Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11-10-2020, 09:16
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд.

Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварданд.

Тавре аён гардид, мардум дар ин участкаи интихоботӣ низ чун ҳамаи участкаҳои дигар дар тамоми қаламрави кишвар хеле фаъоланд.

Иштирок ва овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.

Овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеи намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ инъикос карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: