Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД

ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД

16-12-2020, 13:00
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД
Даҳсолаҳост, ки мардуми ҳамсоякишвари Афғонистон зери ҷангу хунрезӣ қарор доранд. Шаҳрвандони ин кишвар то қадри тавон барои зиндагии орому осуда кишварҳои ҷаҳонро интихоб менамоянд, ки Тоҷикистон дар миёни ин давлатҳо ҳамчун кишвари паноҳанда, бештар аз тарафи мардуми афғон интихоб мешавад.
Се сол қабл шавҳари Фараҳноз бо сабабҳои номаълум худкушӣ кард ва мушкилии зиндагӣ бо се фарзанд бар души ин зани танҳо монд. Гарон будани пули иҷора, бесарпаноҳӣ, бекорӣ, таъмини фарзандон ӯро водор кард, ки кор ҷӯяд. Дар наздикии манзили иҷорааш дар корхонае, ки қоғази ташноб истеҳсол мекард, ба кор даромад ва ҳамарӯза 15 сомонӣ даромад дошт. Вале бемории короновирус ин корхонаи истеҳсолиро аз кор бозмонд ва Фараҳнозу фарзандонаш аз бурдаи нонашон маҳрум шуданд: “Соли 2008 ҳамроҳи волидонам ба Тоҷикистон кўч бастем ва дар маҳаллаи Истиқлол 1-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ паноҳҷӯ шудем. Дар он ҷо бузург шуда, оиладор шуда, се фарзандамро таваллуд кардам. Шавҳарам бисёр марди беозор, меҳрубону меҳнатдӯст буд”- нақл мекунад бо ашкҳои зиёд.
Фараҳнози Абдулҳай ҳамагӣ 26 сол дошта, бо се фарзанд, Фарзонаи 7- сола, Ҳабибуллоҳи 6- сола ва Райҳонаи 4- сола чанд рӯз қабл аз ноҳияи Рӯдакӣ ба маҳаллаи Бобоҷон Ғаффурови шаҳри Ҳисор кӯч баст.
Баъд аз чанд муддат ба фурӯши “пирожки” машғул гашт, ҳар саҳар “пирожки”-ҳои пухтаашро ба савдогарони бозори марказии шаҳри Ҳисор тақсим мекунад ва аз фоидаи ночизаш ба кӯдаконаш “памперс”-у нон мехарад: “Дар як рӯз тақрибан 10-15 сомонӣ меёбам, ки ба сефарзандам сарф мекунам. Омодаам фарш шӯям, табақу коса шӯям, ба хотири шиками сери фарзандонам ҳар коре бошад, анҷом медиҳам. Вале аз сабабе, ки сину солашон хурд аст, метарсам дар хона онҳоро танҳо монда, дар ягон ҷо аз саҳар то бегоҳ кор кунам”.
ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД
“Замоне ниёз ба кумак надоштаму ҳоло муҳтоҷи кумакам”
Солҳое, ки шавҳари Фараҳноз дар ҳаёт буд, зиндагии хубу ором ва шароити иқтисодиашон ҳам хуб буд. На ба кумаке ниёз дошту на аз созмоне кумак мегирифт. Вале нодорию бекорӣ ва аз сар рафтани сарпаноҳи оилааш ӯро ба дари созмону идораҳо бурд. Ӯ гуфт: “Ман ҳатто роҳи Созмони марбут ба паноҳандагонро надида будам, то замоне, ки шавҳарам зинда буд. Ҳар вақте ба гурезаҳо кумак меомаду занг мезаданд, даст мекашидам, ки ба ниёзмандон диҳед, зеро ман ниёз ба кумак надорам. Вале рӯзе шуд, ки кӯдаконам як нон наёфтанд, ки хӯранд. Ба ҳамаи созмонҳои марбута муроҷиат кардам, вале дастгирӣ надидам”.
ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД
“Ба оби ҷӯшомадаву намакоб аз коронавирус раҳо шудем”
Фараҳноз давраи бемории пандемияро сангин пушти сар кард. Аз нақли ӯ маълум гашт, ки худу писари ягонааш Ҳабибуллоҳ гирифтори бемории “зуком” ба коронавирус монанд шудаанд: ”Ҳолатам вазнин шуд, ҳатто мадори роҳ гаштан надоштам. Писарам ҳам бемор шуд, ҳарорати баданаш баланд буд, вале аз бепулӣ ба духтур муориҷат накардам. Дар хона бо доруҳои “паратсетамол”, оби ҷӯшомада ва намакоб худро аз беморӣ раҳо кардем”.
Вале ин зани ҷавон ҳамаи ин мушкилиҳоро ҳалшаванда медонад, ба ҷузъ мушкилии нарафтани духтараш ба мактаб. Ӯ дар суҳбат қайд кард, ки бекорӣ, бепулӣ, дастгири наёфтан аз тарафи созмонҳои марбут ба гурезагон, сабаб шуд, ки натавонист духтарашро дар мактаб монад: “Аз тангии ҳаёт духтарамро, ки имсол ба синфи як бояд мерафт, натавонистам ҳуҷҷатҳояшро ба мактаб супорам. Чӣ қадар кумак пурсидам, ҳатто ба намояндагии СММ дар Тоҷикистон муроҷиат кардам, вале касе ба додам нарасид. Аз он ҷо гуфтанд, ки чизе аз дастамон намеояд, дар ҳоле, ки фарзандонам шаҳодатномаи таваллуди тоҷикӣ доранд”.ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД
Фараҳнози Абдулҳай қайд кард, ки дар давраи карантин кумаки озуқавориро дастрас кардааст ва ҳамчунин як маротиба кумакпулӣ 1300 сомонӣ, ду маротибаи дигар 400 сомонӣ аз тарафи Тоҷикистон ва намояндагии СММ дар Тоҷикистонро низ гирифтааст, қисми зиёдашро барои қарзи иҷорааш, ки моҳҳо надода буд, пардохт кард ва ба ҳамин кучашро гирифту ба шаҳри Ҳисор рафт.
Оилаи Нодираро “қавмкушӣ” гуреза кард
Нодираи Муҳаммадисҳоқ солҳост, ки ҳамроҳи шавҳару ду фарзандаш ба Тоҷикистон омаданду паноҳҷӯ шуданд ва айни замон дар маҳаллаи “Домуллоҷонов”-и (Шарора) шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунанд. Онҳоро бештар ҷанги байни авлодӣ ба гурезагӣ водор кард.
Ҳамсуҳбати мо гуфт: “Соли 2012 бори аввал ба Тоҷикистон омадем ва соли 2014 баргаштем ба Афғонистон. Дар муноқишаи авлодӣ бародари чилсолаи шавҳарамро куштанд, пас омадем ба Тоҷикистон, чунки агар намеомадем шавҳари маро низ мекушанд”.ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД
Ӯ илова кард, ки “дар мардуми афғон анъанае ҳаст, ки вақте як духтарро ба ҷавоне фотиҳа кунанд, бояд ӯро ба зани гиранд, ҳарчанд агар табъи дили писар ҳам набошад. Аммо агар ба никоҳи худ надарорад, ҷанҷол бармехезад ва то қатлу куштор мерасад. Шавҳарам, ки маро дӯст дошта буд, бо ман издивоҷ кард ва ҷанҷоли хонаводагии мо оғоз шуд ва бародари шавҳарам қурбони ин ҷанҷол шуд”.
“Умеди зинда мондан надоштам”
Пандемияи короновирус ба зиндагии ин оила низ зарбаи сахт зад. Маҳз дар ин давра бозори маъруф ба “Ҷал-Ҷам”-ро кӯчониданду шавҳари Нодира бекор монд. Зану шавҳар бемор шуданд, фарзандонаш бенон монданд, вале ӯро ғами гурӯснагию бенони азият намедод, балки фикри иҷорапулӣ ғамгин карда буд. Нодира аз ин рӯзҳои начанд дуррафта ёд карда, мегӯяд, “аввал шавҳарам бемор шуд ва баъд ман. Вақте ба беморхона рафтем, табъам 40 дараҷа буд. Ҳамон вақт духтуронро бо либоси сафед дидам, ки ҳамаҷояшон пушида буд, хеле тарсидам ва ба хона баргаштем. Ҳарчанд шавҳарам доруву дармон мекард, вале умеди зиндамондан надоштам. Худоро зора мекардам, ки якбори дигар маро шифо деҳад. Фарзандонам як муддат аз ман дур буданд, зеро дар хона табобат гирифта, дар утоқи алоҳида худро “карантин” кардам”.
Миннатдории ин оила аз Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагии СММ дар Тоҷикистон
“Дар даврае, ки хеле ниёзманд будем, Ҳукумати Тоҷикистон ва СММ бароямон кумак карданд, ки хеле минатдорем. Тоҷикистонро ба ҳеҷ кишвари дунё иваз намекунам. Муддати нуҳ соле, ки дар ин кишвар ҳастам, аз касе ҳарфи баде нашунидаам. Ману шавҳарам хуш дорем, ки шарҳвандии Тоҷикистонро бигирем. Зеро тоҷикон бо мо ҳамзабонанд, ҳаммиллатанд, меҳрубонанд ва миллаташро дӯст дорам. Ҳеҷ гоҳ ба хаёламон наомааст, ки ба дигар кишвар кӯч бандем. Танҳо ману шавҳарам умед дорем, ки рӯзе шавад, шаҳрвандии ин кишварро бигирем, ҳади ақал дар як сол як маротиба тавонем ба аёдати модарам равам” гуфт бо гиря.
“Чашми модар ба роҳи ман чор аст” ПАНОҲАНДАИ АФҒОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ КУМАК МЕХОҲАД
Нодира дар Тоҷикистон мушкилии ҷиддие надорад, аммо дилаш ба ёди волидону фарзандони падараш гум мезанад. Ҳар вақте сухан дар бораи падару модар меравад, рӯймоли гирди гарданашро барои тоза кардани ашкони беистҷоришудаи чашмонаш мекушояд. Ӯ аввал аз зиндагии мушкили мардон дар Афғонистон сухан кард, ки бародараш дар қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон фаъолият мекунад ва захмҳои зиёд бардоштааст: “Додари 24-солаам, ки дар миёни 7 духтар ягона аст, 9 тиру 9 корд хурдааст ва ноновару парастори волидони пирам мебошад. Модарам дар ғами мо фарзандонаш бармаҳал пир шудааст. Модарам бисёр мехоҳад, як бор маро бубинад ва ман ҳам мехоҳам дар вақти ҳаёт буданаш ба дидорбиниаш равам. Шавҳарам фироқи маро дарк мекунад, вале илоҷи фиристодан надорад. Мегӯяд, мабодо фиристонаму аз он ҷо пас гашта натавонӣ, фарзандҳо танҳо мемонанд”.
“Дар пеши пои Президент меафтам” ё ягона хоҳиши Нодира аз раисҷумҳури Тоҷикистон
“Аз Худо ҳамеша илтиҷо мекунам, ки як бор маро бо Президенти Тоҷикистон рӯ ба рӯ кунад, дар пеши пояш меафтаму хоҳиш мекунам, ки як бор иҷозат диҳанд, ки ба дидорбинии падару модарам ба Афғонистон раваму онҳоро аз наздик бубинам. Агар хоҳанд як рӯз ҳам он ҷо намеистам, вале ба дидори онҳо дар зиндагиашон мушарраф мешудам. Хос аз барои волидонам инро мехоҳам, дигар чизе талаб надорам”- гуфту дубора амалишавии орзуяшро аз Худо талаб кард Нодира.
Вале орзуи ягонаи Фараҳнози Абдулҳай, қаҳрамони аввалии мо ин аст, ки духтарашро дар мактаб гузораду соҳибмаълумот гардонад: “Ҳаррӯз духтарам гиря мекунад, ки ҳама духтарҳо ба мактаб мераванд, чаро маро ба мактаб нагузоштед? Баҳона мекунам, ки ту лоғарӣ, қадатпаст ҳастӣ ба ин хотир туро ба мактаб қабул намекунанд. Каме қадат баланд шавад, ҳатман ба мактаб мегузорам”-гуфт Фараҳноз бо умеде, ки имсол аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастгирӣ намоянду ду фарзандашро ба мактаб гузорад.
Ду нафаре, ки барои амалишавии орзуҳояшон аз мақомоти кишвар умеди зиёд доранд
Фирӯзшоҳ Алишоев, мудири бахши муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор шумораи паноҳандагонро ба як оила рабт дод. Нобурда гуфт, ҳамагӣ як оила, ки зану шавҳар ва чор фарзанд ҳастанд, дар маҳаллаи Бобоҷон Ғаффуров расман ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз ду сол мешавад, зиндагӣ доранд: “Дар дигар ҷамоатҳо умуман паноҳҷӯ надорем. Барои истиқомат маҳалла ё шаҳраки махсус ба паноҳандагон ҷудо нашудааст ва онҳо мисли мо ҳуқуқ доранд дар дилхоҳ ҷои шаҳри Ҳисор зиндагӣ кунанд, агар ҳуҷҷатҳои заруриро дошта бошанд”.
Ба саволи он ки ин паноҳҷӯён боре аз мушкилии худ ба шумо муроҷиат карданд, Фирӯзшоҳ Алишоев гуфт, “ҳамин оила як маротиба барои нуқтаи савдо кушодан дар бозори марказии шаҳри Ҳисор ба мо муроҷиат карда буданд. Тарафҳои ҳуҷҷатгузориашро фаҳмонидем, ки агар хоҳед, тибқи қонунгузорӣ ба соҳибкорӣ машғул шавед ва андози давлатро супоред. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар нафаре, ки корти гурезагӣ дошта бошад, қонунгузорӣ афзалиятҳои зиёд додааст”, иброз дошт ӯ.
Бино ба иттилои Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони муҳоҷирони афғонҳо "Ориёно", дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 ҳазору 500 гурезаи афғон ба қайд гирифта шудааст. Пайвандии фарҳангӣ ва забонӣ миёни ду кишвар то андозае барои мутобиқ шудани онҳо мусоидат кардааст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2000-ум қабул гаштааст, паноҳҷӯён танҳо дар ноҳияҳои назди сарҳадӣ ва шаҳри Душанбе иҷозати истиқомат карданро надоранд.
Маҳина Давлатова,
хабарнигор


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: