Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ҒАМХОРИ ЯТИМОН

ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ҒАМХОРИ ЯТИМОН

13-10-2020, 16:32
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
 ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ҒАМХОРИ ЯТИМОН
12 сентябри соли 2020 дар шањри Панҷакент ҳангоми сафари хизматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ширкат дар ҷашни 5500-солагии Саразм ва ифтитоҳ намудани як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ҳодисае рух дод, ки ҷомеаро ба ваҷд овард. Духтари наврасе бо арзи дардноки худ ба назди Президенти кишвар бо умед давид. Фикр мекунем, ки ӯ бо дили пур аз ҳалли мусбии мушкилии худ медавид. Шояд Хосият аниқ медонист, ки Пешвои муаззами миллат ҳатман дарди ӯро гӯш мекунанд. Ва ӯ дар ин боварии худ хато накард. Ин марди наҷиб, қаҳрамон ва ифтихори миллати тоҷик бо муносибати нек нисбати ин наврас бори дигар исбот карданд, ки ғамхори халқи худ мебошанд. Дар расонаҳо ин ҳодиса тез паҳн шуда, мавриди муҳокимаи мардум гардид. Дар расонаҳои иҷтимоӣ фикрҳои мухталиф баён шуд. Ин ҳам аломати он аст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ аст, зеро ҳар як шахс метавонад фикри худро баён созад.
Ногуфта намонад, ки 12 сентябр мардуми ш. Панҷакент шоҳиди он гаштанд, ки Президенти кишвар новобаста аз ҷой, шароит ва зарурияти таъмини бехатарӣ ҳама вақт бо халқи худ буда, тайёр ҳастанд, ки муроҷиати дилхоҳ шахсро гӯш намоянд.
Мо, боварии комил доштем, ки акнун мушкилии ин наврас ҳатман ҳалли худро меёбад, зеро мавриди омӯзишу баррасии Президенти мамлакат қарор ёфт. Чӣ тавре, ки маълум гашт, тибқи дастури Пешвои миллат роҳбарону масъулини шаҳри Панҷакент арзи ӯро мусбат ҳаллу фасл карда истода, дар ин самт, аллакай, чораҳо андешидаанд.
Боиси ифтихор аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон гуфтаҳои худ, мақсадҳои дар назди худ гузоштаашонро содиқона ва собитқадамона амалӣ карда истодааст.
Дар қатори хусусиятҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҳоро қайд кардан зарур аст :
- фароҳам овардани фазои мӯътадил дар ҷомеа барои рушди ояндаи он;
- ҷонибдории арзишҳои демократӣ бо назардошти фарҳанг ва психологияи миллӣ;
- давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;
- ҳимояи қишрҳои камбизоати ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи он;
- танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он аз ҷониби давлат.

Ифтихор аз он мекунем, ки бо ин шахси наҷиб, сиёсатмадори шуҷоъ, хирадманд, донишманд, Қаҳрамони Тољикистон, наҷотбахши миллат дар як давру замон ҳаёт ба сар мебарем!

Умеда Боқиева,
номзади илмҳои иқтисодӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: