Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 378 нафар маҳкумшударо авф намуданд

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 378 нафар маҳкумшударо авф намуданд

2-11-2020, 10:46
Хабарро хонданд: 541 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 378 нафар маҳкумшударо авф намуданд
Дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 378 нафар маҳкумшударо бахшиданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуданд» дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 30 октябр маросими савгандёдкунӣ Президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон савганди садоқат ва эҳтиром ёд карданд.

Рӯзи 11 октябр 2020 дар интихобот 90,92% интихобкунандагон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 фармони авфро имзо карда, 20 ҳазор зиндониро бахшида буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: