Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ХОНАИ ОФТОБ

30-06-2021, 17:15
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
ХОНАИ ОФТОБ
Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


- Офтоб аз куҷо мебарояд?
- Аз паси теппаҳо.
- Аз теппаҳо баландтар чӣ ҳаст?
- Кӯҳҳо.
- Аз кӯҳҳо баландтар?
- Қуллаҳо.
- Аз қуллаҳо болотар?
- Абрҳо.
- Қуллаҳо дар куҷоянд?
- Дар баландии баландиҳо.
- Қуллаи баландтаринро чӣ мегӯянд?
- Боми ҷаҳон.
- Чаро Боми ҷаҳон?....


Ин суолҳо ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар зеҳнам боқӣ мондааст, ки аз модар мепурсидам. Боми ҷаҳон аз ҳамон айём дар тасаввурам ҷой гирифтааст.
***
Ин пагоҳӣ ба Бадахшон сафар дорем, рӯ ба сӯи хуршед роҳ мегирем. Бори дуюм аст, ки Бадахшон меравам. Сафари мо ин дафъа ҳам дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Зергурӯҳи мо бояд дар ноҳияи Ишкошим бо мардум вохӯриҳо анҷом диҳад.

ИСТГОҲИ мусофиркашҳои самти Хоруғро медонам. Ба ин ҷо се сол қабл омада будам. Он вақт ба Мурғоб мерафтем. Ба ҳар сурат дар Хоруғ шабона таваққуф мебояд. Дар сафар маро Сабоҳат Рустам-мудири бахши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ дорад. Дар дохили мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser», ба ҷузъ аз мо, боз панҷ нафар - як ҷавон ва чор зан ҳамсафар ҳастанд, ки ба шаҳри Хоруғ мераванд.
Вохӯриҳои мо бо мардуми ноҳияи Ишкошим рӯзи душанбе ба нақша гирифта шудааст, аммо бо сабаби дурии роҳ як рӯз пеш азми сафар дорем.
***

Бадахшонро баъдан чӣ гуна дарёфтам ва эҳтироми ин мардум чӣ гуна ба дил ҷо гирифт? Ин суол акнун дар зеҳнам мечархад.

ДАР синфи панҷум мехондам. Бо оғози соли нави таҳсил ба мактаби мо чанд нафар муаллимаҳои рус ва як ҷавони тоҷик ба кор омаданд. Гаваршо Канабеков-чунин исму насаб дошт, муаллими нав, ки ба мо омӯзиши забони англисиро шурӯъ кард. Ҷавони қадбаланди кушодачеҳра, меҳрубону ширинзабон бо услуби хуби омӯзонандагиаш зуд шавқи ҳамсолонамро ба донистани забони англисӣ бедор кард. Дар муддати кӯтоҳ меҳри муаллим дар дили ҳар кадоми мо ҷой гирифт. Дар нимсолаи аввал навиштану тарзи дурусти талаффузи ҳарфҳои ин забони ғайрро омӯхтем, дар нимсолаи дуввум бошад, матнҳоро хондаву тарҷума ҳам мекардем. Хурсанд будем, ки бо забони англисӣ гап заданро ёд мегирем. Ҳамин тавр, дар ҷараёни таълим муаллим иқрор шуд, ки «Зодаи Бадахшонам ва агар дар талаффузи баъзе калимаҳои тоҷикӣ забонам напечид, айбам накунед». Мо посух додем, ки не, баръакс, шумо бо лаҳни ширин ҳарф мезанед. Аммо…
Дар соли хониши навбатӣ устоди дигар вориди синф шуду гуфт, ки муаллими забони хориҷиатон аз мактаб рафт, акнун ман ба шумо немисӣ меомӯзам. Аз шунидани ин хабар ҳамон лаҳза табъи ҳамсолонам тира шуд.
Як рӯз дар ҷамъомади пагоҳӣ саф ороста будем, дидем, ки устод Гаваршо Канабеков аз дарвозаи мактаб ворид гашт. Ману ҳамсинфонам аз дидани ин манзара хурсанд шудем, бинобар ин, баъди ҷамъомад аз хушҳолӣ муаллимро гирд кардем. Устод бо ҳамон чеҳраи кушоду лаҳни ширин гуфт, ки «Шогирдонам, ман ҳам шуморо ёд кардам, аммо дигар ба шумо дарс нахоҳам гуфт. Падару модари пир дорам. Чанд сол мешавад, ки аз онҳо дурам. Вақти он расидааст, ки хизматашонро ба ҷо орам. Ба назди онҳо, ба зодгоҳам меравам, он ҷо бароям кор пайдо шудааст. Ҳоло бошад, барои гирифтани як ҳуҷҷат омадаам, акнун пас мегардам. Умедворам, шумо дарсҳоро хуб азбар мекунед, забони англисиро ҳам ёд мегиред, ки дар фаъолияти ояндаатон лозим мешавад».
Муаллим рафт, бо нигоҳҳои дардолуд гуселаш кардем. Он вақт фикр мекардем, ки Бадахшон ҳам мисли Ҳисори мо ноҳия аст. Бинобар ин, аз кадом гӯшаи ин вилоят будани устод бароямон номаълум монд.ХОНАИ ОФТОБ
Баъдтар, мактаби миёнаро хатм кардаму донишҷӯ шудам. Аз 75 нафар ҳамсабақони солҳои донишҷӯиям 14 нафарашон зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд. Танҳо дар гурӯҳи мо аз ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим 6 нафар таҳсил мекарданд, ки эҳтироми ҳамсабақиву ҳамнишинӣ моро ба ҳамдигар қарин гардонид, ки бо гузашти наздики 40 сол бо ҳамдигар робита дорем ва ҳамеша аз дидори ҳамдигар шод мешавем. Ва ҳамин тавр, дар ҳар идорае, ки фаъолият доштам, фарзандони Бадахшон бо ман ҳамкор буданду ҳастанд. Ман аз ин мардум эҳтиром дидаму ба онҳо меҳр бастам, муҳаббат пайдо кардем.
Нигоҳи ман дар бораи Бадахшон, дигар мисли даврони кӯдакӣ маҳдуд нест. Бо овардани ин андешаҳо чӣ гуфтан мехоҳам?
Тоҷикистон хонаи ҳамаи мост. Мо онро якҷоя обод мекунем, мисли имрӯз дасти ҳамдигарро гирифта, аз сари меҳр ояндаро бо ҳам месозем…
***

Мошин босуръат роҳро пас мегузорад. Сабоҳат пешниҳод дорад, ки ғизои чоштро дар Кӯлоб тановул кунем ё дар Дарвоз. Аммо ронанда мегӯяд, ки беҳтар аст дар Дарвоз дар лаби дарёи Хумбов ё Панҷ таваққуф намоем. Ин пешниҳод ба ҳайат маъқул мешавад.

РОНАНДА Муллоҳусейн, ки ҷавони шӯху зиндадил будааст, мегӯяд, ки нисфи умраш дар ҳамин роҳ гузаштааст. Солҳои зиёд ба мусофиркашонӣ машғул аст, чархи мошинаш, чархи рӯзгорашро ҳам гардон мекунад. Омадурафт тавассути шоҳроҳи Кӯлоб-Шоҳон-Зиғар мушкилоти мардуми Бадахшонро хеле осон кард. Дар гузашта тавассути Сағирдашт-ағбаи Хобуработ рафтуомад мушкил буд. Аз ноябр то аввалҳои май роҳ баста мешуд. Ҳоло бошад, тамоми фаслҳои сол роҳ кушода аст, рӯзу шаб мошинҳо бо ин масир дар ҳаракатанд.
Баъди гузаштан аз нақбҳои «Хатлон» ва «Истиқлол», дидани боғу майдонҳои сабзу васеи киштзор на танҳо ба ман, балки ба ҳамсафаронам низ эҳсоси хушҳолӣ мебахшад. Ҳамаи ин ободиҳо самараи Истиқлол аст, Истиқлоле, ки гӯё ба осонӣ ба даст омад, аммо барои иддае ин писанд набуд. Назму низом аз байн рафт, мардум ба майдонҳо рехтанд, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фурӯзон шуд, ки дар пай фирору хисороти зиёди ҷониву молӣ гузошт. 55 ҳазор нафар тифлону кӯдакон аз падару модар як умр ҷудо шуданд.
Хушбахтона, офтоби бахт дубора ба ин сарзамин, бар сари миллати мо хандид, тоҷик сарвару раҳнамои худро ёфт. Садои тирҳо хомӯш гардид, ҳамватанони фирорӣ дубора ба хонаҳои худ баргаштанд. Дар ин мулк овои сулҳу оштӣ аз нав танинандоз шуд. Бо вуҷуди он ки нуҳ сол барои таъмини сулҳу оромӣ ва рафъи оқибатҳои ҷангӣ бемаънӣ сарф шуд, акнун Тоҷикистон роҳи худро интихоб кард, роҳи хушрӯзиву хушбахтӣ.
Имрӯз ин бунёдкориҳоро дида, кас меболад. Дар зарфи ду даҳсола бо ин мақсад нақшаҳое амалӣ шуданд, ки мебоист дар муддати 50-60 сол сохта мешуданд.
Чун рӯзноманигор ба гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон сафарҳо доштам.
Воқеан, кас ба ҳар гӯшаву канори мамлакат тавассути роҳҳои васею ҳамвору мумфарш меравад, аз пулу нақбҳои барҳавои замонавӣ гузашта, ифтихор мекунад, ки Тоҷикистони азиз дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ ба пешрафтҳое ноил шудааст, ки дар садсолаҳо, ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба он нарасида буд. Дар баробари ин, бунёди роҳи оҳану иншооти бузурги ҳаётан муҳим, аз қабили неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, истифодаи самараноки бойигариҳои таббиӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани теъдоди зиёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангию фароғатӣ, майдону майдончаҳои гуногуни варзишӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, сохта, ба истифода додани биноҳои баландошёнаи замонавии маъмуриву истиқоматӣ маҳз бо роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръат гирифта, ҷумҳурии моро дар назари на танҳо ҳамватанон, балки аз нигоҳи хориҷиён ҳамчун мамлакати рӯ ба рушд муаррифӣ мекунанд. Агар ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ рух намедоду хисороти зиёди ҷонию молӣ ба амал намеомад, имрӯз метавонистем ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил шавем, ки гузаштагонамон асрҳо боз дар орзуяш буданд. ХОНАИ ОФТОБ
Бо дили пур метавон гуфт, ки пас аз ду ё се даҳсолаи дигар суръати тараққиёти иқтисодии ҷумҳурии мо боло рафта, Тоҷикистон дар қораи Осиё чун давлати пешрафта муаррифӣ ва сатҳи зиндагии сокинонаш беҳтар хоҳад шуд. Ин хулосаи ман аз таҷрибаи чанд мамлакати хориҷӣ аст, ки аснои сафарҳо мушоҳида кардаам. Чи гуна онҳо аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ раҳо шуда, имрӯз устуворона бо роҳи рушд пеш мераванд.
Аз банди андешаҳо суханони ронанда раҳоям мекунад. Мегӯяд, чанд муддат инҷониб дар даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз, аз соати 14 то 18, бо сабаби бехатарӣ аз ин қитъа гузаштани мошинҳо манъ мешавад. Бояд то ин вақт мо ин маконро гузарем ва сипас барои тановули ғизо ҷоеро интихоб кунем.
Пас аз чанд соат инак, ба ин қитъаи роҳ наздик мешавем. Роҳсозон бо истифода аз техникаи пуриқтидори роҳсозӣ домони кӯҳро бурида, роҳро васеъ мекунанд. То ин дам ҳудуди беш аз як километр васеъ ва масофаи зиёд мумфарш шудааст.
Ронанда дар соҳили рӯди Панҷ, дар наздики як ҳавлӣ бо мақсади хӯрдани ғизои чошт мошинро нигаҳ медорад. Ҳамроҳонам дастҳоро шуста, дар рӯйи кат ҷой мегиранд. Ман бошам, аз кори соҳиби хона, ки дар канори роҳ барои мусофирон таом пешкаш мекунад, пурсон мешавам.
- Ризқи ману аҳли хонадонам аз ҳамин роҳ вобаста аст. Ҳамарӯза мусофироне меоянду хӯроки моро тановул карда мераванд. Аз касе то ҳол шикоят нашунидаем. Роҳ обод бошад, рафтуомад зиёд шавад, албатта, баракаташ ба мо ҳам бештар мерасад,-хулоса мекунад соҳиби ошхона.
Бале, роҳ ба мардум ризқу рӯзӣ меорад. Ҳар ҷое, ки роҳ аст, он ҷо ободӣ аст, баракат аст, хурсандӣ аст…
***

Роҳамонро давом медиҳем. Ронандаи шӯх ба ман ишора карда, мегӯяд, ки «Муаллим, чӣ хап карда шиштӣ, агар зиқ шуда бошӣ, бароят ягон қисса гӯям?».

- Хеле хуб мешавад, аз суҳбати гарм гузаштани вақту дурии роҳро пай намебарем, - мегӯям дар навбати худ шӯхиомез.
- Баъди муқовиматҳо як ҷавони душанбегӣ, ки дар Бадахшон дар хонаи ҳамсабақаш гуреза будааст, ба дӯсташ мегӯяд, ки аҳли хонаводаашро сахт пазмон шудааст, роҳи заминӣ пурхатар, илоҷе ёфта, тавассути чархбол ӯро ба Душанбе гусел кунад. Соҳибхона мегӯяд, ки «Ҳеҷ гап не, мушкили туро осон мекунам, пагоҳ то бегоҳ худам мепарронамат».
Пагоҳӣ соҳибхона дари ҳуҷраеро, ки ҳамсабақаш дар он мезист, кушода мебинад, ки меҳмон нест. Баъд маълум мешавад, ки ӯ аз тарс субҳи барвақт гурехтааст. Меҳмон мақсади соҳибхона «мепарронамат» (гусел мекунамат)-ро нодуруст фаҳмидааст.
Баъди ҳикояи Муллоҳусейн фазои мошинро садои ханда пур мекунад…
***

Дар идомаи сафар дар ноҳияи Дарвоз чашмам ба навиштаи канори роҳ меафтад: Ёгед.ХОНАИ ОФТОБ

ИН русто зодгоҳи ҳамсабақи ҷавонмарду ҷавонмарги ман- Давлатмирзо Хушбахтов аст. Баъди хатми донишгоҳ як фосилаи кӯтоҳ ба таълиму тарбияи фарзандони ҳамдеҳагонаш машғул шуд. Аз ҳамон солҳои донишҷӯӣ ӯ шитоб дошт, ҳеҷ кореро ба таъхир намегузошт. Ва дар ниҳоят манзили охират ҳам дар ҷавонӣ насибаш шуд. ӯ рафт, вале сад дарду алам дар дили ҳамсару фарзандону волидону дӯстонаш монд…
***

Ёди устод Гаваршо Канабеков беихтиёр дасти маро ба тугмачаи занги телефони ҳамроҳам мебарад. Аз он тараф садои Шавкат Ғоибназаров-сарвари мактаби деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ҳамсабақи дигари солҳои донишҷӯиямро мешунавам.

ПАС аз салому донистани аҳволи ҳамдигар дар бораи сафари навбатиам ба Бадахшон хабар медиҳам ва қиссаи устоди бадахширо мухтасар барояш ҳикоят мекунам. Шавкат ба шавқ меояд ва мегӯяд, ки дар ноҳияи мо бо ҳамин ному насаб як муаллим ҳаст, дар ҷустуҷӯяш мешавам, лоақал телефонашро то саҳар пайдо мекунам. Аз ин лутфи ҳамсабақам шод мешавам. Устоди мо, агар барҳаёт бошанд, хато накунам имрӯз 70-72-сола ҳастанд. Ба ҳар сурат, то пагоҳ занги Шавкатро интизор мешавам, албатта, хушхабарро…
***

Ронанда суръатро метезонад. Мегӯяд, ки ин қитъаи роҳ то дашти Язғулом хавфнок аст. Ҳар лаҳза хатари омадани селоба ҷой дорад, ки ҳар ҷо-ҳар ҷо роҳро банд мекунад. Ва ӯ ба танаи кӯҳ ишора мекунад, ки аз ин баландӣ сангпораҳо низ канда шуда, садама ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин, ронандгони соҳибтаҷриба ин мавзеъро кӯшиш мекунанд, ки тезтар убур кунанд.

МАНЗАРАИ ду соҳили рӯди Панҷ мисли оина қимати сулҳу оромиро ба намоиш мегузорад. Ин тарафи соҳил роҳи васеи ҳамвору мумфарш, ки аз он ҳар лаҳза мошинҳои гуногуни гаронвазни боркашу мусофирбар дар ҳаракатанд. Аз роҳи борику сангини он тарафи дарё соатҳо як дучарха ё сабукрав гузар мекунад. Ба назар мерасад, ки баъзе минтақаҳои роҳи он тарафи соҳил басе хавфноканд ва пиёда низ бо мушкилӣ аз он ҷо гузаштан мумкин аст. Сокинони ин тарафи соҳил ҳамагӣ самимиву хушҳол, сокинони он тарафи дарё эҳсос мешавад, ки рӯзгори сахту сангине доранд. Дар ннигоҳам, ҳатто ҳавои он тарафи соҳил тираву ғуборолуд аст. Вале аз ин тараф ба машом накҳати гулу гиёҳҳои табиӣ мерасад, ки рӯҳи касро болида мегардонад.
Бале, ҷанг дар пай харобӣ дорад, ризқу рӯзиро аз байн мебарад, хурсандии мардумро мегирад…
***

Пас аз чанде ба ноҳияи Рӯшон мерасем. Дар ин ҷо дӯстону ошноҳои зиёд дорам. Вале саманди андеша маро ба ёди Лутфия Миргулова мебарад. Эҳ, Лутфияи хушрӯву хушқаду қомату шӯху ширинзабону ҳақгӯ.

КУҶОӣ, ки суроғат омадам? Косагули сари сабади курси мо будӣ. Бо се забони хориҷӣ-русӣ, англисӣ ва немисӣ озодона гап мезадиву моро ба ҳайрат мегузоштӣ. Аъло мехондӣ. Сарварии дастаи волейболбоздухтарони донишгоҳро ба уҳда доштӣ. Ба хотири бозии хуби ту дар мусобиқаҳо байни мактабҳои олии пойтахт мухлисӣ мекардем. Ба маънои томаш ифтихори на танҳо курс, балки факултаи мо будӣ. Худ, ки варзишгар будиву тамоми зебоиро аз варзиш медидӣ, интихоби ҳамсари ҳаётиат ҳам варзишгар буд. Солҳои охири умрат бо тақозои шуғли ҳамсарат дар вилояти Краснодари Федератсияи Русия гузашт. Ба гуфтаи шавҳарат, дӯсту рафиқи қадрдони ман Зоҳир Бобоев, ки муддате ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахабу миллии Тоҷикистон оид ба футбол ифои вазифа дошт, вазъи саломатиат нохуб шуд. Пас аз ҷарроҳӣ бо исрор гуфтӣ, ки маро ба Тоҷикистон баред. Чун ба Душанбе расидӣ, хоҳиши зиёрати марқади модарро дар ноҳияи Рӯшон кардӣ. Баъди дидани қабри модар ором шудӣ, аммо ҳангоми бозгашт дар роҳ ба сӯйи ҳавлии падарӣ ҷонро ба ҷонофарин таслим кардӣ. Чи марге, ки ҳар касе мешунид, ангушти ҳайрат мегазид. Маргат ҳам мисли рафторат дар зиндагӣ тааҷҷубовар буд…
Ҳа, дар ин роҳ наметавонам аз собиқ ҳамкорам, Аслиябегим Саломатшоева ёд накунам, ки мо-ҳамкорон бо эҳтиром ба ӯ «муаллима»- гӯён муроҷиат мекардем, зеро тозагӣ, тарзи либоспӯшӣ, рафтору гуфтор ва хислатҳои ҳамидааш омӯзгорро мемонд, ки барои шогирдон аз ҳар ҷиҳат намуна аст.
Муаллима наздики чор сол дар нашрияи «Минбари халқ» кор кард. Аммо ӯ дигар дар байни мо нест, балки дар оғӯши хок аст ва бо хок роз мегӯяд… Симою суҳбатҳои ширинашро рӯзе нест, ки ба ёд наорем. Меҳри муаллима дар дили ҳамкоронам ошён гузоштааст.
Дидори падару модари пир, хумори зодгоҳ, лаззати чашмаҳои кӯҳистон ӯро беқарор намуда буд. Аз он хурсанд буд, ки дар вақти рухсатии меҳнатӣ тӯйи арӯсии духтарашро дар ҳалқаи хешу табору ҳамдиёрон баргузор кард. Аз суҳбати волидайн баҳра бардошт, аз тамошои манзараҳои зодгоҳ ва лаззати оби чашмаҳои мусаффо ташнагӣ шикаст. Аммо намедонист, ки дигар насибаи обу нонаш дар Душанбе намондааст.
Шавҳараш Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров пас аз ин фоҷеа ба худ наомад ва ӯ ҳам ба суроғи муаллима ба водии хомӯшон рафт. Хушхабаре, ки шунида шод шудам, ин аст, ки ҳамдиёронаш мактаби деҳаи Барӯшонро ба номи ин фарзанди барӯманди хеш гузоштаанд.
Инсон ҳамон вақт мемирад, ки фаромӯш шавад, лекин шумо ҳамеша дар ёди моед, симои зебоятон доимо дар пеши назар аст…
***

Пардаи шаб гирду атрофро дар худ печонидааст. Нигоҳам ба он сӯи марз меафтад. Рӯшноии як ё ду чароғ айён месозад, ки он ҷо русто асту мардум зиндагӣ дорад, аммо ин тарафи соҳил аз неруи барқи обӣ чун рӯз чароғон.

ВАҚТЕ дар Хоруғ моро пешвоз мегиранд, бинам ақрабаки соат ба 23 наздик мешавад. Кӯчаву биноҳо мисли осмони пурситора. Дар кӯчаи марказӣ паҳлуи роҳро бо техника канда ба шаҳр хати нави оби нӯшокӣ меоранд. Бояд то ҷашни Ваҳдати миллӣ ин нақша иҷро шавад. Бинобар ин, дар ин самт кор шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Аввалин бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи марказии Хоруғ ҳусни шаҳрро афзудааст. Аз 70 иншооте, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр тайи се соли охир бояд таъмиру бунёд шаванд, то имрӯз 39-тоаш ба истифода дода шудааст. Дар иншооти дигар корҳо бо маром ҷараён доранд.
Дари мағозаҳо кушода, дар кӯчаҳо чун рӯз мардум дар равуо.
Файзи Истиқлол мисли роҳҳои васеъю ҳамвор имкониятҳои зиёди мардуми моро амалӣ кард. Имрӯз мебояд ба қадри ин бунёдкориҳо расид ва дар пайи ободиву созандагиҳо ҳамеша талош намуд. Ояндаи ҷомеаи солим аз ҷавонони ҳушманду соҳибилму соҳибҳунару ватандӯсту худогоҳу худшинос ва далеру шуҷоъ сахт вобаста аст. Ғуруру нангу номусу ҳувияти ватандӯстиву ватандорӣ дар заминаи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо имкон медиҳад, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон бошад. Дар ин роҳ дасти ҳамдигарро гирифтану бо ҳам меҳрубон будан, худ нишони муҳаббату дӯстию наздикии сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аст, ки инро имрӯз баръало мушоҳида мекунем.
Баъди 16 соати ҳаракат дар роҳ, дар меҳмонхона гузаштани шабро эҳсос накардам. Дар ҳавои тозаи кӯҳистон 4-5 соат хоб басанда аст, ки хастагиат рафъ шавад.
Вақте аз хоб мехезам, зардии офтобро дар баландии кӯҳҳо мебинам ва оҳиста-оҳиста чеҳраи хуршед намоён мешавад, ман хандаи офтобро баръало мебинам. Орзуи кӯдакӣ «Агар уқоб мешудам, ба як ҷаҳиш шояд ба офтоб мерасидам» дубора ба ёдам меояд…
Ҳамин тавр, субҳи нави 24 май бо дидори хуршед оғоз мешавад. Ва пас аз ин чеҳраи гарму самимии дӯстонам Ҷонибеки Қозибек, Ҳоҷаназар Имомназар, Рустам Фелалиев ва чанде дигарро мебинам, ки бо чеҳраи кушода аз омадани мо ба диёри кӯҳҳои баланд хушҳолӣ мекунанд. Ба самимияти ин мардум бори дигар қойил мешавем…
Баъди чанде, дар бинои ҳукумати вилоят бо мо аъзои зергурӯҳҳо, ки ба самти ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон ва Раштқалъа равонаанд, муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва роҳбари гурӯҳ Саид Ғойибназарзода – директори пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ вохӯрии кӯтоҳе анҷом медиҳанду дар идомаи сафар ба мо барор мехоҳанд. Акнун мо савори мошини НИВА ба самти ноҳияи Ишкошим ба роҳ мебароем. Толиб Насратшоев, сарвари мамнуъгоҳи «Зоркӯл», ки дар ин сафар ба ҳайси роҳбалад ва ронанда хизмат дорад, мегӯяд, ки аз Хоруғ то маркази Ишкошим 120 километр аст. Агар насиб бошад, ин масофаро дар зарфи 4-5 соат тай хоҳем кард.
***

Дар роҳ телефонам аз омадани паёмаке хабар медиҳад. Ба таблои он назар медӯзам. Ширкати мобилии TCELL муштариёнашро ба муносибати «Рӯзи нур» табрик мегӯяд.

РОҲНАМОИ мо Толиб инро пай бурда, шарҳ медиҳад, ки 24 майи соли 1995 бо даъвати Ҳукумати ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, таҳти сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Шоҳзода Шоҳкарим Оғохони IV ба Тоҷикистон ташриф овард. Он рӯз мардуми Бадахшон бори нахуст дидори пешвои рӯҳонии хешро аз наздик диданд. Воқеан, солҳои даргириҳои дохилӣ кумакҳои башардӯстонае, ки аз тариқи ниҳодҳои маҳаллии созмони Аълоҳазрат Оғохони IV ба ин минтақаи кӯҳистон расонида шуданд, ҷони сокинони вилоятро аз вартаи гуруснагӣ ва ҳалокат раҳо кард. Бинобар ин, мардум ин рӯзро ҳамчун «Рӯзи нур» ба ҳамдигар шодбош мегӯянд…
***
Давом дорад
Алӣ ҶӯРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: