи дастовардҳое, ки дар зарфи 20 соли охир дар самти тавсеаи мушорикати иҷтимоию сиёсӣ ба даст овардаанд, маҳрум ва бенасиб кунанд.Тибқи маълумоте, ки дар расонаҳо дарҷ шудааст, пас аз суқути ҳукумати қаблии толибон дар соли 2001, дар зарфи 20 соли минбаъда дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон новобаста аз идомаи муборизаи мусаллаҳонаи қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо толибон ва гурўҳхои дигари экстремистию террористӣ, раванди тавсеаи мушорикати иҷтимоию сиёсии занон оғоз гардид ва натиҷаҳои назаррасеро ба бор овард. Аз ҷумла, дар соли 2019 16% -и кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва 27%-и вакилони парлумони кишварро занон ташкил медоданд. Дар зарфи 20 соли гузашта занону духтарони афғон дар рушди илму маориф, фарҳанг, иттилооту муошират, соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ фаъолона саҳм гузошта, бо ҳамин собит намуданд, ки аз лиҳози қобилияту истеъдод, имконияту зарфияти неруҳои зеҳнию ақлонӣ аз мардҳо ҳеҷ камӣ надоранд.

Мутаассифона, толибон ҳеҷ гуна неруҳои зеҳнию ақлонии занонро эътироф намекунанд ва мекўшанд ки ҳуқуқу озодиҳои онҳо, доираи мушорикати иҷтимоии онҳоро ҳарчи бештар маҳдуд намоянд. Ба андешаи мо, агар толибон, нияти хотима бахшидан ба ҷанг, наҷот додани Афғонистон аз бўҳрони сиёсию иҷтимоӣ ва таъмини рушди босуботи ҷамъиятию иқтисодии ин кишварро дошта бошад, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ чунин муносибати нохушоянде нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои фитрию иҷтимоии мардум, алалхусус, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои занон нишон намедиханд. Барои таъмини рушди босуботи иқтисодию ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, кадрҳои соҳибкасбу ҳунарманд, мутахассисони саводнок заруранд ва бештар аз 30%-и ҳамин гуна кадрҳои мутахассису соҳибмаълумоти Афғонистон занон мебошанд. Ҳамзамон, баъди таъсис додани ҳукумати толибон ва муаррифӣ шудани аъзои он шумораи зиёди занону духтарони афғон дар Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот ва Кандаҳор бо нишони эътироз аз сиёсати пешгирифтаи толибон, бо шиорҳои таъсиси ҳукумати фарогири намояндагони ҳамаи гурўҳхои этникӣ ва динию мазҳабӣ, инчунин бо талаби ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии занону духтарон ба кўчаҳо бармаданд ва роҳпаймоӣ карданд.

Ин нуктаро, ки ҷалби занон ба корҳои идоракунии давлатӣ танҳо ба манфиати давлат ва ҷомеа мебошад, таҷрибаи давлатдории муосири бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аксарияти аҳолиашон мусулмон, мисли Эрон, Туркия, Сингапур, Индонезия, Малайзия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба таври равшан собит месозад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зарфи 30-соли Истиқлоли давлатӣ занон дар рушди ҷамъиятию иқтисодии кишвар аз тариқи ширкати фаъолона дар идоракунии давлатӣ ва пешбурди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақш ва саҳми бузург гузоштааанд.

Дар солҳои истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон, ҳифзи оила, модар ва кӯдак барномаҳои зиёдеро таҳия ва амалӣ кардааст. Ҳанўз пеш аз ба даст овардани соҳибихтиёрӣ, бо Қарори Шӯрои Вазирон ҶШС Тоҷикистон (моҳи марти соли 1991, таҳти рақами 37) Кумитаи оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он дар давраи соҳибхтиёрии давлатӣ боз ҳам такмил дода шуд. Кумитаи мазкур яке аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаи он аз татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳо ва манфиатҳои занон ва оилаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи барномаи баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии зан ва мард, васеъ намудани доираи иштироки занон дар ҳалли мушкилоту вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии давлат ва корҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар дафъа дар баромадҳои хеш нақшу мақоми занону духтаронро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, идора кардани корҳои давлатӣ ишора намуда, қайд менамоянд, ки «занону духтарон дар ҷомеаи имрўзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Мо минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб менамоем»

Ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба суннатҳои неки фарҳангӣ-миллӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ барои ҷалби бештари занону духтарон ба мушорикати иҷтимоӣ ва интихобу пешбарӣ кардани занони соҳибмаълумоту лаёқатманд ба вазифаҳои баланди давлатӣ мунтазам таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамояд. Чунончӣ, дар мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат- Маҷлиси Олӣ, даъвати якум (солҳои 1995 — 2000) 5 нафар зан, даъвати дуввум (солҳои 2000 — 2005) 10 нафар зан, даъвати севум (солҳои 2005 — 2010) 11 нафар, даъвати чорум (солҳои 2010 — 2015) 10 нафар, даъвати панҷум (солҳои 2015 — 2020) 11 нафар зан вакил интихоб шуданд. Дар айни замон, 8 нафар, ё 27 % аъзои Маҷлиси миллӣ ва 13 нафар, ё 25 % вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.

Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду вазир, раиси як кумитаи давлатии Тоҷикистон занон мебошанд. Илова бар ин, дар ҳамаи вазорату кумитаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо як нафар зан дар вазифаи муовин роҳбар фаъолият дорад. Аксарияти шуъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занҳо сарварӣ мекунанд. Дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ шумораи назарраси занону духтарони зиёде ба халқу Ватани маҳбубамон содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол занон аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ бархурдор мебошанд. Ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон таҳти ҳимояи давлат ва таваҷчуҳу ғамхории доимии Президенти кишвар қарор гирифта, мушорикати занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз соҳаи маориф сар карда то корҳои идоракунии давлатӣ сол то сол вусъат ёфтааст. Ба шарофати мушорикати занон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ кишвари мо сол то сол ободу зебо ва сатҳи зиндагии мардум баланд шуда истодааст. Дар воқеъ, зиндагии ҷомеа, бақо ва ободии дилхоҳ ҷомеа ё кишвар бо ҳузури зан, бо иштироки фаъолонаи неруи созанда ва хастанопазири ҳаётбахши ин ҷинси шарифу латифи инсонӣ имкон мепазирад.

Вале ҳамон тавр ки дар боло қайд шуд, чунин муносибати хушунатомез ва беэҳтиромонаи толибон нисбат ба занону духтарон, аслан аз одатҳои патриархалии давраҳои қадим ва асримиёнагӣ маншаъ мегирад ва хилофи таълимоти сарчашмаҳои асосии исломӣ мебошад.

Аз таҳқиқи осори фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти мусулмонони Тоҷикистону Афғонистон ва умуман, 70 %-и мусулмонони ҷаҳон пайрави он мебошанд, низ чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки дар ин мазҳаби таҳаммулмеҳвари исломӣ занон дар се арса мавриди икром ва эҳтиром қарор гирифтаанд:

Дар арсаи инсонӣ, зан ба мисли мард аз рўйи эътиқодаш инсони гиромӣ ва мавриди эҳтиром аст. 2. Дар арсаи иҷтимоӣ, зан ба мисли мард аз синни кўдакӣ то дами марг ҳуқуқи таҳсил ва омўзишро дорад. Зан инчунин, ҳақ дорад аз шуғле, ки бо фитрат, рисолат, табиату хусусияти зан будани ў созгорӣ дошта бошад, бархурдор шавад.
Дар арсаи ҳуқуқӣ зан ҳамчун мард дорои ҳаққи моликият ва тасарруфи комил дар амволи худ аст, агар он ҳамчун маҳр ба зан тааллуқ дошта бошад. Ҳуқуқи молиявии зан аз ҳамон овони расидан ба синни булуғ то поёни умр, ҳатто аз оғози таваллуд ҳифз мешавад.
Аз ин нуқтаи назар, рафтору муносибати хушунатомези толибон нисбат ба заноне, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ мубориза мебаранд, на танҳо хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалист, балки тибқи таълимоти исломӣ низ нест, ҳарчанде, ки худи толибон чунин амалҳои худро тибқи шариат мешуморанд.

Бинобар ин, барои ҳалли мусолиматомези мушкилоти дарҳампечидаи сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон, наҷоти ин сарзамини тамаддунхез аз вартаи ҷангу муноқишаҳои харобиовар, таъмини фазои сулҳу осоишта ва баромадани кишвар ба роҳи рушди босуботи ҷамъиятию иқтисодӣ зарур аст, ки дар ин кишвар, бо такя ба таҷрибаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, як давлати воқеан ҳам мардумии ҳуқуқбунёд таъсис дода шавад ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои ширкати васеи занон дар ҳаёти ҷомеа ва умури давлатӣ фароҳам оварда шаванд.

Шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода барҳақ фармудааст:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: