Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуданд

5-05-2021, 10:02
Хабарро хонданд: 647 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуданд4 май мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.

Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суҳбат ва таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд.

Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии минтақа мебошад.

Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.

Дар ин робита таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: