Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Cуханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш

Cуханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш

1-09-2021, 14:56
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
01.09.2021 11:15, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Омӯзгорон ва хонандагони муҳтарам!

Ҳамаи шумо – омӯзгорону хонандагон ва падару модаронро ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Рӯзи дониш, Дарси сулҳ, оғози соли таҳсил ва ба муносибати ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, яъне гимназия барои хонандагони болаёқат самимона табрик мегӯям.

Ба хонандагони ин боргоҳи маърифат хониши хубу аъло, ахлоқу одоби ҳамида ва ба устодону омӯзгорон дар иҷрои рисолати муҳиммашон, яъне таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамасола бо дарси сулҳ оғоз намудани соли нави хониш дар кишвари мо ба яке аз анъанаҳои нек табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд.

Маҳз бо сабаби он, ки сулҳу оромӣ барои зиндагии инсон аҳаммияти ҳаётӣ дорад ва хусусан, дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мо бояд ба хотири ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин, барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошем.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем.

Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар замири кӯдакон тарбия карда шавад, зеро ин марҳала дар инкишофи ақлонии кӯдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, бахусус, солҳои охир рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, то имрӯз дар самти бунёд кардану ба истифода додани кӯдакистонҳои наву замонавӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корҳои амалигардида ҳанӯз ҳам талаботи аҳолиро ба чунин муассисаҳо қонеъ гардонида наметавонанд ва мо бояд дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом диҳем.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 – 2025 ва боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зинаи асосие, ки барои азхудкунии дониш заминаи бунёдӣ мегузорад, таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагони ин зинаи таҳсилот танҳо соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода супоридани 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, то имрӯз қисми зиёди онҳо дарҳои худро барои хонандагон боз кардаанд.

Бо вуҷуди чораҳои доир ба бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ амалигардида дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар кишвар то ҳанӯз мушкилоти зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд.

Илова бар ин, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва бунёди деҳаву шаҳракҳои нави аҳолинишин зарурати бунёди боз садҳо муассисаи нави таълимӣ ба миён омадааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.

Дар буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад.

Маблағи зикршуда қариб 20 фоизи буҷети давлатиро ташкил дода, ба 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Яъне Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши ҳалкунандаи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои ояндасоз – кадрҳое, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад, аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузорад.

Барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар баробари 98 ҳазору 400 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти олӣ ва 30 ҳазору 300 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ қариб 1800 нафар омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки чунин вазъ ба сифати таълим бетаъсир буда наметавонад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки барои ҳарчи зудтар бо омӯзгорони ихтисосманд пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар чораҷӯӣ намоянд.

Ҳукумати мамлакат дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Яке аз мавзӯъҳои ҳалталаб дар ин самт буҷети вақт ва оғозу анҷоми соли таҳсил мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19 соли таҳсили 2019 – 2020 мо дар ин масъала қарорҳои дахлдор қабул карда будем.

Имсол низ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва паҳншавии мавҷи нави бемории зикршуда тибқи дастури Ҳукумати мамлакат анҷоми дарсҳо аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузаронида шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин, мавқеи географӣ, обу ҳавои мамлакат, ҳолати равонии кӯдакон, имконияти вақту соатҳои дарсӣ ва барномаву стандартҳои таълимӣ мо бояд дар доираи ислоҳоти соҳа ба ин масъала нигоҳи нав ва воқеӣ дошта бошем.

Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки пешниҳоду хулосаҳои худро дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат манзур намуда, ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа чораҳои зарурӣ андешад.

Ислоҳоти соҳаи маориф, ки ҳоло дар мамлакат идома дорад, дар навбати аввал, ба баланд бардоштани сифати таълим ва ба меъёрҳои ҷаҳони муосир баробар намудани он нигаронида шудааст.

Ин иқдом, пеш аз ҳама, бо роҳи баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар амалӣ карда мешавад.

Аз ин рӯ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон, яъне такмили донишҳои заминавӣ, ба муҳити нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва талаботи нави истеҳсолоту иҷтимоиёт мутобиқ гардонидани маҳорату малакаи онҳо кори муҳим ва ҳатмӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди таълим дар баробари ба хонандагон омӯзонидани донишҳои назариявӣ дар зеҳни онҳо ба вуҷуд овардани дониш ё малакаи амалӣ, яъне таҷрибаи ибтидоӣ мебошад.

Ҳадафи асосии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025», ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидааст, маҳз аз ҳамин иборат аст.

Тибқи таҳлилҳо вазъи иҷрои барномаи зикршуда дар аксари шаҳру ноҳияҳо қонеъкунанда нест ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки иҷрои корҳои дар доираи он пешбинигардидаро дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд.

Дигар масъалаи муҳим, ки ба татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии мамлакат ва ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамояд, омода кардани кадрҳои коргарӣ, мутахассисони соҳибкасби соҳаҳои техникӣ ва ба ин мақсад бо шароити зарурии техникиву технологӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳкими пояи моддиву техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати омода намудани мутахассисон бо Амри Президенти мамлакат аз 30-юми марти соли 2021 аъзои Ҳукумат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони масъул ба муассисаҳои таълимии мушаххас ба ҳайси сарпараст вобаста гардидаанд.

Дар як соли охир бо дарназардошти талаботи рӯз ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.

Бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлативу ғайридавлатӣ ва ба ин васила соҳибмаълумот гардонидани ҷавононе, ки хоҳиши соҳиб шудан ба маълумоти миёнаи касбиро доранд, имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2020 – 2021 дар кишвар 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба фаъолият оғоз карда, дар онҳо ҳазорон нафар ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 1991-ум 35 муассиса зиёд мебошад.

Барои муқоиса хотирнишон месозам, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то соли 1991 аз рӯйи 147 ихтисос мутахассис омода карда мешуд.

Имрӯз дар ин муассисаҳо тибқи талаботи бозори меҳнат аз рӯйи 306 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба касбомӯзӣ ҷалб кардани калонсолон ва бо ҳамин роҳ барои онҳо фароҳам овардани имконияти машғул шудан ба ин ё он намуди фаъолият мебошад.

Дар ин раванд, ташкили курсҳои кутоҳмуддати семоҳаю шашмоҳа ва нуҳмоҳа яке аз василаҳои муассир маҳсуб меёбад.

Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд ва сарпарастони ин муассисаҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ташкили паркҳои технологӣ ва дар ин замина дар истеҳсолот татбиқ кардани натиҷаи корҳои илмӣ чораҳои судманд андешанд.

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!

Ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани саводнокиву маърифатнокии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, рушди таҳсилоти олии касбӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, тавсеаи доираи ихтисосҳо ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳу усулҳои наву пешрафта дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки давлатро кадрҳои донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпарвар обод мекунанд.

Ватан ва давлатро ҳаргиз бо ҷаҳлу бесаводӣ пеш бурдану соҳибӣ кардан имкон надорад.

Зеро ҷаҳолату бесаводӣ фақат бадбахтиву нокомӣ меоварад.

Дар ҷаҳони муосир бе дастрасӣ ба илму инноватсияи муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиву техникӣ таъмин кардани пешрафти кишвар умуман имкон надорад.

Бо эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат мо мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ ва дар навбати аввал, ҷавонону наврасонро тавсеа бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ, риёзиву табиӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.

Ба ҳамин хотир мо солҳои 2020 – 2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои бистсола ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, таъмин кардани дастрасӣ ба техникаву технологияҳои замонавӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт ҳамасола баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро эълон намудем.

Иштироки фаъоли ҷавонону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар давраҳои якуму дуюми ин озмун нишон медиҳад, ки онҳо ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи зиёде доранд ва баргузории озмуни мазкур, махсусан, ба дарёфти ихтироъкорону навоварон ва донандагони хуби техникаву технологияҳои муосир мусоидат менамояд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардану гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» чораҷӯӣ намоянд ва минбаъд бо мақсади ҷалби бештари ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба ин озмун тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки дар амалӣ гардидани иқдомоти зикршуда устодону омӯзгорон бояд нақши асосӣ дошта бошанд.

Зеро омӯзгорон гурӯҳи пурнуфузе мебошанд, ки рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу соҳибмаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши онҳо вогузор шудааст.

Аз ин хотир, мо минбаъд низ барои тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеа чораҷӯӣ мекунем.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат самти тарбияи кадрҳо, амалӣ намудани ҳадафҳои имрӯзу ояндаи кишвар ва бо мутахассисони соҳибкасб таъмин кардани тамоми соҳаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 28 муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Бо ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ҳоло муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки қишри сершумор ва неруи созандаи ҷомеа – ҷавононро ба таълим фаро гирифтаанд, аз лиҳози шаклу мазмуни таҳсилот ва пояи моддиву техникӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ наздик шуда, мақому мавқеи худро дар ҷомеа тақвият бахшида истодаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзадҳои илм ва 226 докторҳои илм аз рӯи 136 ихтисос ба донишҷӯён таълим медоданд.

Имрӯз аз шумораи умумии устодону омӯзгорон 4363 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 824 нафар докторҳо ва 3539 нафар номзадҳои илм аз рӯи 533 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Вобаста ба ин, як нуктаро таъкид месозам, ки барои омода намудани мутахассисон аз рӯи баъзе ихтисосҳо гоҳо муассисаҳои таълимие иқдом мекунанд, ки аз нигоҳи неруи кадрӣ ва заминаи моддиву техникӣ шароити мусоид надоранд.

Гузашта аз ин, то ҳанӯз баъзе ихтисосҳое вуҷуд доранд, ки замони муосир ба мутахассисони дорои чунин ихтисосҳо ниёз надорад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиду бознигарии ихтисосҳо, ҷорӣ кардани ихтисосҳои нав, омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳои қатъӣ андешад.

Ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рейтинги муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифаи нав, яъне муаррифии илм ва таҳсилоти олии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва пешниҳоди хизматрасониҳои таҳсилотӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ пеш омад.

Қобили зикр аст, ки як қатор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар то имрӯз барои ба таҳсил ҷалб кардани шаҳрвандони хориҷӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Дар натиҷа ҳоло дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари хориҷӣ 16 500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Дар робита ба баланд бардоштани сифати таълим, хотирнишон месозам, ки дар ҷараёни таълим самаранок истифода кардани технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, таҳия ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва низоми нави таълими ҷавобгӯ ба талаби замон ва мувофиқ ба асолати иҷтимоиву иқтисодии кишвар, тақвияти фаъолнокии донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои муштараки таълимӣ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаби замон мебошад.

Дар ин раванд, ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба таҷдиди назар кардани ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим, таҳким бахшидани пайванди илм бо истеҳсолот ва дар асоси нақшаву барномаҳои таълимӣ ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ бояд мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки аз қабули қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ шаш сол сипарӣ гардидааст, вале аз бетаваҷҷуҳии роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иҷрои он қонеъкунанда нест ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт ҷоннок карда шаванд.

Дар даврони истиқлол дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидааст, ки дар асоси ин санадҳо ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 33 кишвари хориҷӣ беш аз 40 000 ҷавонони соҳибистеъдоди мо аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисоди миллӣ зарурӣ таҳсил карда истодаанд.

Таъсиси фонди махсуси Президенти Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ аз ҷумлаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат доир ба дастгирии ҷавонони лаёқатманд мебошад.

Ҳамчунин, аз соли таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» (2008) то соли таҳсили 2019 – 2020-ум 528 нафар шаҳрвандони мо дар зинаҳои гуногуни таҳсил (бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, ординатура, докторантура ва коромӯзӣ) дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Таҳлили маълумоти панҷ соли охир нишон медиҳад, ки шумораи донишҷӯёни тибқи бурсияҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар фиристодашуда дар соли 2019 нисбат ба соли 2015-ум 133 фоиз зиёд гардидааст.

Дар доираи фаъолияти судманди Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба наздикӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон баргузор мегардад, фаъолияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳайати донишгоҳи мазкур шомил буда, дар доираи барномаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвари мо 236 нафар донишҷӯён ҳоло дар донишгоҳҳои узви Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯйи барномаҳои магистратура ва забономӯзӣ таҳсил карда истодаанд.

Ҳамчунин, дар доираи дигар созишномаҳои бо кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай имзошуда ҳоло аз Тоҷикистон беш аз 1700 нафар донишҷӯён бо дарназардошти факултетҳои муштараки дар донишгоҳҳои узви созмон амалкунанда дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва забономӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида, роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати бастани созишномаҳои дуҷониба ва иҷрои самарабахши онҳо дар самти таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар, табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин, такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаҳои таълимиву илмии хориҷӣ тадбирҳои судманд андешад.

Ҳозирини муҳтарам!

Навсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот яке аз омилҳои асосии беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбия ба шумор меравад, ки тавассути стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Яъне ба мазмуну мундариҷаи таҳсилот – стандарт, барномаву нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бояд тағйирот ворид карда шуда, ташаккули ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони истиқлол ва арзишҳои давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи муҳимми таълиму тарбия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.

Дар ин росто, бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву саводнокии наврасону ҷавонон, маҳорати сухандониву суханварӣ, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи худшиносӣ, ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтироми забон, фарҳанг ва таърихи бостонии миллат эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Инчунин, зарур аст, ки барои ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълимии ақаллиятҳои миллӣ ва ҷоннок намудани омӯзиши таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар ин муассисаҳо тарҷумаи китобҳои дарсӣ, пеш аз ҳама, таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистон ба забони ақаллиятҳои миллӣ ҳарчи зудтар ба анҷом расонида шавад.

Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи низоми босалоҳият дар муассисаҳои таълимӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Чунин муносибат на танҳо ба баланд гардидани шавқу завқи донишандӯзӣ ва дар амал истифода намудани донишҳои назариявӣ, балки ба тақвияти қобилияти андешаронӣ, ташаккули шахсияти насли наврас мусоидат намуда, заминаи воқеии инкишофу истифодаи имкониятҳои зеҳниро дар раванди таълим ва берун аз он таъмин месозад.

Дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои зикршуда, тавсеаи тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқот доир ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи таҷрибаҳои инноватсионӣ ва натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ нашри «Донишномаи риёзӣ» ва «Фарҳанги истилоҳоти риёзӣ» кори муҳим ва талаби замон мебошад.

Тайёр намудани мутахассисони касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ имрӯз дар сиёсати давлати Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок буда, давлату Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф тавассути афзоиш додани маблағгузории ҳамаи зинаҳои таҳсилот пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия мехоҳам хотирнишон созам, ки барои ба камол расонидани наслҳои соҳибмаърифату боистеъдод китобу китобхонӣ нақши бағоят муҳим ва ҳатто ҳалкунанда дорад.

Аз ин лиҳоз, мо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон, ҳарчи бештар ба китобу китобхонӣ ҷалб кардани онҳо, беҳтар гардонидани сифати хониш, такмили маҳорати суханшиносиву сухангӯӣ, рӯ овардан ба осори адибони номвари тоҷик ва ҷаҳон, эҳтиром гузоштан ба таърих, забон, илму адаб ва фарҳангу тамаддуни бостонии миллӣ, яъне дар маҷмӯъ, тарбияи маънавии ҷомеа озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро роҳандозӣ кардем.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам вазъи ҷалбу фарогирии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ин озмун нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Бинобар ин, сабабу омилҳои кам мутолиа кардани китоб аз тарафи донишҷӯёну хонандагон бояд ҳамаҷониба таҳти омӯзишу таҳқиқи мутахассисон ва олимони соҳаи мактабшиносиву омӯзгорӣ қарор дода шавад.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки худи устодону омӯзгорон ва падару модарон китобдӯсту китобхон бошанд ва ба наврасону ҷавонон ибрат нишон диҳанд.

Аз таҳлилу арзёбиҳо доир ба сифати таҳсилот бармеояд, ки яке аз сабабҳои асосии паст шудани сифати хониш ва ба хондани китобҳои бадеӣ камтар таваҷҷуҳ кардани хонандагон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки солҳои навадуми асри гузашта вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҳамон давра фанни забони тоҷикӣ ва фанни хониш дар синфҳои ибтидоӣ муттаҳид карда, то ба ҳол ин ду фан якҷо таълим дода мешавад.

Яъне дарс ё фанни хониш, ки барои рушди маҳорату малакаи хониш, беҳтар гардидани сифати хондани китоб, таҳлили маънои калимаҳо ва суханвару сухандон шудани хонандагон яке аз фанҳои асосӣ буд, аз нақшаҳои таълимӣ бардошта шуд.

Чунин иқдом танҳо дар муассисаҳои таълимии кишвари мо сурат гирифтааст, вале дар тамоми кишварҳои ҳамсоя ва аксари мамолики ҷаҳон фанни хониш ҳамчун дарси алоҳида таълим дода мешавад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати дар доираи соатҳои барои фанни забони тоҷикӣ ҷудошуда (дар ҳаҷми 10 соат дар як ҳафта) ба таври алоҳида таълим додани фанҳои забони тоҷикӣ ва хониш озмоиш гузаронида, пас аз он ҷиҳати ҷорӣ кардани дарси забони тоҷикӣ ва дарси хониш дар синфҳои ибтидоӣ, нашри китобҳои ин ду фан ва таҷдиди назар кардани нақшаҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ватани соҳибистиқлоламон сол ба сол рушд карда истодааст.

Дар шаҳр дар баробари бунёди иншооти муҳимми инфрасохтори пойтахт ба масъалаи сохтмон ва таъсиси муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Бояд гуфт, ки танҳо тайи солҳои 2017 – 2020 дар шаҳри Душанбе бо харҷи зиёда аз 450 миллион сомонӣ 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст ва 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои қариб 2000 кӯдак бунёд гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нишаст ва сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1900 кӯдак идома дорад.

Сохтмони гимназия барои хонандагони болаёқат дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2019 барои 2500 нафар хонанда оғоз гардида буд.

Муассисаи имрӯз ифтитоҳшуда, ки дар миқёси кишвар калонтарин ба ҳисоб меравад, аз 6 бинои чорошёна ва 1 бинои панҷошёна иборат мебошад.

Муассиса аз 73 синфхона, озмоишгоҳҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, синфхонаҳои лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чинӣ, китобхона бо толори хониш, толори китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат оид ба коркарди филизот, чӯб, ҳайкалтарошӣ, барои омӯзиши либосдӯзӣ, хӯрокпазӣ ва дигар кабинетҳои ёрирасони зарурӣ иборат аст.

Ҳамчунин, муассиса дорои беҳтарин шароити машқу тамрин, ҳуҷраҳои хоб барои хонандагони синфҳои поёнӣ, 2 толори варзиш, ошхонаи хонандагон барои 340 ҷойи нишаст ва ошхона барои омӯзгорон мебошад.

Роҳбарият ва сокинони шаҳри Душанбе дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон нақшаҳои азими созандаро амалӣ намуда, то ба имрӯз беш аз 250 иншооти нави иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла 57 корхонаи муосири саноатиро бунёд карда, ба истифода супориданд, ки ифтитоҳи муассисаи таълимии имрӯза аз ҷумлаи онҳост.

Тавре ки болотар зикр гардид, дар давоми як сол, яъне соли ҷорӣ зиёда аз 200 муассисаи таълимии нав ба истифода дода мешавад.

Падару модарони муҳтарам бояд раванди таълиму тарбияи фарзандони худро ҷиддӣ назорат кунанд ва ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳадафи мо аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо – фарзандони азиз, аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имкониятҳои мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.

Шумо – наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли хушбахти замони истиқлол соҳибони ояндаи Ватан, давлат ва номбардорони фардои миллат ҳастед.

Мо аз ҳар яки шумо умеди зиёд дорем.

Бори дигар тамоми хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони гиромӣ ва падару модарони муҳтарами кишварро ба муносибати ҷашни муқаддаси 30 – солагии истиқлоли давлатӣ, Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва ифтитоҳи 214 муассисаи навбунёди таълимӣ, ки дар тамоми қаламрави мамлакат дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ дарҳои худро ба рӯйи фарзандони мардуми Тоҷикистон боз карданд ва ин боргоҳи маърифат самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, умри бобаракат, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва ба шогирдони гимназияи муҳташаму зебои имрӯза хониши хубу аъло орзумандам.

Ҳамеша саломату хушбахт бошед!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: