Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гулчанбаргузорӣ дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ” ва боздид аз Осорхонаи “Муқаддасоти Ватан”-и Туркманистон

Гулчанбаргузорӣ дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ” ва боздид аз Осорхонаи “Муқаддасоти Ватан”-и Туркманистон

5-08-2021, 09:21
Хабарро хонданд: 94 нафар
Назарҳо: 0
Гулчанбаргузорӣ дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ” ва боздид аз Осорхонаи “Муқаддасоти Ватан”-и Туркманистон
04.08.2021 16:40, Туркманистон
Нимаи дуюми рӯзи 4-уми август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.

Дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ”-и шаҳри Ашхобод ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ашхобод эҳтиром ба ҷо оварда дар назди “гулхани абадӣ” гулчанбар гузоштанд.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.

Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи осорхона меҳмони олимақомро роҳбарият ва коргарони осорхона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи сафари навбатии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошад.

Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои зиёди истифоданашударо муҳокима карданд.

Бояд гуфт, ки байни Тоҷикистону Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 75 санади муҳими ҳамкорӣ мавҷуд буд ва дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот боз 20 санади нав ба имзо расид.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: