Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Қасри “Сомониён” дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ва тақдими тӯҳфа ба 100 ятими кулл

Ифтитоҳи Қасри “Сомониён” дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ва тақдими тӯҳфа ба 100 ятими кулл

30-07-2021, 08:38
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи Қасри “Сомониён” дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ва тақдими тӯҳфа ба 100 ятими кулл

29.07.2021 10:48, ноҳияи Спитамен

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Қасри “Сомониён”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди ҳамаҷонибаи деҳот мусоидат намуд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон Мақсудҷон ва Мансурҷон Раҳмоновҳо бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Қасри “Сомониён” бо тарҳу намои зебо сохта шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар тарабхонаи барҳавои иншооти нав бунёдшуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд.

Қобили зикр аст, ки Пешвои раиятпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону кӯдакони бепарастор бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро бо фарорасии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо, барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад. Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.

Дар ин рӯз 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба ятимон тӯҳфаҳои моддиву пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.

Маҳз натиҷаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз фарзандони аз оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор аз имтиёзҳо бархӯрдор гардида, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар асоси ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимону фарзандони оилаҳои ниёзманд бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин ва аз саодати оилавӣ бонасиб гардида, бо шукргузорӣ аз ин давлати ободу озод кору зиндагӣ доранд.

Кӯдакони ятим, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гардида, имрӯз зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд, ба Президенти мамлакат муҳратам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар оянда муассисаҳои олиро бо донишу интизоми намунавӣ хатм мекунанд ва дар иҷрои рисолати фарзандии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: