Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.2021 09:30, шаҳри Душанбе

Иштирок дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.2021 09:30, шаҳри Душанбе

9-09-2021, 11:31
Хабарро хонданд: 1107 нафар
Назарҳо: 2
Иштирок дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.2021 09:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳарчанд сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Таъкид гардид, ки ин сисола бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад. Ҳар як соли истиқлоли давлатии мо аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.

Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили санаи ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон ин шукронаи мо аз сарнавишт мебошад.

Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем, иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни чорабинии идонаро ба солгарди 30-юми ҷашни истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки даҳсолаҳои ояндаи асри 21-ум барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он даврони дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ хоҳад шуд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони соҳаҳои мухталифи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ карданд.

Аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 30 ҳазор нафар кормандони касбу кори гуногун, донишҷӯён ва хонандагони муасссиаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
Sharyn 10 сентября 2021 11:17
An outstanding share! I've just forwarded this onto a co-worker who had
been conducting a little homework on this. And he actually ordered me lunch simply because I found it
for him... lol. So allow me to reword this.... Thank YOU
for the meal!! But yeah, thanks for spending the time to discuss
this subject here on your dark web payment
gateway
page.
Цитировать          1
Garry 8 октября 2021 20:26
Thanks for any other informative site. Where
else may I get that type of information written in such an ideal way?
I have a undertaking that I am just now operating on, and I have been on the glance out for such information.

Feel free to visit my blog post: g_nstig auto mieten wien
Цитировать          2
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: