Зиндагӣ омадан дорад ва ҳам рафтан. Гоҳе хушхабарҳоро аз таваллуди тифли навзод дар ин ё он хонадон шунида хурсанд мешавем ва беихтиёр каф ба дуо мебардорем, ки чун шахси нек ба камоли пирӣ расад. Ва чун вақте фаро мерасаду инсон як рӯз ин дунёро тарк мегӯяд, ҳамагон ба зиндагиномаи ӯ дида медӯзем, ки давоми умри хеш чи амал дошт ва чи корҳои хуберо ба субут расонидааст.
Ҳамсафи мо Наҳтулло Эмомович Назаров аз ҷумлаи он нафароне буд, ки тавонист дар умри кӯтоҳ аз худ номи нек боқӣ гузорад ва симояшро дар лавҳи хотири ҳамдиёрон бо муҳаббат нақш бандад.
Бо гузашти чор рӯз аз реҳлати инсони варзида, дӯсти қадрдон, олими варзида, устоди меҳрубони шогирдон ва сиёсатмадори муваффақ бо навиштани ин сатрҳо аз ӯ ёд мекунем.
Шодравон бо аҳли қалами ҳафтаномаи «Минбари халқ» робитаи зич дошт. Солҳое, ки дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино кор мекард, зуд-зуд ба идораи нашрия меомад, аз фаъолияти хуби комиҷроия ва зердастонаш хабарҳои хуш мерасонд ва аз хабарнигорони ҳафтанома даъват мекард, ки дар чорабиниҳои банақшагирифтаашон иштирок кунанд.
Боре иттифоқ афтоду он кас пас аз сафари кориаш, ки ба Федератсияи Россия дошт, ба идораи рӯзнома омада, бо шавқ аз вохӯриҳояш бо ҳамдиёронамон, ки дар ин кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, қисса мекард. Мегуфт, ки муҳоҷирон Оиннома ва Барномаи ҲХДТ-ро бо хушнудӣ қабул кардаанд. Дар шаҳрҳои ин мамлакат ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода, чандин нафар муҳоҷиронро ба узви ҲҲДТ қабул кардаанд.
Имрӯз аз даргузашти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабарҳоеро мехонем, ки бо сӯзу гудоз навишта шудаанд. Чунончи, Ҷамшед Саидзода, собиқ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, феълан раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст: «Дар давоми умри хеш шодравон Наҳтулло Эмомович Назаров ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ, илмӣ, эҷодӣ ва сиёсӣ ноил гардида, дар қалби ҳазорон нафар дӯстон ва шогирдони хеш ба таври абадӣ нақш бастааст. Ман ифтихор менамудам, ки бо шодравон Назаров Н. Э. аз наздик шинос будаму солҳои тӯлонӣ якҷоя фаъолияти сиёсию илмӣ мебурдем. Дар сафарҳои кории худ ба Федератсияи Россия, ки бо мақсади баргузории вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришхои Пешвои муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ менамудем, бо ӯ корҳои зиёдеро анҷом дода будем. Ҳамзамон, ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонони пойтахт, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти густурдаю назаррас доштанд. Дар ин миён солҳои 2000-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буданд. Ҳамеша бо ҷавонон буданду дар талоши расонидани кумак ба онҳо кушиш мекарданд».
Шодравон Назаров Н.Э. дар байни устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шохтемур низ обрӯю эътибори хоса дошт. ӯ доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор ва аъзои Шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳи мазкур ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд. Ба он шахсиятҳое, ки ба кори илмӣ машғул мешуданд, новобаста аз соҳаи илмашон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, дастгириашон мекард. Дар асл ташаббускор ва як роҳбари дилсӯзу мушфиқ буд. Пайваста дар ҳалли ин ё он масъала диду назар ва андешаи шахсии худро дошту онро баён мекард.
Ҳамин тавр, Наҳтулло Эмомович Назаров бо амалҳои хубаш дар хотираи ҳамсафон, дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон бо некӣ ёд мешавад.
Алӣ ҶӮРА