Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Толибон ҳеҷ гоҳ хуб намешавад

Толибон ҳеҷ гоҳ хуб намешавад

1-09-2021, 10:06
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Толибон ҳеҷ гоҳ хуб намешавад
Омезишдодани PR -и сиёсиро бо дипломатия бас кунед!

Мусоҳиба бо Виталий Хлюпин, номзади илмҳои сиёсӣ, муҳаррири вебсайти CenterAsia, дар бораи вазъи кунунии Афғонистон.
Савол. - Виталий Николаевич, имрўзҳо телевизорро мондан даҳшатовар аст, аз дидани гузоришҳояш дили кас мешўрад - наворҳои даҳшатбор - афғонҳо аз болҳои ҳавопаймоҳои амрикоӣ меафтанд ... Аввалин гузоришҳо дар матбуот дар бораи "корнамоиҳо" -и Толибон - қатли афсарон дар Қандаҳор, таркиш аз муҷассамаи шахсияти ҳазорае дар Бомиён, тирандозии намоиши осоишта дар як минтақаи Афғонистон. Қатли овозхони маҳалӣ Ф.Андаробӣ дар Бағлон. Боз хабарҳои зиёди ба ин монанд… Ин чист?
Ҷавоб. - Гуфтан душвор аст, ки кадоме аз гуфтаҳои боло дуруст аст ва кадоме аз онҳо PR – хабари ғаразноку мақсадноки чопӣ ва нашршуда дар телевизион барои ҷалби таваҷҷуҳ.Намедонем, ки кадоме иттилоотимақсаднок ва кадом хабар инъикоси воқеии рўйдодҳои воқеӣаст. Ҳарчанд наворҳое дар бораи бомбаҳои зиндаи афғон дар хатти парвози Кобулро шумо наметавонед ба таври сохта наворбардорӣ кунед. Аммо ман на аз ин чиз, балки бештар аз тарзи инъкоси ин рўйдодҳо дар ВАО-и Русия ва кишварҳои дигари минтақа нигарон ҳастам. Аз он нигаронам, кӣ ва чӣ гуна дар самти Афғонистон "кор" мекунад.

Фиристодаи махсуси Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов - аслан бо серҷоғиаш дар бораи он, ки гуфтушунид бо Толибон зарур аст, фазои хабарии дохили кишварро пур кардааст.... Ҳол он ки Русия таҷрибаи талхи созишномаҳо бо террористонро дорад - Хасавюрт, августи 1996, Лебед -Масхадов, инчунин гуфтушунидҳои телефонӣ дар назди камераҳои телевизионии "Черномырдин ва рафиқ Басаев", июни соли 1995 ... Натиҷаи чунин музокиротро ҳама бо чашми худ дидем... "Nord-Ost" -и соли 2002 ... Вале Кобулов бо хунсардӣ мекўшад, ки хаёлҳои хомашро ба дигарон бор кунад. Чанд рўз пеш аз уфтодани давлат дар Афғонистон, ў ба чашми мо нигариста, итминон медод, ки ба Кобул даромадани Толибон аз эҳтимол дур аст ва ҳатто забти Қандаҳор бозгўйи чизе нест... Ин назари касест, ки худро донандаи авзои Афғонистон ва таҳлилгари масъалаҳои вобаста ба ин кишвар медонад...
Савол: - Ин ба мо, мардуми одӣ,чӣ мегўяд? ...
Ҷавоб: - Бисёр чизҳоро. Пеш аз ҳама мегўяд, ки Кобуловвазъи воқеии Кобулро беҳтар аз Псакинамефаҳмад, ки мегуфт«флоти 5 -уми ИМА ба соҳилҳои Беларус шино карда расид...» Аз Кобул сафири«афғонӣ»-и мо Жирнов бо ў ҳамовоз шуда, исрор мекунад, лозим аст, ки бо Толибон гуфтугў кунем, зеро онҳо ҳоло дигар шудаанд, мо инро бояд дарк кунем –онҳо хуб, сафед,жўлидамўянд. Сафир итминон медиҳад– онҳое, ки ҳоло сафорати моро зери ҳимоя гирифтаанд, мардони одианд. Ў бо раҳбарашон суҳбат кардааст - як бачаи солимфикр менамояд. Дар кўчаҳои Кобул дар чанд рўзаки ҳукмронии Толибон назар ба пештара тартибот зиёдтар аст ва ҳатто духтарони мактаби назди сафорат саҳаргоҳон сурудмехонанд, яъне мактаби онҳо ҳанўз баста нашудааст ва духтаронро дар Қандаҳор ҷангиёни толиб бо зўр ба занӣ намегиранд. (Ва ҳатто ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки бо пойафзоли сафед ба кўча бароянд, дар гузашта, 20 сол пеш, онҳо пўшидани пойафзоли сафедродар Афғонистон бинобар якранг будан бо парчами Толибон манъ карда буданд…).
Ба баҳс дар бораи сафир бармегардам: Дмитрий Александрович Жирнов.Июни соли 1977 таваллуд шудааст. Хатмкардаи МГИМО (2000) аст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дар мавзўи "Модели муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи ҳамкории сиёсати хориҷии Русия ва Чин" рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст (МГИМО, 2002). Забонҳои англисӣ ва чиниро медонад. Аз соли 2000 дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия кор мекунад. Мушовир, мушовири сафорати Русия дар ИМА (2016-2019), аз 29 апрели соли 2020 - сафири Русия дар Афғонистон буда, рутбаи Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи 2 (26.12.2017) дорад.
Тавре мебинем, сафири мо дар Кобул як бачаи бо чеҳраи хира - марди бе тарҷумаи ҳоли равшанаст... ки боҷасорат гурўҳи террористиро тарғиб мекунад.
Ин чист? Ў кист? Аз куҷост? Ў дар тўли ҳамагӣ17 сол, пас аз ҳатми донишгоҳ то рутбаи генерал -лейтенант расида, дар 40 -солагӣсари шонаҳояшро ситораҳои генералӣ оро дода, дар 42 -солагӣ сафир таъин шудааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии мо чунин ҳолатҳо қарибрух намедиҳад ... Зиёда аз ин, ба таври фаврӣ ба чунин як кори муҳим мақоми аввали сафорати Кобул ҳар касро таъин намекунанд. Дар ҳоле киўҳеҷ гоҳмутахассиси Афғонистон набудааст, балки чинолог – хитойшинос аст, тавре худ маълумот медиҳад. Мавзўи рисолаи илмии ў "Модели муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи ҳамкории сиёсати хориҷӣ ..." аз худи сарлавҳа возеҳ аст, ки мавзўи рисолааш як навъ ахлот ва бардоштшуда азпартовҳост, ки шиносоиам бо матни он танҳо ин тахминро тасдиқ кард. Ин ҳама фикрҳоеро дар бораи худи ў ба миён меорад, ки фарзанди вундеркинд ва ноздона аз ягон хонаводаи бонуфуз бошад, ё афсари кадом як ниҳоди махсус. Корба ҷойе расидааст, ки Толибон ба воситаи сафорати мо дар Кобул, акнун ба писари Масъуд- писари Аҳмадшо, ки дар Панҷшер аст, муроҷиат карда талаб дорад, ки таслим шавад ё сулҳ кунад. Магар Сафорати Русия дар он ҷо, шуъбаи Вазорати корҳои хориҷии Толибон аст, ки Жирнов намояндаашон бошад? Ҳамоқат аз ҳад гузаштааст. Ин пеш аз ҳама барои худи кормандони сафорат хатар дорад, ки гаравгони Толибон шудаанд. Касе намедонад, ки ба сари баъзе аз ин "мардони одӣ", ки занонро дар кўчаҳо сангсор мекунанд, лаҳзае пас чӣфикре мезанад.
Жирнов, ки талош дорад, чун Грибоедов ва Петр Веселитский бошад, магар аз сарнавишти ин дипломатҳо бехабар аст? Оё намедонад, ки дуюмӣ, дар соли 1774 замони сафир дар ХонигарииҚрим буданаш ҳамин гуна аз муносибатҳои нарм табли шодӣ мезанад ва аз макри тоторҳои Қрим дар ғафлат монд ва надонист, ки ин мардуми ба гуфтаи худаш итоаткору баосоиш бо ў чӣ мекунанд. Ў ҳатто нафаҳмида монд, ки вақти хоб бо зани ҷавонаш десантҳои туркӣба саҳни сафорат фуруд омада, тамоми сафоратро дар ихтиёрашон гирифтанд, тоторҳои "осоишта" дар Боғчасарой кормандони сафоратро ба таври дўстона сар буриданд, (танҳо бо фармони туркҳои эҳтиёткор) ба ў ва зани ҳомиладораш иҷоза доданд, фирор кунанд. Аммо сафир Дима бо ин амалкардҳояш шояд ҳоло интизори подош ва ҷоизаҳост... Мисли Кобулов, ки дар гузашта барои дар курсии сафорати Кобул нишастанҳояш қадрдонӣ шуд...
Савол: – Оё ин нишонаи дар сатҳи паст будани дипломатияи Русия дар бахши Афғонистон нест?
Ҷавоб: - Аз рўйдодҳои охир, мутаассифона, чунин маъно бармеояд… Шуъбаи дуюми ВКХ Русия аллакай бо талошҳои муштарак барои ҳар як кормандаш 5-7 сол ҷазои маҳрумият аз озодиро кор кардааст. Дар моддаи 205 -и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия - кумак ба террористон ин чиз ҳаст. Сар аз худи роҳбари ин шуъба-Кобулов ва охирин атташеи матбуотии сафорат дар Кобул зери ин модда амал кардаанд.Дипломатҳои ин шуъба PR -и сиёсиро комиланбо фаъолияти худ омехтаанд ва вақте огоҳашон мекунӣ, хафа мешаванд. Онҳо ба ҳаде гапҳои бемаъниро паҳн мекунанд, ки як нафари ғайриҳирфаӣ ин корро намекунад. Хайрият, Лавров як ҳарфи бомаъно зад, ки Русия дар шинохти Толибон шитоб намекунад, балки хоҳад дид, ки вазъият ба чӣ самте тағйир меёбад. Ин хеле дуруст аст - акнун қадами навбатии Лавров бояд чунин бошад: суҳбати сахт бо Кобулов ва парвардаи ў Жирнов, то ки ҳарду лаб фурў банданд ва ҳар чизро шарҳ надиҳанд, ман ҳатто розиам, ки телефонҳои мобилии онҳо аз дасташон гирифта шавад. Бигзор хомўшона ба кор машғул шаванд, на ба худнамоӣ ба умеди дарёфти ордени «Ҷасорат» талош кунанд, маймунбозӣ бас.
Савол: - Аммо намояндагони ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандӣ ҳам гапҳое мегўянд, намунааш, доктори илм Алексей Малашенко дар «Независимая газета» менависад, ки толибон ба Осиёи Марказӣ умуман таҳдид намекунанд, онҳо ҳоло дигаранд, на ваҳшӣ, балки прагматиканд. Журналист ва сиёсатшинос Максим Шевченко низ дар радиои «Садои Москва» итминон медиҳад, ки ин «толибони нав»ҳеҷ гоҳ ба Осиёи Марказӣ ворид нахоҳанд шуд, худи ў ба он ҷо рафта буд ва рафторашон ба вай хеле писанд омадааст...
Ҷавоб. - Малашенко мутахассиси хуб аст, аммо амаки маккор аст, ин гуна сафсатаҳоро бепул наменависад, зеро хуб медонад, ки «Толибон»ҳамчун нерўи мутамарказ вуҷуд надоранд, бисёр фармондеҳони саҳроӣшартан ба Бародар, Охундзода тобеъ бошанд ҳам, вале шикориёни ДИИШ ҳастанд, ҷангиёни қабилавӣҳастанд, ки умуман тобеияти «Толибон»-ро надоранд. Пас, чӣ гуна баҳс кардан мумкин аст, ки ҳеҷ кадоме аз ин гуна отрядҳо сарҳадро убур намекунанд ва намехоҳанд зери шиками ҳамсоягони Осиёи Марказии моро харошанд? Чӣандешаи соддалавҳонае дорад ў. Вай менависад - таҳдиди «Толибон» (исломгароёни радикалӣ) барои ҳамсоягони наздик виртуалӣ аст, ин толибон - "Толибони нав", "Толибони прагматик ҳастанд", танҳо бо мушкилоти дохилии худ сару кор хоҳанд дошт ... Ин андешаҳо ҳатто хандаовар ҳам нест. Маҳз 20 сол пеш, тақрибан ҳамин таҳлилгарони имрўза дар бораи муллоҳои "туҳматзада", ки бояд бо онҳо гуфтушунид шавад, навишта буданд. Ин то он даме буд, ки ҳайкалҳои Бомиёнро натаркониданд.
Бародар як навъ солимфикр аст, нарм дастфишорӣ мекунад, гарчӣ бо саллаи сиёҳ ва шалвори сафед бо забони англисӣбошитоб гап мезанад ва стейкро ҳам бо дастнамехўрад. Дар як вақт, музокиракунандаи асосӣ ва манбаи хабарии "Бародар" намояндаи расмии дафтари сиёсии «Толибон» дар Доҳа Суҳайл Шоҳин аст. Маҳз ў нақшаҳоеро эълон мекунад, ки ба гўши Ғарб писанд омадааст, "ҳукумати фарогири исломӣ" ташкил мекунанд, аз ҳимояти ДИИШ ва уйғурҳо худдорӣ менамоянд ва ғайра. Оё дигар "бародарон" медонанд, ки инҳо ҳама фақатҷузъҳои пўшидаи як барномаи густурдаи иттилоотӣҳастанд?
Сайёҳи сиёсӣ ва раҳбари як ҳизби худсохт Максим Шевченко низ, гўё«афғоншинос» аст. Бинед,чӣ мегўяд: «Толибон»ҷонибдорони равияи суфияҳастанд, ба назари ман - бигзор мутахассисон маро ислоҳ кунанд, ин яке аз тариқаҳои хеле осоиштаи «нақшбандия»аст ... Кадом тариқат, кадом чӣ суфиён? ... Инҷо одамон сангсор мешаванд ва пўшидани пойафзоли сафед ба онҳо мамнўъ аст ... Гузашта аз ин, худи Шевченко ҷойи дигармегўяд, ки ғояҳои толибон ҳоло намояндагони дигар қавмҳои Афғонистон - яъне тоҷикони Бадахшонро, ки дар байнашон исмоилиён ҳастанд ва ҳазораҳои нимшиъа ва нуристониҳоро фаро гирифтааст. Аллакай аз ин номҳо бармеояд, ки «Толибон» дар паҳлўи исломанд, на дар худи он... Аммо ин афғоншинос чӣ сафсатаҳое дар бораашон хонда истодааст? Вай, ки соли 1996 (бо даъвати толибон?) ба Афғонистон сафар карда буд ва саёҳат писандаш омадаву аз суҳбатҳо бо Мулло Довуд, Шаҳнавоз Танай хеле илҳом гирифта аст, имрўз бо овози андалеб васфашон мекунад.
Танай дар асл вазири собиқи мудофиаи режими тарафдори шуравӣбуд, ки дар соли 1990 алайҳи ҳокими вақти Наҷибулло амал карда, сипас ба Покистон гурехт. Дар он ҷо вай зуд аз як коммунист - раҳбари фраксияи Ҳизби халқ - ҲДХА ба исломгарои ашадӣ табдил ёфт ва муддате, гўё мушовири низомии Толибон шуда, сипас аз онҳо низ гурехта, ба ном ҳизби "Ҳаракат барои сулҳ" –ро таъсис дод... Хулоса, хоини касбӣ ва агенти созмонҳои иктишофии чанд кишвар аст, ки дигар ҷойи тамға задан дар баданаш намондааст... Аммо имрўз ин манбаи иттилооти муфид як ватандўсти Афғонистон аз тариқати «нақшбандия»муаррифӣ мешавад... Ман моил нестам ва намехоҳам ҳамаи суханони пучи Шевченко, дар бораи сулҳ, дар бораи банамак будани мардуми сарзамини Афғонистонро тақсимбандӣ карда, шарҳ диҳам. Ин ҳама сафсатаи комил, ҷамъи калимаҳои бемаъно аст. Марди солим чунин гапҳоро намезанад.
Ба мавзўи Афғонистон бармегардем. Вазири «Толибон» Мулло Муттақӣқабл аз фирори Ғанӣ дар Кобул буд ва бо Абдулло, Карзай ва Ҳикматёр "машваратҳо"-и махфӣ анҷом медод. Тарҳи як тавтиъаро мекашид. Баъдтар вазири корҳои дохилӣ Бисмиллоҳхон бевосита занг зада мегўяд - ба мо хиёнат карданд, ба мо иҷоза надоданд, ки бо «Толибон»ҷанг кунем. Кӣ надодааст? Америкоиҳо, худи Ғанӣ? Ғанӣ бо «Толибон»қасд дошт, ки бар ивази парвози амн аз Кобул бо сармояи калон курсиро"холӣ кунад"? Шояд сабаби таслими зуд ва мусолиҳаомези аксарияти генералҳои паштун ҳам дар ин буд. Дар Афғонистон иттилоот яроқ, заҳр барои гўши ... аст. Дар соли 1919, амири Афғонистон Ҳабибуллои Якумро вақти хоб ба гўшаш заҳр чаконда куштанд. Марги аҷиб. Соли 1996 «Толибон» Наҷибуллоро дар сутуни светофори Кобул ба дор овехтанд .... Вале ҳоло боз аз ҳад зиёд PR-ҳое гирди номи Толибон мечархад, ки аз ин пиарҳобўи бад меояд ...
Пас аз ў як тоҷики «одӣ», хеле «одӣ», худро "Ғозӣ Амир Ҳабибуллоҳхон, ходими Дин -и Расулаллоҳ" муаррифӣ кард –ин муборизи баимон, бандаи расули Худо дар таърихи Афғонистон бо номи «Бачаи Сақо» машҳур аст, ки қариб як сол ҳукмронӣ кард. Дар замони амир "Ҳабибуллои дуввум"( Калаконӣ), дар омади гап, ҳама рўзномаҳо ва маҷаллаҳое, ки замони подшоҳи собиқ нашр мешуданд, баста, осорхонаҳо ва китобхонаҳо ғорат шуданд, пўшидани либоси аврупоӣ мамнўъ гардид ва ҳама мактабҳо барои занон баста ва онҳо вазифадор буданд, ки чодар ба сар гиранд. Ў буд, ки қонуни даъвати умумӣба хизмати сарбозиро бекор кард. Мақоми нави қонунбарор - Шўрои "исломӣ", ки аз муллоҳо ва пешвоёни қабилаҳо иборат буд, ташкил шуд. Ҳама чиз то чӣ андоза шинос аст ва таърихи Афғонистон такрор мешавад...
Қиссаи ин нахустин «амир»-и толибонӣ бо фоҷеа анҷом ёфт. Артиши ў аз сўйи рақиби паштунтаборааш - Нодирхон Баракзай, ки худро аллакай подшоҳ эълон карда буд, шикаст хўрд. Вай мухолифони худро даъват кард, ки силоҳ ба замин гузоранд, ваъдаи авфи комил дод ва ба Қуръон қасам хўрд, ки Бачаи Сақо - Обкашро раҳм мекунад ва ба ўҳеҷ осебе намерасонад. Вале чун Обкаш таслим шуд, дар якҷоягӣ бо бародарон ва шарикони наздикаш ўро фавран бемурофиа ба қатл расонданд - тибқи як фарзияўро паррондаанд, мувофиқи дуввумӣ - сарашро бо шамшер буриданд, манбаи сеюм мегўяд, ки сангсораш карда куштанд. Дар Афғонистон ба ҳеч кас бовар кардан мумкин нест... На ба савганд ба Куръон, на ба ваъдаи котиби матбуотии Шоҳин. Дар Қандаҳор - ҳар каси дуввум бародар аст... Ва чӣ, бо ҳар нафари салладор шартномаи сулҳ мебандед?
Савол. - Чӣ бояд кард?
Ҷавоб. - Чӣ бояд кард... Аввалан, барои амалкардҳояш муҳтарам Замир Набиевичро, ки синнаш кайҳо аз 60 гузаштааст, ба истироҳат гусел бояд кард. Дуввум - сафир Дима Александровичро ба ягон ҷои дигар гузаронидан лозим. Сеюм, ҳама бояд доктринаи Путин -Лавровро риоя кунанд - хомўш шаванд ва фикр кунанд. Ҳоло ҳеҷ чиз маълум нест, на дар бораи ҳукумате, ки "барбудаҳо, ришдорон" -и Кобул ҳеҷнаметавонанд таъсис диҳанд, на доир бо ҳукумати алтернативӣ, ки ҳадди аққал ду намояндаи он - президент Солеҳ ва Амир Масъуди Хурдӣ дар Панҷшер нишастаанд.
Бубинед, ки чӣ гап шуда истодааст. Толибон 15 август вориди Кобул шуданд ва дар давоми ин муддат муллоҳо ва мавлавиҳои асосии онҳо наметавонанд ба шаҳр бирасанд ва дар он ҷо як навъ ҳукумат ташкил кунанд. Сабаби ин таъхири аҷиб дар чист? Танҳо як тавзеҳ вуҷуд дорад - мардони асосии ин ҳаракат ба тавофуқ расиданаметавонанд - Охундзода, ҳамчун пешвои олии рўҳонист, маълум нест, ки ба ҳайси президент кӣ меояд, Бародар "дипломати қатарӣ", ё писари раҳбари гузаштаи Толибон - Ёқуб ибни Умар (ки фармондеҳи гурўҳи толибони «Ҷанубӣ»номбурда мешавад). Ҳамтои ў дар Комиссияи низомии Толибон, Сироҷуддин Ҳаққонӣ, "фотеҳи шимол", як ифротгарои маъруфи исломӣ ва намояндаи оилаи бонуфузи террористони байналмилалӣ мебошад. Паҳлўи инҳо шахсоне мисли Мулло Расул ҳастанд, ки дар соли 2015 худро дар Фароҳ "Амири муъминон" эълон карда ва ба назар мерасад, то ҳол ҷонибдоронаш дар минтақаҳои кўҳӣ пинҳонанд ва ҳукумату ҳокимони мавҷудаи мувозиро кайҳо фаромўш кардаанд.
Холо муҳим ин аст, ки бидонем, чӣ кор кардан мумкин нест. Дар шабакаҳои давлатӣ таблиғи террористонро қатъан боядбас кунем, зеро ин ҳама танҳо боиси зиёд шудани ҷонибдорони онҳо дар Осиёи Марказӣ, минтақаҳои Қрим, Поволжье ва ғайра мешавад.
- Саволи охирин, Ба назари шумо, сабаби асосии чунин сиёсати нокоми Русия дар самти Осиёи Марказӣ чист?
–Ҷавоб ба ҳадди аламовар содда ва одӣ аст. Сиёсатмадорони руси сатҳи аввал ҳама аз ҳад зиёд манфиати худро дар кишварҳои Осиёи Марказиро доранд. Аз замони муовини сарвазири Русия – Қазоқистон будани Сосковетс сар карда, ҳама бо наслҳои баъдии худ аз чигунагии вазъдарин минтақа фоида мебинанд. Аз як чо бо хонаводаи елбасиҳо, об мехўранд, онҳо дар Ўзбекистон ЛУКОЙЛ доранд, «Газпром»Қирғизистонро мехўронад, қубурҳо Қароқуми Арқадоқро мемаканд вағайра. Аз ин рў, шахсиятҳои хирае, ба мисли Матвиенко, масъули сиёсат дар самти Осиёи Марказӣ мебошанд ...
Мусоҳибаи Валерия АНДРЕЕВА,
манбаъ – CenterAsia,
тарҷумаи Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: