Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иқдомҳо барои афзоиши саршумори оҳуи холдор

Иқдомҳо барои афзоиши саршумори оҳуи холдор

19-02-2021, 10:47
Хабарро хонданд: 377 нафар
Назарҳо: 0
Иқдомҳо барои афзоиши саршумори оҳуи холдор
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши саршумори оҳуи холдор мавриди иҷро қарор додааст. Дар ин бора, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба рӯзноманигорон хабар доданд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар парваришгоҳи хоҷагии ҷангали Шаҳринав ҳамакнун шумораи ин ҳайвони кӯҳӣ ба 302 сар расида, бино ба нақша ва дар пайи иҷрои иқдомҳое дар ин маврид афзоиши саршумори ин навъи оху дар назар аст.
Сардори раёсати Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарипов дар шарҳи мавзӯъ иброз дошт, ки соли 1973 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоѓ»-и шаҳри Турсунзода фермаи оҳупарварӣ таъсис ёфта буд. Ин муассиса дар ибтидо 450 гектар заминро дар ихтиёр дошт ва дар соли 2020 барои афзоиши саршумори оҳу ба ин хоҷагӣ 1154 гектар замини иловагӣ дода шуд. Дар ҳоли ҳозир иқдомҳоебарои зиёд кардани саршумори ин ҳайвони аҳлӣ мавриди иҷро қарор гирифтаанд.
Тавре мақомоти агентӣ гуфтанд, оҳуи холдор, ки дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта бо мақсади паваришу истифода дар соҳаи дорусозӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли доруи пантокрин аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ворид карданд, айни ҳол ҳамчун ҳайвони нодиру зебо бештар барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон парвариш меёбад.
Гуфтанист, дар кишвар, инчунин, дар мамнӯъгоҳи Ромит, ки тобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зист аст, низҷиҳати парваришиин навъи оҳу тадбирҳое мавриди иҷро қарор гирифтаанд.
С.Ю.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: