СУРУДИ ПАЙМОНИ ДӮСТӢ18-12-2020, 14:35
Хабарро хонданд: 450 нафар
Назарҳо: 0
Соли 1988 дар арафаи ҷашни Наврӯз расонаҳои хабарии ӯзбекистон аз сафари қарибулвуқӯи Ҷӯрабек Муродов ва Малика Қаландарова ба шаҳри Тошканд мужда расонданд. Он вақт хурсандии мо, муҳассилин аз Тоҷикистонро интиҳо набуд. Хуб медонистам, ки ин ду ҳунарманди мумтоз дар саросари Осиёи Марказӣ ва берун аз он мухлис ва ҳаводорони зиёд доранд. Лаҳзаи деринтизор фаро расид. Ва тайи ду рӯз Кохи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахти ӯзбекистони бародарӣ он қадар серодам буд, ки гӯё Замин кафидаву одам рӯйида. Чунон ки интизор мерафт, ин ду устоди забардасти ҳунар дарвоқеъ консерти шаҳрошӯб барпо карда, бо худ гӯё Тоҷикистонро оварданд. Чун ҳамеша Ҷӯрабек Муродов чанд суруди тоза хонд, ки якеаш ба забони ҳиндӣ. Он тарона ба сомеони хушзавқ чунон хуш омадаву писанд афтод, ки онҳо аз ғояти шавқ баробари овозхон, ба ибораи Хоҷа Ҳофиз, дастафшон ғазал хонданду покӯбон сар андохтанд. Ҷӯрабек Муродов эълом дошт, ки нав аз Ҳиндустон бозгаштаасту ин тарона армуғонест аз он сафар. Боз афзуд, ки дар танзими ин тарона ба ӯ Раҷ Капур ёрӣ дода. Рӯзи дигар ба зиёрати ҳамдиёрони шуҳратмандам рафтам ва онҳоро аз театри ба номи Мавлоно Муқимӣ пайдо кардам. Рӯзноманигорони радиои ӯзбекистон фурсатро ғанимат дониста, сурудҳои Ҷӯрабек Муродовро сабт менамуданд. Дидам, ки барои мулоқот бо овозхони маҳбуб чандин тоҷики сокини Тошканд ва навоҳии атроф омадаанд. Ҷӯрабек Муродов аз ташрифи мухлисонаш самимона шод шуд ва суҳбати гарм орост. Ман сари суҳбат аз сафари ӯ ба Ҳиндустони афсонавӣ ва ошноиаш бо коргардон ва ҳунарпешаи оламшумули синамо Раҷ Капур пурсон шудам. Ҷӯрабек Муродов бо камоли рағбат ва лутфи ба худаш хос қисса карду ман нақли ӯро аз рӯи одати рӯзноманигорӣ дар дафтарчаам сабт сохтам. -Ин сафари чаҳорумини ман ба сарзамини бостонӣ ва нотакрори ҳинд буд. Ҳар дафъа орзу мекардам, ки бо фарзанди барӯманди Ҳиндустон Раҷ Капур рӯ ба рӯ шавам ва бо ӯ ҳамсуҳбат гардам. Бисёр мехостам, ки аз рӯи расми худамон ба ӯ ҷомаю тоқӣ пӯшонам. Вале, мутаассифона, се дафъаи аввал ӯро пайдо карда натавонистам: ё дар кадом мулки дигар филм мегирифт ё ба кадом ҷаласаи байналмилалӣ рафта. Танҳо дафъаи чорум толеъ ба ман ёр шуду бо Раҷ Капур вохӯрдам. Аммо ноомади корро бинед, ки ин сафар ҷомаю тоқии бо ният гирифта мондаамро наоварда будам, дигар умеди дидор надоштам. Он гоҳ ҷомаи худро, ки мебоист онро дар бар карда, сурудҳои миллии тоҷикӣ мехондам, бо тоқию миёнбанд ба Раҷ Капур пӯшондам. ӯ ихлосмандии каминаро дарёфта, он ҳадяро хуш пазируфт ва миёни мо суҳбати самимӣ воқеъ шуд. Беҳад шод будам, ки дар ниҳояти кор ба мурод расидам. Раҷ Капур гуфт, ки ҳиндувону тоҷикон арзишҳои умумии фарҳангии зиёд доранд, ин анъанаҳои некро бояд тавсеа дод ва тақвият бахшид. Боз пурсид, ки оё ман ягон суруди ҳиндӣ медонам ё на. Ман, ки ба кадом мамлакат наравам, ҳатман як-ду суруди он сарзаминро аз бар мекунаму «репертуар»-амро ғанӣ месозам, аз рӯи ҳамин одат дар Ҳиндустон низ як таронаро ба хотир гирифтам. Он суруд дар васфи Сангам аст, ки чун Ганга ва Ҷамна аз ҷумлаи дарёҳои бузурги Ҳиндустон мебошад. Сангам, ки аз висоли ду дарёи мазкур тавлид мегардад, барои ҳиндувон рамзи якдилӣ, муҳаббат ва садоқат маҳсуб мешавад. Зимнан, як филми машҳури Раҷ Капур, ки қиссаи ишқи нокоми се дилдода аст, низ «Сангам» ном дорад. Хулласи калом, вақте ки ман таронаи «Сангам»-ро сурудам, Раҷ Капур даст ба китфам бурду ҳамовоз шуд ва ногаҳон чунин суханонро бар забон бурд: Тоҷикистон-Ҳиндустон-Сангам, Сангам, Душанбе-Деҳлӣ-Сангам, Сангам. Рӯзи дигар ӯ ба ман як тори зебои мунаққаш туҳфа кард ва мо якҷо акс гирифтем. Ман ба қиссаи марғуби Ҷӯрабек Муродов гӯш меандохтам ва фикр мекардам, ки раҳоварди овозхон фақат суруду тарона нест. Боз чизи дигарест, ки арзиши он, бешак, аз суруд кам нест. Дар ин бора устод Мирзо Турсунзодаи ҷаҳонгашта басо баҷо гуфта: Аз сафар овардаам савғои хуб, Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб. Дере нагузашта, дар шаҳри Тошканд кинофестивали ХII мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ баргузор гашт. Чун дигарон ман ҳам бо шавқ ин рӯйдоди муҳими фарҳангиро мунтазир будам ва медидам, ки чи гуна бисёриҳо мегуфтанд: «Раҷ Капур куҷост? Чаро ӯ наомадааст?». Воқеан, меҳри ин актёр ва коргардони шаҳир ҳанӯз бо филми нахустинаш «Оворагард» дар дили мардум ҷо гирифта ва худи ӯ дар радифи Маҳатма Ганди ва Ҷавоҳирлаъл Неру рамзи кишвари бузурги Ҳиндустон гардида буд. Ёдам ҳаст, ки боре ӯ ҳини як сафараш ба шаҳри Маскав аз тариқи телевизиони умумииттифоқ бо забони инглисӣ суханронӣ кард ва дар фарҷом бо табассуми латифи худ бо лаҳни пурғалати русӣ гуфт: «Ви любити миня, я люблу вас…». Воқеан ӯ моро дӯст медошту мо ӯро. Ҳамон баҳори соли 1988-ум хабари фавти Раҷ Капур омад. Яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Шӯравӣ дар сӯгвории ӯ нависта буд: «Ташаккур аз ту Ҳиндустон барои чунин фарзанд». Маро қиссаи Ҷӯрабек Муродов ёд омад ва дар хаёлам ин манзара ҷилвагар шуд: Раҷ Капур Ҷӯрабек Муродовро оғӯш кардаву онҳо бо як овоз месароянд: Тоҷикистон-Ҳиндустон-Сангам, Сангам, Душанбе-Деҳлӣ-Сангам, Сангам. Мансур Суруш
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.