Марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон – кафили ояндаи дурахшони ҳар як шаҳрванд аст24-12-2020, 10:06
Хабарро хонданд: 620 нафар
Назарҳо: 0
Таъмин намудани зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд дар авлавияти сиёсатгузориҳои арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Албатта, ин нукта аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки барои татбиқи он роҳбарияти давлат пайваста талош намуда истодааст. Тавре дар қисми 3-и моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар кишвар як қатор барномаҳои дар самти таъмини рушди устувор қабул гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳвардон мусоидат менамоянд. “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои соҳавӣ аз ҷумлаи барномаҳое буданд, ки дар самти рушди иҷтимоии кишвар ва таъмини зиндагии шоиста нақши муассири худро гузоштанд. Маврид ба таъкид аст, ки имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувори худ ворид гардидааст. Албатта дар инҷо саволе бавуҷуд меояд, ки марҳилаи рушди усувори иқтисодӣ чӣ аст? Ва он дар таъмини зиндагии шоиста чӣ нақш дорад? Дар воқеъ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар оѓози соҳибистиқлолӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, расидан ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузург аст. Таҷрибаи сиёсӣ ва оқибатҳои моҷароҳо дар давлатҳои мушаххас собит намудааст, ки дилхоҳ давлат дар ҳолати ҷанг ба буҳрони амиқ гирифтор гардида, тамоми сохторҳои идоракунӣ фалаҷ мегарданд. Ҳатто, баъзе давлатҳо истиқлоли худро аз даст дода, тобеи ин ё он қудрат мегарданд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин ҳолатҳо эмин монд. Гарчанде, давлатро буҳрони сиёсию иқтисодӣ фаро гирифта бошад ҳам, аммо бо талош ва ҷонфидоии роҳбарияти кишвар давлат аз парокандагӣ наҷот ёфта, сулҳу ваҳдати фарогир бавуҷуд оварда шуд. Маҳз, дар натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманд ва миллатмеҳвари Ҳукумати Тоҷикистон имрўз дар кишвар сатҳи камбизоатӣ то ба 26 % поин фароварда шуд, рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола дар сатҳи 7 % таъмин гардидааст. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ тамоми иншоотҳои хизматрасонии иҷтимоӣ таҷдид ва бунёд карда шуда, роҳу нақбҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгў мавриди истифодаи мардум қарор гирифт. Инчунин, бо мақсади таъмини зиндагии арзанда, ҳамасола музди меҳнат, нафақа ва дигар навъи кумакпулиҳо аз 15 то 30 фоиз баланд бардошта шуда истодаанд, ки ин ҳам аз пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар мавриди марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон ҳаминро қайд намудан мумкин аст, ки имрўз дар ҷумҳурӣ муҳимтарин масълаҳои бунёди давлатдории миллӣ ҳалли худро ёфтааст. Яъне, имрўз дар кишвар истиқлоли сиёсӣ ҳифз, ҷомеаи демократӣ бунёд, ваҳдати фарогир ва низоми сиёсии мукаммали демократӣ ва рушдкарда шакл гирифта аст. Ҳамакнун, марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон он аст, ки дар мамлакат иқтисодиёти рушдкарда бавуҷуд омада, зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Бале, марҳилаи рушди устувор ин марҳилаи амалигардии ормонҳо ва бузургтарин ҳадафҳои миллӣ аст. Марҳилаи рушди устувор раванди татбиқи умеду орзўи ҳар як шаҳрванд аст. Ва муҳимтар аз ҳама, ин марҳилаи таъмини амнияту субот ва усуворгардии пояҳои давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Алиназар Ашуров, корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.