Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе

Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе

17-09-2021, 08:21
Хабарро хонданд: 46 нафар
Назарҳо: 0
 Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 15 сентябр дар Қасри миллат мулоқот карданд.
“Дар мулоқот масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуъи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, - хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар мулоқот аз сатҳи рушдкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама ҷанбаҳо изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.
Дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ - вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷиаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар муҳокима карда шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеъи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар таъкид намудаанд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: