Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

1-09-2021, 10:12
Хабарро хонданд: 63 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
31.08.2021 15:07, шаҳри Душанбе
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президент ва мардуми дӯсту бародари Қирғизистонро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, ба ҳамаи сокинони Қирғизистони ҳамсоя сулҳ, субот, рушди устувор ва дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ комёбиҳои нав орзу намуданд.

Зимни суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистонро дар руҳияи созандагӣ таъкид намуда, ҷиҳати афзоиш додани ин раванд дар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд.

Ҳамзамон, рӯзномаи ҷаласаҳои дарпешистодаи сарони давлатҳо дар доираи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки қарор аст дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шаванд, баррасӣ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: