РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ29-01-2019, 09:34
Хабарро хонданд: 538 нафар
Назарҳо: 0
Масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии ҳукумати кишвар ва МИҲД-и шаҳри Душанбе қарор дошта, истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар хона ва фуруши онҳо аз 1 январи соли 2018 аз андозҳо озод гардиданд, ки тадбир ниҳоят муҳим буда, имконият медиҳад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гарданд. Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба ҳам пайвастагӣ доранд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ асосан ба меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ нигаронида шудааст. Бинобар ин, бо роҳандозӣ намудани имтиёзи мазкур арзиши аслии маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ паст карда шуда, қобилияти рақобатпазирии он устувор мегардад. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ҳарчи бештар ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шуда, ҳунармандон даромаднокии худро беҳтару хубтар намоянд. “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид ба феҳристи мероси ғайримодии фаҳангӣ ворид гардидани “Чакан”-ро эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуну фарҳанги бойи халқи тоҷик мешуморад. Чакан ҳамчун либоси миллӣ тоҷикӣ мақбули сайёҳони хориҷӣ буда, дар намоишгоҳҳо ва Форумҳои дохилию байналмилалӣ, дар қатори дигар захираҳои сайёҳӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ ба маърази тамошои дӯстдорони саёҳати Тоҷикистон муаррифӣ карда шудааст. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба намудани ҳунармандон бо ҳунармандони дигар давлатҳо, баланд бардоштани таҷрибаи ҳунармандон оид ба тарзи дуруст пешниҳод намудани маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳо мебошад. Яке аз масъалаҳои муҳими рушди ҳунармандӣ ва дастгирии он, фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа ба шумор меравад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар кишвар, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” таҳия карда шуд. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, таммадун ва мероси миллӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот, маҳсулот, молҳо, корҳо, хизматрасониҳои самти ҳунармандӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ, ҳамчун соҳаи мустақил ва фарогирандаи ҷанбаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди шабакаҳои истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва некуаҳволии мардум, тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, инчунин маснуот, маҳсулот ва хизматрасонии самти мазкур мебошад. Бояд зикр намуд, ки миллати тоҷик аз қадимулайём ба ҳунармандӣ машғул буда, ҳунармандон ҳамеша соҳибэҳтиром буданд. Намунаи ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ба мисоли кулолгарию оҳангарӣ, бофандагию ресандагӣ, чакандӯзию косибӣ ва ғайра зимни ковишҳои бостоншиносӣ пайдо гардидаанд, ки таърихи хеле куҳан доранд. Санъати ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳани миллии тоҷикон мебошад. Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дастӣ муаммоҳои гуногун вуҷуд доранд, ки ҳато бархе аз онҳо муутаасифона қариб аз байн рафтаистодааст. Ҳадаф аз эълон намудани соли 2018 ҳамчун соли рушди саҳёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ низ баҳри ҳарчи бештар хуб намудани соҳаи сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Дар доираи татбиқи иқдоми Сарвари давлат, оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияиҳои мамлакат, бахусус пойтахт ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар ин мактабҳо аз рӯи усули анъанавии миллӣ шогирдон тария мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати коҳиш додани шумораи бекорон, давоми соли 2018 тадбирҳои зарури андешидаи шуда, дар давоми ин сол дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт, коргоҳҳои дузандагиву пазандагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замин аз ҷонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша-чорабиниҳо тарҳрези намуда, дар самти фарогирии занону бонувони бешуғл ба касбомӯзӣ, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе коргоҳҳои нави дӯзандагию пазандагӣ, бофандагӣ, қаннодӣ ва дуредгарӣ ба истифода дода шуд, ки садҳо нафар занону духтарони пойтахтро ба касбомӯзӣ фаро гирифтааст. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои занону духтарони ҳунарманд соли фатҳу кушоишҳо буд, зеро дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳунарҳои мардумиро беш аз пеш рушд доданд. Дигар ин ки ба истифода додани чунин коргоҳҳо баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи хуб фароҳам меоварад. Дар коргоҳҳои навтаъсис довтолабон аз 1 то се моҳ курсҳои кутоҳмудати дӯзандагӣ ва қаннодиро гузошта, соҳиби сертификати тахассусӣ мегарданд. Баъд аз хатими курсҳои кӯтоҳмудат онҳо метавонанд мустақилона занону бонувони хоҳишмандро дар хона ва ё ҷойҳо муайяншуда ба кор ҷал намуда, ҳунарҳои мардумиро ба онҳо омузонанд. Ин омил боиси коҳиш одани сатҳи бекории бонувон дар ҷомеа гардида, аз сӯи дигар бозори дохилиро бо истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ғани мегардоананд. Дар назар аст, ки дар оянда, шумораи коргоҳу Марказҳои омӯзиши афзоиш ёфта сафи коргарон аз ҳисоби занону духтарон ба маротиб зиёд шуда, ба касбомӯзию шуғли доимӣ ҷалб гарданд. Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт ба коргоҳҳои навтаъсиси омӯзиши даҳҳо адад дастгоҳи муосири дузандагӣ дастрас гардида, барои касбомӯзон шароити муосид фароҳам оварда шудааст. Масъулини соҳа мегуянд, агар муассисаҳои соҳаи маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва амсоли инҳо ҳамкориро бо марказҳои навтаъсис ба роҳ монананду барои дӯхтани сарулибос ва дигар ҷиҳози зарурӣ аз коргоҳҳои хурди навбунёд фармоиш диҳанд, дар ин сурат рушд ёфтани чунин коргоҳҳо дар пойтахт аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин дар ин давра дар шаҳри Душанбе чандин коргоҳҳои атласу адрасбофи бо шароити зарури ба истифода дода шудааст, ки минбаъд занони эҳтиёҷманд метавонанд ба ин марказҳо барои омӯхтани касб ва кор ҷалб гарданд. Айни замон дар ин коргоҳи навтаъсис шумораи зиёди духтарон ва занони хонашин ба кор ҷалб гардиданд. Баъди ба истифода додани коргоҳи мазкур, шумораи зиёди занону духтарони бекор сарҷамъи омӯзиши атласбофи шудаанд. Бо таъмин гардидани шароити зарури дар коргоҳи мазкур, имкон ҳаст, ки фармоишҳои қабул гардидаро дар як мудати кутоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Вобаста ба имкониятҳои мавҷуда, сокинони навоҳии шаҳри Душанбе, дар хонаҳои худ Марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумиро таъсис намудаанд. Бонувоне, ки чунин марказхоро таъсис доданд, дар бахши хунармандӣ собиқаи чандинсола дошта, занону ҷавондухтаронро ба омӯзиши навъҳои гуногуни ҳунармандӣ ҷалб намудаанд. Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи анъанаҳои миллиро бедор менамояд. Зеро ҳунармандӣ аз қадим пешаи асосӣ ва маъмулии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик буд. Дар заминаи рушди ин соҳа давоми солҳои охир садҳо ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сокинон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Эҳёи ҳунарҳои миллӣ, барои ғанӣ гардонидани иқтисодиёти хонаводагии сокинони низ мусоидат менамояд. Чунки сокинон дар хонаҳои худ истеҳсоли ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монда, бо фурӯши он манфиати иқтисодӣ ба даст меоранд. Барои рушди эҳёи ҳунармандумӣ дар марказҳои навтаъсиси истеҳсоливу таълимии шаҳри Душанбе шароити зарури фароҳам овардашудааст. Пас месазад, ки бонувон бо офаридани маҳсулоти дастӣ анаъанаҳои миллии гузаштагонро беш аз пеш рушд диҳанд. Албатта, ҳар як халқу миллат бо таъриху тамадун, расму оин ва сару либоси милллии худ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мешаванд. Халқи тоҷик дорои маданияту фарҳанг, таърихи бою рангин ва сару либоси миллии худ буда, то ба имрӯз ин анъана идома ёфта истодааст. Хусусан бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мухтарам Э. Раҳмон доир ба эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Марказҳои нави таълимӣ – истеҳсолие, ки ба фаъолият оғоз намуданд, ҳар яки онҳо ба омода намудани, гулдузӣ, кашидадузӣ, қароқдузӣ, сӯзанидузӣ, мӯҳрабофӣ, қолинбофи, адрасбофӣ ва дигар намуди либосҳои ороишӣ машғул мебошанд. Марказҳои омӯзишӣ дар доираи нишододҳои барномаи Паёми солонаи Ппешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид буд, таъсис ёфтаанд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, беҳтаргардонии вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзиву шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди ҳунарҳои дастӣ аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдузӣ, мӯҳрабофӣ, қолинбофӣ диққати махсус дода шуда, дар ин замина солҳои охир садҳо ҷойи нави корӣ ташкил гардида, сокинон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», барои тақвияти ин соҳа заминаи воқеиро фароҳам намуд. Бояд гуфт, ки ҳар як халқу миллат бо таъриху тамадун, расму оин ва сару либоси миллли худ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мешаванд. Дар баробари тамоми миллатҳо халқи тоҷик низ дорои маданияту фарҳанг, таърихи бою рангин ва сару либоси миллии худ мебошад, ки то ба имрӯз ин анъана идома ёфта истодаанд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши калидӣ дошта, дар инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ ва такмили маҳорат дар анаъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи 2017 ба МО кишвар гуфта шуда буд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шаванд. Пас мебояд, аз ин имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуд, то зиндаги шоистаеро фароҳам овард. Инчунин бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” барои рушду нумуи фарҳанг, тамаддун ва эҷодиёти пурғановати мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият дар ин самт ҳамчун омили рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад. Бо ин нобати ин масъала, дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 – декабри соли 2018 баён намуданд, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардаанд. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати сайёҳии мамлакат марҳила ба марҳила ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодиёти давлат мубаддал гашта, пеш аз ҳама ба масъалаҳои иҷтимоӣ, афзоиши маҷмуиаҳсулоти дохилӣ ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти миллӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.