Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

2-12-2020, 14:40
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 – ро – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буданд. Дар Паёми баъдӣ бошад, Пешвои миллат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Мусаллам аст, ки бахшидани ҳар соле ба соҳаҳои алоҳида барои рушду равнақи он соҳаҳо заминаи хубе фароҳам мекунад, ва имкониятҳои рушд зиёдтар мешаванд. Соли оила ва Соли ҷавонон метавонанд далели ин гуфтаҳо бошанд. Аммо, чигунае ба назар мерасад, бо гузашти се сол аз ин чаҳорсола ҳанӯз ҳам натиҷаҳо назаррас нестанд ва мутахассисони соҳа ҳам бар он назаранд, ки то ҳол дар ин самт ба таври бояд муваффақ нашудаанд. Чаро?
Бояд гуфт, ки фарҳанг дар ҳама давру замонҳо рисолати созандагии халқияту миллатҳо ва шукуфоии онҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои таърихӣ низ собит менамоянд, он давлатҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама арсаҳо бо талошҳои пайгирона комёб шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки ҳунарҳои мардумӣ дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавоноии ташаккули идеологияи миллӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати ҷомеаву мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки сабаби ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ кардани Ҳукумати кишвар дар он аст, ки дар садсолаи охир бисёре аз ҳунарҳои мардумии тоҷикон рӯ ба нестшавӣ оварда буданд ва агар пеши роҳи ин ҷараён гирифта намешуд, эҳтимоли аз байн рафтани бисёре аз ҳунарҳои мардумӣ ба миён меомад. барои мисол, дар тӯли таърих унсурҳои фарҳангие ба мисли коғазгарӣ, шишасозӣ, сӯзангарӣ, собунсозӣ, шонатарошӣ. ҳалвопазӣ бо таъсири омилҳои мухталиф аз байн рафтаанд ё тағйири шакл кардаанд. Аз ин рӯ, вақти он расида буд, ки бо эълон гардидани ин солҳо ба ҷаҳониён бо пешниҳоди ҷойҳои диданбобу ҳунарҳои волои мардумии хеш собит созем, ки Тоҷикистон кишвари таърихӣ ва дорои фарҳанги бою ғанист.
Аммо, аз мушоҳидаҳо ва маълумотҳои бадастомада метавон гуфт, ки ҳамчун ҳунарҳои мардумӣ унвон гирифтани се соли сипаригашта натавонист, ки бисёре аз ҳунарҳои ба боди фаромӯширафтаро барқарор созад. Перомуни ин масъала Абдуфаттоҳ Аминов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар суҳбат гуфт: “Касбу ҳунарҳои мардумӣ, дар баробари он ки яке аз бахшҳои фарҳанги анъанавии мардуманд, иқтисодиёти кишварро низ дар бар мегиранд. Зеро ҳунар ба эҷод кардан, сохтан ва офаридан марбут аст. Вақте як бонуи гулдӯз сӯзании зебое бо нақшу нигор медӯзад, бо ин амал як намунаи фарҳанг эҷод мегардад. Ва он метавонад дар бозор харидори худро пайдо кунад. Вақте соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, шодии мо мутахассисон ҳадду канор надошт ва дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додем. Аз ҷумла, муайян намудем, ки меъёри ҳунарҳо аз ҳисоби гендерӣ дар кадом сатҳ қарор дорад. Ҳамчунин, маркази меъроси фарҳанги тоҷикон дар дохили пажӯҳишгоҳ ташкил карда шуд ва ғайр аз ин, маълум карда шуд, ки кадом навъи ҳунарҳо дар ҳолати азбайнравист ва кадомашон аз нав эҳё гардиданд. Дар баробари ин, феҳристи ҳунармандони тамоми кишварро ҷамъоварӣ намудем. Ҳангоми тадқиқот маълум карда шуд, ки 80 дарсади ҳунармандони кишварро занон ташкил медиҳанд ва сабаб он аст, ки бештари занони мо аз бекорӣ дар хона ба навъҳои ҳунарҳои мардумӣ машғул мешаванд. Бобати ҳунарҳое, ки аз нав эҳё гардиданд, якеашон кулолгарист, ки ҳоло ҳам аз сабаби кам будани талаботи мардум ба ин навъи ҳунар хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Зеро ашёҳои воридотии монанд ба ашёҳои кулолӣ дар бозорҳои кишвари мо бо нархи дастрас кам нестанд. Ё духтани тоқиҳои «чустӣ»-ву дигар навъҳои он дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва ё дигар шаҳру навоҳии кишвар хеле маъмул аст, аммо маҳсулоти тайёрро ҳунармандон аз кишвари ҳамсоя харидорӣ карда, насб мекунанд, баъдан ба бозор мебароранд, ки ҳаммисли он тоқиҳо дар шакли тайёр ва арзонтар аз кишварҳои ҳамсоя ба мо ворид мешавад. Бояд гуфт, ки вақте қолаби тайёри тоқиҳоро ҳунармандон харидорӣ карда, тоқӣ омода мекунанд, ин аллакай давоми ҳунари мардуми дигар кишвар маҳсуб меёбад ва аз ин метавон хулоса кард, ки фаъолияти тоқидӯзӣ низ то андозае коста аст. Ҳунари дигаре, ки дар ҳолати нобудшавӣ қарор дорад, ин ҳунари осиёббонист. Имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар, ба истиснои ду ё се ноҳия осиёбҳои обӣ қариб ки фаъолият намекунанд ва ҷои онҳоро осиёбҳои барқӣ гирифтаанд, ки беҳтарин ордҳоро пешкаши омма мегардонанд. Ҳамчунин, арғамчинбофӣ, рағзабофӣ, чакмандӯзӣ низ ба ин гурӯҳи ҳунарҳо шомил мешаванд, ки кам ба назар мерасанд. Яъне, ҳунарҳоро эҳё мекунем, вале идомаи он аз талаботи ҷомеа вобастааст».
Воқеан ҳам, боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо бозори ҳунарҳои мардумии моро маҳсулотҳои воридотӣ ғасб намудаанд. Аммо, аз оне ки дар телевизиону ҷашнвораҳо намоиши ҳунарҳои мардумиро мебинем, дар ҳайрат мемонем, ки дар он қариб аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳунармандон бо ҳунарҳои дастии худ иштирок карда, маълум месозанд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар авҷи эҳёст. Ин шояд посух ва ё суолест зидди гуфтаҳои боло ва ё намоишкорие ба хотири нуфузи шаҳру ноҳияҳои кишвар?
- Вақте омор пешниҳод мегардад, дар умум дар он мо қариб то даҳ ҳазор ҳунарманд мебинем. Аммо, суолест, ки мо аз рӯи кадом критерия онҳоро ҳунарманд мегӯем? Табиист, ки вақте ба хонаи ҳар тоҷике ворид мегардӣ, мебинӣ, ки модар ҳунарманд асту духтараш дар паҳлуяш нишаста медӯзад, аммо ӯро ҳам ба рӯйхати ҳунармандон ворид кардаанд. Ҳоло он ки ӯ 16 сол дораду маълум нест оянда он касбро идома медиҳад ё на. Зеро аксари ҷавонон баъд аз 18-солагӣ ё аз ин боло бо тақозои замона ҳунар ва ё касбашонро тағйир медиҳанд, ки мо наметавонем онҳоро ҳамчун ҳунарманд муаррифӣ намоем. Ё ин ки, вақте аз шаҳру ноҳияҳо номгӯи ҳунармандон талаб карда мешавад, оморе мефиристанд ҳангуфт. Вале, вақте ба суроғаи ҳунармандон сафар мекунем ё аз он рӯйхатҳо ба ҳунармандон занг мезанем, мегӯянд: «Мо ҳунарманд нестем, шумо иштибоҳ кардед!» ё баъзе аз ҳунармандоне, ки дар рӯихати пешниҳодгардидаи манотиқи кишвар омадаанд, кайҳо аз дунё гузаштаанд ва ё ин гуна ҳунарманд вуҷуд надорад. Яъне маълумоти бардурӯғро ба хотири нуфузи минтақаашон пешниҳод менамоянд, ки ин бар зарари ҳунармандист. Ҳамчунин, ҳангоми иштирок дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳо аз ҳунарманде, ки дар назди маҳсули омодакардааш истодааст, мепурсем, ягон маълумоте оиди он маводи омодакарда ва ҳунараш надорад. Аз ин, муайян мегардад, ки ӯ умуман ҳунарманд несту намоиш воқеан ҳам, намоишкорие беш нест,-гуфт А.Абдуфаттоҳ.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ, ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуда буд. Вале, ин иқдом то куҷо ба ҳунармандон сабукӣ овард, ҳамсуҳбати мо – А.Абдуфаттоҳ гуфт: «Агар ҳунарманд дар хонааш фаъолият кунад, ӯ аз супурдани ҳақи андози иловагӣ озод аст. Вале, тасаввур кунед, ки ҳунарманд дар як деҳае аст, ки маҳсулоти омодакардаи ӯ ба дасти касе намерасад. Агар ӯ барои ба фурӯш рафтани молаш як дукончаи хурде дар бозор дошта бошад, аллакай ҳақи андоз, иҷора ва дигар иловапулиҳои соҳаи савдоро месупорад».
Яке аз ҳунармандоне (кордсоз, аз шоху устухонҳои ҳайвоноти гуногун), ки аз гирифтани ному насабаш худдорӣ намуд ва дар бозори “Саховат”-и пойтахт ба фурӯши маҳсулоти ҳунари мардумӣ-кордсозӣ машғул аст, дар бобати андоз гуфт: “Ҳунармандоне, ки дукон доранду ба фурӯши чунин маҳсулот машғуланд, бояд аз андоз озод бошанд. На фақат онҳое ки дар хона ба ҳунарҳои дастӣ машғуланд. Шахсан ман, барои насупурдани ҳақи андоз зиёд талош кардам, ниҳоят дастболо шудам, аммо қариб 90 дарсади дуконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ андоз месупоранд”.
Барои посухи дақиқ гирифтан ба ин назар, рӯ овардем ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи иттилоот ва баррасии муроҷиати электронии шаҳрвандон дар кумита чунин ибрози назар намуд: “Бояд ёдовар шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2018, №60 номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар хона аз пардохти андозҳо озод гардида буд.
Натиҷаи татбиқи амалии муқаррароти мазкур нишон дод, ки дар баробари имтиёзҳои додашуда, дар самти фаъолияти соҳибкорон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бо сабаби нагузаштани расмиёти бақайдгирии давлатӣ ва надоштани ҳуҷҷати расмӣ оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, барои гирифтани қарз аз ташкилоти қарзӣ монеаҳо ба миён омадааст.
Бинобар ин, тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, минбаъд, он шаҳрвандоне, ки мутобиқ ба номгӯи намудҳои фаъолияти дар замимаи 4 қайдшуда хоҳиши анҷом додани фаъолияти соҳибкориро дар ин самт доранд, ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар мақомоти андоз ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар ин хусус, ба онҳо аз рӯи намуди фаъолияти интихобнамудаашон бе пардохти маблағи андоз варақаи патент дода мешавад.
Ҳамзамон, тибқи тағйироти воридшуда, ҷиҳати баҳисобгирӣ ва ба роҳ мондани ҳисоботи оморӣ соҳибкороне, ки фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши ҳунарҳои мардумиро амалӣ менамоянд, минбаъд, уҳдадоранд, аз рӯи ҷамъбасти сол ба мақомоти омори маҳалли фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Дар баробари ин, тибқи банди 2 эзоҳ, ки бо замимаи 4 қарори мазкур тасдиқ гардидааст, фурӯш (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла хизматрасониҳои таъмиру омӯзишӣ вобаста ба намудҳои фаъолияте, ки дар номгӯи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба шарте аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод карда мешаванд, ки дар хона ё ҷойҳои махсуси аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷудокардашуда амалӣ карда шаванд.
Дар сурати берун аз хона ва ё ҷойҳои махсус анҷом додани фаъолиятҳои мазкур, истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти мазкур набудани шахси онро амаликунанда, бо мақсади канораҷӯӣ аз андозбандӣ дар дигар нуқта бо роҳи иҷораи манзил ба роҳ мондани чунин фаъолият, фурӯши маҳсулотҳои мазкур таҳти андозбандӣ қарор дода мешаванд”.
Маълум мегардад, ки аксари ҳунармандон ва ҳатто мутахассисони ин соҳа аз ин қарор ва ё тағйиру иловаҳои он хабар надорад. Бинобар ин, кумитаҳои андози шаҳру навоҳии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати ба андозсупорандагон расонидани моҳияти тағйиру иловаҳои ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451 воридшуда корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинар-машварат ва вохӯриҳо гузаронида, ҳамзамон, номгӯи фаъолиятҳои аз андозбандӣ озодро дар лавҳаҳои нозироти андоз, бозорҳо ва марказҳои савдову хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.
Дар ҳамин ҳол, мақомотҳои маҳаллиро ҳам лозим аст, ки ҷиҳати рушд бахшидани соҳа сатҳӣ ва куркурона рафтор нанамоянд. Чигунае, ки аз суҳбат бо масъулини ин бахш бармеояд, ҳама мақомотҳои ҳисоботдиҳанда нисбати ин иқдоми сатҳӣ ва беэътиноёна рафтор менамоянд. Агар ҳол чунин аст, пас, умед бастан ба он, ки аз қарори мазкур ба рушди соҳаи ҳунармандӣ суде мерасад, хаёли хом аст!
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: